Дарси худшиносию ватандӯстӣ аз Пешвои миллат

№40 (4780) 01.04.2024

52785504944_2c5ec79989_o — копияСоли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади иштирок дар чорабиниҳои идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба вилояти Суғд сафар карданд. Ин дидор хотирмон буд, хоса барои мо — кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ. Дар доираи ин сафар 1-уми апрели соли 2023 Пешвои миллат ба муассисаи мо ташриф оварда, бинои нави таълимии коллеҷро ба истифода доданд. Ҳамин тавр, аз файзи қудуми Пешвои миллат дар ҷашни Нав­рӯзи фархундапай муассиса соҳиби бинои замонавӣ гардид.

Бинои нав аз 41 синф­хона иборат буда, барои дар ду баст таҳсил кардани 2000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодон дастурҳои созанда дода гуфтанд, ки нисбат ба ояндаи донишҷӯён беэътиноӣ зоҳир накунем. Ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки талабот ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ, хоса кормандони миёнаи тиббӣ, зиёд аст. Онҳо бояд бо баҳои хубу аъло хонда, дар соҳаи интихобкардаашон мутахассиси хуб шаванд. Ҳар табибе, ки кори худро хуб медонаду беморро шифо мебахшад, миёни мардум эҳтироми хоса пайдо менамояд.

Қудуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи мо файзу баракат овард. Баъд аз ифтитоҳи бинои нав, пеш аз ҳама, шароити таълиму тадрис беҳтар шуд. Ҳоло устодону донишҷӯён дар раванди таълим аз техноло­гияи нави ҷавобгӯи талаботи замон истифода мебаранд. Ҳамзамон, мо — устодон дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат нақшаи махсуси корӣ тартиб дода, аз рӯи он амал менамоем, ки натиҷааш хуб аст.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мо — устодони муассисаро ба масъулиятшиносии бештар водор мекунад. Мо аз ин мулоқот, ки паёмҳои инсонсозу зиндагисоз дорад, таассуроти амиқ бардоштем. Ин мулоқот низ саршор аз роҳнамоӣ, ғамхории падарона буд. Бо донишҷӯён суҳбат доир намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремис­тидошта корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Намегузорем, ки фарзандонамон бозичаи дасти дигарон бошанд.

Ҳамин тавр, ин ду воқеаи муҳим, ки яке дар Наврӯзи соли гузашта, дигаре дар арафаи Наврӯзи имсола ба вуқӯъ пайваст, муҷиби дигаргуниҳои мусбат на танҳо дар фаъолияти муассиса, балки дар шинохти баъзе арзишҳои миллию динии мо гашт. Вазифаи мост, ки ин арзишҳоро ҳифз мекунем ва дар шинохти дурусти он ба ҷавонон кумак расонем.

Алимат МАВЛОНЗОДА,

директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ