Аз нафаси ҳаловатбахш табиат бедор мешавад, қабои нақшини зебо ба бар мекунад. Мазраи орзую умедҳо сабзу хуррам мегарданд. Аз домани рангину мушкбези Наврӯзи хуҷаста гулу сабза дамида, оби зулоли чашмасорон ҷорӣ мешаванд. Парандагон нағмахонон ба парвоз меоянд. Ҳар сол баҳор меояд ва ҳар бор Наврӯзи дилафрӯз, оростаю зебою дилкаш ва бо рангу таровати тоза ҷилвагар мегардад.
Наврӯзи имсола накҳату ҷилои дигар дорад. Бо оҳанги замон доманафшонӣ мекунад. Дар ҳама ҷо баҳор, арӯси нозанини сол ҳукмфармоӣ дорад. Инсон аз файзи табиат ҳусну таровати тоза гирифта, шукӯҳи зиндагӣ беш аз пеш аст.
Солиёни пеш фарорасии Наврӯз барои мардуми кӯҳистони тоҷик — водии Терай (собиқ ноҳияи Шӯроободу Дашти Ҷам) моҳиятан пайғоми наҷот буд. Ҳокимони Давлатободу Кӯлоб ин ҷоро мулки худ медонистанд. Он айём ҷашни Наврӯзро дар наздики оромгоҳи бузургон ҷашн мегирифтанд. Ҷашнҳои деҳоти Порвор, Баҳорак, Файдун, Ворӣ, Амбрути Хам, Анҷиркон, Қабоқ, Тӯдошӣ, Зӯъ, Навобод хеле пуршукӯҳ буданду мардуми зиёд аз Афғонистон, Бадахшон, Дарвозу Рашт ширкат мекарданд.
Ҷашни Наврӯз дар водии Терай — Дашти Ҷам, ба қавли хоҷа Ҳофиз, панҷ рӯз идома меёфт. Дар чанд бахшҳо қисмбандӣ мешуд: рӯзи нахуст гуштингирӣ, рӯзи дуюм бузкашӣ ва рӯзи сеюм рақсу суруд.
Дар он мири Кӯлоб, шоҳи Дарвоз ва ҳокими Давлатобод (қалъаи Давлатобод ҳоло дар деҳаи Қабоқ пойбарҷост) ширкат меварзиданд.
…Қосиди мир Имомназарро аз хоб бедор карду дар торикӣ ба роҳ даровард. Сари роҳ Ганҷалро аз Навобод ва Орифро аз деҳи Зӯъ ҳамроҳ гирифтанд ва субҳдам ба ҷашнгоҳ расиданд. Паҳлавони дарвозӣ Девлох мисли кӯҳ таҳамтану устувор буд. Дар оғоз ҳеҷ кас ба доваш набаромад.
Паҳлавонҳо байни ҳам машварат карданд.
- Ман аввал мебароям, — гуфт Ориф, — зеро барзаговҳо бо юғу сипор дар сари заминанд.
- Не, ман мебароям, — гуфт Имомназар, — бояд ба обҷувози Идимадбой рафта, равғани зағир гирам, то ки шаб модари бачаҳо палав пазад. Имомназар сабабашро гуфту ба майдон баромад. Паҳлавонон чу кӯҳ ба ҳам дарафтоданд.
Имомназар миёни ҳарифашро бо дастон ҳалқавор печонда, бардоштанӣ мешуд, вале чун моҳӣ аз даст мелағжид. Зеро ба баданаш равғани зағир молида буд. Зӯрозмоӣ то нисфи рӯз тӯл кашид. Дар охир Имомназар миёни ҳарифро сахт фишурда, ӯро аз замин барканд. Ин бор равғани зағир ба вай мадад накард ва паҳлавони номии шоҳи Дарвозро ба замин афканд. Мавҷи кафкӯбӣ ба фалак печид. Шоҳи Дарвоз боз дилшикаставу малул гашт, чунки ҳар бор паҳлавонони давлатободӣ пирӯз мешуданд. Шоҳи Давроз қаноатмандона ба Имомназар як аспи саманд бо тамоми абзор инъом кард ва бо шевои зебои дарвозӣ гуфт: «Ин мардум девест» (ин одамон дев ҳастанд). Ҳоло ҳозир дар водии Терай ёдгории он айём деҳаи Девдор ободу зебост. Мирзои Дев — паҳлавони ин деҳа дар он айём шуҳрати хос дошт.
Ба фарорасии Наврӯз занону духтарон ба ороиш ва рӯбучини хона мепардохтанд. Тамоми анҷоми хонаро бароварда дар офтоб мемонданд, деворҳои аз дуди дегдон сиёҳшударо сафед мекарданду гул мепартофтанд. Ба ҳама аз карбос ва алочаи дастбоф либоси нав медӯхтанд. Чунки дигар хел матоъ набуд. Охирин донаҳои гандумро гирд оварда, дар табақча ё лаълича барои суманакпазӣ месабзонданд. Кори бачагон ва наврасон дар ҷӯшу хурӯш буд. Бозиҳои гуногун: «аловпарак», «ало, ҷо ба ҷо», «дарвозаи тилло», «тути тал», «тухмбозӣ», «хурӯсҷанг», «сагҷанг» бачагону наврасонро хушҳолу болидатабъ мекард. Аз даҳаи аввали моҳи ҳут бачаҳо аз зери барфҳо, ки акнун об мешуданд, гули сиёҳгӯш ҷамъоварӣ карда, маросими «Гулгардонӣ» — ро иҷро мекарданд. Дар охири даҳаи моҳи ҳут дар кӯҳистони Терай маросими «Наврӯз чил кунда бисӯз» анҷом меёфт. Дар мусобиқаҳо шарти «барру гирак», яъне бурду бохт, хурӯс ё саг ё чизи дигари мағлуб шуда, соҳиби ғолиб мукофот мегирифт.
Ҳафтаи дуюми Наврӯз маросими «Дарвешона» доир мегардид, ки яке аз оинҳои наврӯзӣ аст.
Он дар назди мазору оромгоҳи ашхоси бузург ва дашту пуштаҳои сабзаву себаргазор ё боғу бӯстон баргузор мешуд. Сарпарастии маросимро шахсони сарватманду давлатманд ба уҳда мегирифтанд. Дар деҳаи Зӯъ чунин ашхос Валимуҳаммад, ҳоҷӣ Барот, Ҳамзаи Мирзо Маё, дар деҳаи Навобод бобои Давлат, писаронаш Солеҳ Қаюм, Сонӣ, Бобо ва Ятими боғбон буданд.
«Дарвешона» зиёфат додани мардум буд. Аз пагоҳӣ ба ҷашнгоҳ бо либосҳои идона сари дастурхони пурнозу неъмат нишаста, ошу шӯрбо, хурмо, мавизу ғулинг, қанд, қандалот тановул мекарданд. Дар зарф хӯрок ва бо дастурхони ороста ба хонаи бемору пирони барҷомондаҳо мефиристоданд.
Ҷашни Наврӯзи соли 1960 буд. Боғи ҳоҷӣ Барот дар деҳоти Зӯъ. Дар он ҷо «Дарвешона» баргузор шуд. Аз деҳаи Нимдараи Даштиҷум Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳошим Қосимов бо писараш Одина даъват шуданд. Бояд қайд кард, ки ҳоҷӣ Барот, Мирзо Маё аберагони яке аз орифони тариқат Шайх Мадамони Валӣ асрҳои XI — XII (оромгоҳаш дар деҳоти Ёлу Порвор воқеъ аст) мебошанд.
Дар бораи ӯ қиссаву ривояти зиёд аст. Ба фақирон доимо кумак мекардааст.
Дар боғи ҳоҷӣ Барот ду шабонарӯз Қосим Ҳошимов бо писараш базм оростанд. Рӯзи сеюм, ҳангоми хайрухуш, ҳоҷӣ Барот ба Одина Ҳошимов чунин дуо кард: «Овозат ҷаҳонгир шавад…».
Суннатҳои қадимаи Наврӯз ҳоло ҳам дар водии Терай ва Давлатободи бостонӣ побарҷо буда, ҳар кадом моҳияту ҳикмати хос доранд.
Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,
рӯзноманигор