Дарди меҳр

№ 14.11.2022

22Ватан мегӯям аз рӯзе, ки ман фаҳми сухан дорам,

Сухан мегӯям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.

 

Вафою эътиқоду ифтихорам -қаҳрамононам,

Ба ин ҷамъияти худ гуфтугӯю анҷуман дорам.

 

Ба дил раҳму ба ҷон сӯзу ба хун нангу ба чашмон меҳр,

Тамоми хулқи ибратбахши миллат дар бадан дорам.

 

Гирифтам аз ниёгон дарси номуси ватандорӣ,

Насими бӯи гулбоғи нав аз боғи куҳан дорам.

Зи кӯҳаш орзу санге барои лавҳи рӯи гӯр,

Зи хоки пунбапарвардаш таманно як кафан дорам.

 

На ғайру ошно донад, на сад мушкилкушо донад,

На дунёи даво донад ҳамон дарде, ки ман дорам.

 

Зи ман монад асар боғе, намемонад нишон доғе,

Агар доғест, аз роҳи замон дар пираҳан дорам.

 

Муҳаммад, маҳв месозад бадиро некиям охир,

Ниҳон донҳои Ҳурмуздӣ ба хоки Аҳриман дорам.

Муҳаммад ҒОИБ

Шоири халқии Тоҷикистон