Мард ва зан якҷо оиларо бунёд менамоянд. Аз ин хотир, ҳамсарони боандешаю вафодор саъй мекунанд, то умре паҳлу ба паҳлу ҳамрозу ҳамнафаси якдигар бошанд.
Турсуной Мамадқулова аз қабили ҳамин гуна занҳои оқилаву фармонбардор, мушфиқу меҳрубон ва меҳнатист, ки ба ҳамсари хеш Яздонқул Мамадқулов умре такягоҳ буда, хиёнат ба номаш, ба нонаш, ба дороӣ ва аҳлу байташ накардааст.
Ҳанӯз ҳаждаҳро пур накарда, дар комбинати полиграфӣ дар вазифаи муқовасоз фаъолият дошт, ки бахт ба суроғаш омад.
То тавлиди нахустфарзандаш — Шоира дар комбинати полиграфӣ фаъолият намуд ва пас аз рухсатӣ барои таваллуди кӯдак, яъне фарзанди дуюм, бо маслиҳати хусуру хушдоманаш соли 1971 ба комбинати ҷӯроббарорӣ ба кор омад.
Бо дугонаҳои русу тоҷик, немису молдован, қазоқу туркман паҳлу ба паҳлу истода, дар се баст кор кард. Зимни гузашти солҳо пайи ҳам Мунира, Нозира, Бахтиёр ва Нигора чашм ба олами ҳастӣ кушода, барои зану шавҳари ҷавон душвориҳоро пеш меоварданд, вале масъулият дар ҳаёт, дар кор ва дар тарбияи фарзандон ҳамонгуна боқӣ монд.
Пасандози ҷамъовардаашонро ба хариди ҳавличае масраф карданд.
Имрӯз Турсуной нафақхур асту бо ҳамсаре, ки тӯли 45 сол дар як болин сар мондаву ҳамаи талхиву ширинӣ, ғаму шодии зиндагиро якҷо чашидаанд, давлати пирӣ меронанд. Аз бахти баланди фарзандон, наберагон ва аберагон лаззат мебаранд. Ҳама эҳтиромаш мекунанд. Тӯю маъракаи мардуми маҳалла бе иштироки ӯ намегузарад. Бо дуои неки ӯ наварӯсонро пешвоз мегиранд ва аз хонаи падар ба хонаи шавҳар гусел мекунанд.
- Дар оилавайронии ҷавонон гуноҳи мо — калонсолон ҳам ҳаст. Дар бисёре аз мавридҳо онҳоро маҷбур месозем, ки ба ин ё он нафаре, ки хости дилашон нест, хонадор шаванд. Намегузорем, ки духтарҳо соҳибкасбу соҳибмаълумот шаванд. Фаромӯш кардаем, ки бе зани олиҳаву боҳунар ва бофарҳанг на оила обод асту на ҷамъият. Илоҳо умри Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарозу баракаташ зиёд ва танашон ҳамеша сиҳат бошад, ки ба зан, Модар, кӯдак ва солимии оила диққати махсус медиҳанду дар ҳаққи мо — мардуми сарбаланди тоҷик ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамоянд, — мегӯяд апаи Турсуной.
Муҳаббати ЮСУФ, рӯзноманигор