Дар ҷустуҷӯи мучал

№158 (4420) 31.12.2021

improved_photo (3)- Мардак! – садои омиронаи занам аз ошхона баланд шуду банди дилам ба ларза даромад.

- Лаббай!

- Ин ҷо, биё!

Тозон ба наздаш рафтам:

- Чӣ мегӯӣ, ҷонакам!

- Бало мегӯям! – дастонашро ба миён гузоштаву қавоқ андохта, мисли паланги бачапартофта ба сарам ғурид.

- Асабӣ нашав, касал мешавӣ, агар ягон камбудӣ бошад, ислоҳ мекунем, — бо овози ларзон ба хушомадгӯӣ даромадам.

- Аз дасти ту ягон кор намеояд, соли навро чӣ хел ҷашн мегирем? – дари яхдони холиро боз кард ӯ. — На гӯшт, на тухм, на равған…

Занам маҳсулоти хӯрокиро ном мегирифту ҳар кадоми онҳо: гӯшт, равған, тухм, пиёз, сабзӣ… мисли занбӯрҳои ало ба сари ман ҳуҷум карда нешам мезаданд. Аз зарби неши онҳо чашму абрӯвонам мепариду лабу лунҷам овезон гашта, манаҳам меларзид.

- Бо ин ҳол чӣ гуна соли навро истиқбол мегирем! — хулоса кард занам.

- Ислоҳ мекунем, — забонам базӯр ба ҳаракат даромад.

- Кай ислоҳ мекунӣ?! – фиғон кашид ҳамсарам.

- Ҳамин рӯз, аз ягон рафиқам қарз мегирам.

- Умрам бо ту хазон шуд, гул барин духтар будам, сад харидор доштам, вале ба ту расидаму сӯхтам!

- Рост мегӯӣ, занакҷон!

- Ман кай дурӯғ гуфта будам, ки акнун гӯям, — занам хеле алам кард, ашк ҳам рехт. Оби дидагонашро пок мекардаму гиря гулӯгирам мекард. Ба ҳоли занам дилам месӯхт.

Ногоҳ рост ба чашмонам нигоҳ карда пурсид:

- Мардак, солат чӣ буд?

- Гов!

- Ана, бадбахтиҳои мо аз куҷо сарчашма мегирифтааст, — мутафаккирона гуфт ӯ, — ба ҳамааш ҳамин гов гунаҳкор, агар ту гов нею ягон ҳайвони дигар мешудӣ, зиндагиамон хуб мешуд. Масалан, шӯи ҳамсояамон — Маҳтоб муш аст. Зиндагиашон серу пур, ягон камбудӣ надоранд. Ҳар рӯз пушти мошинашро пур карда, ба хонааш меояд. Ту бошӣ ба умеди гов шуда мошин ҳам надорӣ.

- Ҳақ асту рост, занакҷон, ҳамааш айби гов аст. Ман худам намедонам, ки чӣ тавр дар соли гов таваллуд шудаам.

- Ана, барои ҳамин, мардак, говро иваз мекунем. Яъне, ба соли нав ту бо гов нею бо ягон ҳайвони дигар қадам мегузорӣ.

- Ман розӣ, кадом ҳайвонеро, ки интихоб кунӣ қабул мекунам.

Занам қаноатмандона ба ман нигаристу чашмонашро нимроғ карда, ба фикр фурӯ рафт. Барои он ки зеҳни ӯ тезтар ба ҳаракат дарояд, пешниҳод кардам:

- Мехоҳам муш бошам!

- Намешавад!

- Чаро?

- Маҳтоб хафа мешавад.

- Ин тавр бошад, харгӯш беҳтар, ҷондори зебо, беозор.

- Ба ту гов сахт таъсир кардааст, мардак! Харгӯш тарсу аст, ман намехоҳам чунин бошӣ.

- Наҳанг чӣ?

- Намешавад! Мо шиками худамонро сер карда наметавонему наҳангро чӣ хел мехуронем.

- Мор!

- Худо нигаҳ дорад, мор зиёнрасон аст, аждаҳо мешавад. Биё, тинҷ гардему на худро ба ташвиш гузорему на дигаронро.

- Аспро интихоб кунем-чӣ?

- Асп. Човандоз. Бузкашӣ. Ароба. Не, намешавад, ту аз уҳдаи ин корҳо намебароӣ.

- Хайр, ягон ҳайвони ба худат маъқулро интихоб кун.

- Интихоб кардан, осон нест, тақдири ояндаи ману ту ба он вобаста аст. Барои ҳамин дуруст фикр кардан лозим.

Занам баъди каме андеша якбора ба ман нигарист. Гумон кардам, ки чизеро ёфт. Ҳар ду гӯшамро барои шунидан омода кардам. Аммо даст афшонда гуфт:

- Боз нашуд!

- Чӣ нашуд?

- Гӯсфанд!

- Бад не-ку, занакҷон, моли ҳалол.

- Гов ҳам ҳалол, аммо дидӣ, ки туро ба кадом рӯз оварда расонд. Ақаллан барзагов нашудӣ, ки вақти хирманкӯбӣ якҷоя суруди «Ман доғам» — ро мехондем.

Сарам хам шуд, қасд кардам, ки дигар онро баҳудаву беҳуда боло намекунам, вале забонам хоридагӣ барин якбора овоз баровард:

- Мурғ!

- Шарм дор, мардак! Як мурғи марҷон буд, ки ман гирифтам, калхоту каргас ба ту намезебад.

Номусам  омаду кундаи синаамро дамонда гуфтам:

- Ман палангам!

Занам инро шунида аз ҳайрат чашмонаш калон — калон кушода шуду баъд об гирифта ғӯра-ғӯра ба рухсорааш рехтан гирифт. Ин ҳолати ӯро дида диламро ваҳм зер кард.

- Ман як умр мехостам, ки ту паланг бошӣ, вале ақаллан ба гурба монанд нашудӣ. Боз ман палангам гуфта, ифтихор мекунӣ. Ин гап­ро ягон бегона нашунавад, ки аз ханда ягон рӯдааш меканаду ба бало мемонем.

Кундаи забонам гирифт. Ба дилам аҳд кардам, ки дигар ягон ҳайвонро ташвиш намедиҳам.

- Маймун, — пичиррос зад, занам, — боғи ҳайвонот, банан, — боз илова кард ӯ.

- Намешавад! – аз ҷоям хеста дод задам ба сари занам, — ёфтӣ маймунатро! Ман! Ман…

- Мардак! Мардакҷон, ба шумо чӣ шуд?! Хезед, соат дувоздаҳ шуд, соли нав медарояд, — садои меҳрубононаи занам ба гӯшам даромад.

Чашмонамро кушодам, занам бо табассум ба ман менигарист.

ВОРИС,

«Садои мардум»