Дарси «Шашмақом» дар МТМУ

№65 (4327) 15.05.2021

Он метавонад насли наврасро ба ин ҳунари аҷдодӣ бештар ошно созад

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2000-ум 12 май санаи мушаххаси таҷлили «Шашмақом» дар Тоҷикис­тон муқаррар гашт, ки барои рушди минбаъдаи санъати асил замина хоҳад гузошт. Дар миқёси байналмилалӣ бошад, бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО 7 ноябри соли 2003-юм «Шашмақом»-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

DSC01212«Шашмақом» мусиқии анъанавии мардуми тоҷик буда, таърихи қадима ва ғанӣ дорад. Он аз мақомҳои бузуру, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ иборат аст. Соли 1949 бо ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон, Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Сад­риддин Айнӣ ва академик  Бобоҷон Ғафуров ансамбли «Шашмақомхонон» рӯи кор омад. Оҳанг ва суруд­ҳои «Шашмақом»-ро устодону донишмандони ин ҳунари асили тоҷик Бобохон Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибек ва Фазлиддин Шаҳобов ба адвор дароварданд.

Дар даврони шӯравӣ ба ин мусиқии классикӣ таваҷҷуҳи нисбатан кам зоҳир мегардид. Гарчанде дар муассисаҳо ва мактабҳои ҳунарӣ жанрҳои гуногуни мусиқӣ бештар омӯзонида мешуд, вале устодону мутахассисони мақомшиносу мақомхон наметавонистанд ҳунари волои «Шашмақом»-ро ба шогирдон омӯзонанд, зеро дар барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши мусиқии суннатӣ соати камтар ҷудо мешуд.

Ин раванд солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар низ идома ёфт. Танҳо баъд аз эълон гардидани 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ин жанри мусиқӣ ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушди такомули бесобиқа пайдо кард.

Новобаста аз он ки дар он давраҳо нисбат ба боло бурдани мусиқии «Шашмақом» монеа ҷой дошт, шашмақомхонони барҷастаи тоҷик — Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова ва Норё Аминов, ки дар такя ба «Шашмақом» оҳангу суруд офариданд, тавонистанд, ки дар дилу дидаи мардум ҷой гиранд.

Хуб мешуд, ки барои рушди мусиқии «Шашмақом» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои мувофиқ ба истеъдоди хонандагон ворид карда мешуд, то наврасону ҷавонон аз хурдӣ бо мусиқии миллӣ хубтар ошно гарданд.

Пӯшида нест, ки ҳоло баъзе аз ҷавонону наврасон дар бораи санъати «Шашмақом», қариб ки маълумот надоранд. Онҳо бештар мусиқии эстрада ё сурудҳои хориҷиро гӯш мекунанд. Ҳол он ки аз суннатҳои мусиқии ниёкон бохабар будану онро муаррифӣ кардан барои ҳар як тоҷики асили ватандор шараф аст.

Агар гузаштаи даҳ-дувоздаҳ соли охирро таҳлил намоем, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати густариш ва тарғиби ин жанри мусиқии халқи тоҷик кори зиёд ба сомон расонида шудааст. Яке аз дастовардҳои бузург шомил шудани «Шашмақом» ба Феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, дастуру китобҳои зиёд мунташир шуданд, ки дар макотиби ҳунарӣ, аз ҷумла, Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мавриди истифодаи донишҷӯён қарор доранд. Ҳамчунин, чандин оҳангу матн­ҳои ин ҳунари миллӣ дубора эҳё гардида, ҳунармандон талош доранд, ки он боз ҳам ҷилои тобон дошта бошад.

Қайд кардан зарур аст, ки эҳё гардидани санъати «Шашмақом» дар даврони соҳибис­тиқлолии кишвар, албатта, самараи ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо супориши Сарвари давлат дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2017 Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии «Шашмақомхонон» таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Хуб мешуд, ки оянда дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон студияи бачагонаи «Шашмақомхонӣ» ташкил мешуд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар дарс­ҳои сурудро пурзӯр намуда, дар миёни хонандагони мактабҳо озмуни сурудани «Шашмақом» роҳандозӣ мегардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар соҳа камбудии зиёд ҷо доранд ва бо бартараф сохтани онҳо мақому манзалати «Шашмақом» боз ҳам баланд мегардад.

Набояд фаромӯш кард, ки санъати «Шашмақом» ҳамчун шоҳасари миллии куҳанбунёди халқи тоҷик бо шукӯҳу ҷалоли ғоявӣ дар радифи шоҳкориҳои тамаддуни ҳазорсолаи миллат ҷойгузин ва побарҷост. Ҳифз кардан ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлату Ҳукумати кишвар, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги сарзамин мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»