Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат санадест, ки дастовардҳои кишварро то анҷоми сол таҳлилу баррасӣ намуда, роҳи фардои зиндагӣ, самтҳои асосии рушду тараққиёти кишварро дар марҳилаҳои нави таърихӣ муайян месозад.
Ба касе пӯшида нест, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалат, таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳо андешида ва мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро амалӣ мегардонад. Хусусан, масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини фаъолияти бонувон дар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаббускорӣ ва рушди соҳибкории бонувон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва ватанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
3-юми декабри соли 1999 қабул гардидани санади басо муҳим — Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» далели он аст ва дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат мавқеи хоса дошта, ба фаъолияти пурсамари занон ба ҳайси аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон замина фароҳам овардааст. Ин санадро барои бонувон ва рушду тараққиёти кишвар метавон сарнавиштсоз номид, ки самараҳои нек ба бор меорад.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 — уми марти соли 2002, №89), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19-уми марти соли 2013) қабул гардида, амалӣ мешаванд. Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад.
Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа — 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд».
16-уми ноябри соли 2013 дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд гардида буд: «Боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад».
Тадбирҳои андешидаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин самт ва ташкили квотаҳои президентӣ ба он боис шуданд, ки ҳазорон духтар аз гӯшаву канори мамлакат ва оилаҳои камбизоат соҳиби маълумоти олӣ ва касбҳои барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ зарур гардиданд.
Тавре дар Паём зикр гардид: «…танҳо дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин шумора 239 ҳазор нафар соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».
Бо шарофати дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таъсиси грантҳои президентӣ фаъолияти занони соҳибкор равнақ ёфта, шароити зиндагиашон беҳтар, боварии онҳо ба фардои дурахшон бештар мегардад. Фаъолияти онҳо ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас мерасонад.
«Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд», — таъкид гардид дар Паём.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ғамхорӣ ба зан арҷгузорӣ ба модар ва ғамхорӣ ба оила ва наслҳои оянда аст.
«Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ҳамеша ба неруву ташаббусҳои онҳо эътимод дорем», — зикр карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»