Китоби нави шоир, нависанда ва рӯзноманигори пуркору хушсалиқа Абдулқодири Раҳим бо номи «Дарди сар» ба дастам расид. «Чӣ дарди сар Абдулқодирро сари ташвиш, андеша кашида бошад?» – гузарондам аз дил. Пеш аз ин романҳои ӯ «Рангҳо» ва «Марг»-ро, ки бо сабку услуби хос иншо шуда буданд ва тамоюли маърифатӣ доштанд, мутолиа карда будам. Абдулқодир, ки аз адабиёти паҳновари классикӣ, сарчашмаҳои динӣ донишу маърифати зиёд андӯхтааст, осори ӯ ва қаҳрамонҳои ормонии аз бинишу фаҳмиш ва баҳсу дарёфти ҳақиқат перомуни хулқу атвор дилпурона андеша меронанду амал мекунанд. Ба назарам «Дарди сар» идомаи таҳқиқи бадеии боҷуръатонаи ду асари аввал намуд.
Абдулқодир «Дарди сар»-ро гӯё дар як нафас навиштааст, вале бандубаст, истифодаи санъатҳои бадеӣ, гуногунрангии қаҳрамонҳои армонӣ, пурмаѓзии муколама ва андешаву мафкураи онҳо хеле ҷолибу қавист. Асар бемуҳобот аз рӯҳи динӣ — дунявӣ саршор асту дар насри муосир тоза. Муаллиф сабки суреализм (ҷодуӣ) ва реализмро бо нигориши мазҳакаву тамасхур омезиш дода, дунёи мураккабу аҷиби ботини қаҳрамонҳои гуногунхислатро, хурофотпарастӣ ва боз аз дину мазҳаб ноогоҳ будани баъзе тоифаҳои худхоҳро фош месозад ва ҷавонони ѓофилу гумроҳро ба зиракӣ даъват мекунад. Нависанда зимни таҳқиқи бадеӣ донишу маърифати динии хонандаро ба дақиқназарӣ, худшиносӣ, эҳтироми расму таомул ва мазҳаби хеш ҳидоят менамояд. Риояи адлу инсоф, меҳанпарастӣ, танзими маросимро бо шиорҳои хушку холӣ не, бо ҷузъиёту далелҳо зарур мешуморад.
Нигориши асар шеваи рӯъё ва тахайюлро дорад. Дар ин замина, Файзигул қаҳрамони барои хонанда наву омӯзанда мебошад. Дониши хуби динӣ, илоҳӣ ва дунявию маърифатии муаллиф дар ин асар пурҷилост. Образи пирони хирад, аҳкоми дин дар асар серпаҳлу ва заминӣ тасвир ёфта. Зимнан, дар ин асар Абдулқодир ба масъалаи доѓи замон — гаравидани баъзе ҷавонони содалавҳ, роҳгум ва кӯтоҳандеш ба равияву ҳаракатҳои хатарноки бегона, падару модар, хонавода, ҳамдиёронро шармсор ва худро бадбахту сиёҳном кардани онҳо даст зада, пайомади ногувори ин каҷравиро ҷасурона иброз доштааст. Аз мутолиаи «Дарди сар» шод шудам ва ба муаллиф офарин хондам. Ин асар андешазост ва хонандаро ба покии ботин, рафтору кирдори нек водор месозад. Бовар дорам, ки аҳли назар «Дарди сар»-ро бо чашми кам, сарсарӣ намебинанд ва оид ба паҳлуҳои гуногуни он изҳори ақида менамоянд.
Мавзӯи ҳикояҳои ин китоб ҷолиб, амали қаҳрамонҳои армонӣ омӯзандаву ибратбахш мебошанд. Ба андешаи камина, хонанда аз мутолиаи китоби нави адиби хушбаёну тозаҷӯ Абдулқодири Раҳим «Дарди сар» донишу маърифати ахлоқӣ меандӯзад.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон