Аз қадимулайём мардуми тоҷик дорои расму оину маросимҳои гуногун буданд ва онҳо ҷавҳари покиву ахлоқиро таҷассум мекарданд. Боиси таассуф аст, ки бо гузашти солҳо он расму оинҳо дар такя ба фарҳанги бегона моҳият ва арзиши миллии худро гум карда истодаанд. Чун мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо пурра хабардор нестанд, аксарият ҳангоми иҷрои онҳо, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва ғайра ба сарфи маблағҳои зиёд роҳ медиҳанд.
Ҳатто мардум пойбанди таассуб гардида, маросимҳои домодталбону келинталбонро бо маросими хатнасур рӯйпӯш мекунанд. Дар ин маросимҳо аз ҷониби волидайни арӯс тақдими тилловориҳо, калиди мошин, хона ва дигар бисоти зану шавҳар гӯё расм шудааст. Аҷибаш ин аст, ки ягон нафар аз ҷониби падар ва модар, хешовандони арӯс аз ин шикоят намебаранд. Ҳол он ки сарчашмаи ҳама бадбахтӣ, нофаҳмӣ маҳз аз ҳамин пулу мол аст. Ин андеша аз фаъолияти яксолаи гурӯҳҳои «Мушоҳидон» ва «Муросо»-и назди Комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бармеояд. Аз 30 оилае, ки дар ҳоли пошхӯрӣ қарор доштанду ба ниҳоди мазкур барои ҳалли мушкилашон муроҷиат карданд, наздик ба 20 оила маҳз ба хотири таънаву маломат шунидан барои бисоти «кироӣ»-и рӯзгордорӣ наоварданашон ба он ҷо омада буданд.
Борҳо, зимни баргузории маъракаҳо аз забони занон шунидаем, ки «Фалонӣ дастархондор будааст», аммо модарони азизро зарур аст, ки ба ҷойи қиёси маъракаҳо ва шумурдани либосу колои овардаи арӯс хушбахтии навхонадоронро орзу намоянд.
Яке аз исрофкориҳои дигаре, ки имрӯз метавон мушоҳида кард, ҳатман баргузор намудани тӯй дар тарабхонаҳо мебошад. Тарабхонаҳоро барои он оилаҳое бунёд кардаанд, ки воқеан ҳам имкони баргузории маъракаҳоро надоранд, яъне дар хонаҳои баландошёна истиқомат мекунанд. Магар намешавад, ки харҷи иҷораи чунин тӯйхонаҳоро сарфа намоему онро дар ҳавлӣ гузаронем. Пештар дар саҳни биноҳои серошёна тӯйҳо доир мешуданд. Магар баргузории он базмҳо ягон камӣ дошт?
Солҳои охир дар рӯи дастурхон гузоштани пистаҳои эронии нархи ҳар килояш на кам аз 100 сомонӣ ё меваҳои хориҷӣ расм шудааст, ки намоишкорие беш нест, ба ҷойи онҳо мо бо себу зардолу, гелос ва бодирингу помидор, шириниҳои худӣ, аз қабили мураббою нишолло дастурхон ороем, чӣ бадӣ дорад? Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор, хусусан, зардолуст, вале дар ягон маърака табақи қоқи зардолуро намебинем. Дар мавсими пухтупази он нархи ҳар кило қоқ аз 10 сомонӣ зиёд ва ғизонокиаш аз писта кам нест.
Дигар, ҳоло миёни ҷавонон расм шудааст, ки аз саҳар то вақти базми арӯсӣ мошинҳои гаронарзиши тамғаҳои хориҷиро бо нархи беш аз 150-200 доллар киро намуда, сайругашт намоянд.
Имрӯз, хушбахтона, вазъи иҷтимоӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле беҳтар шудааст ва шукрона, ки дар ҳар хонадон як ё ду мошин ҳаст. Пас, чаро аз онҳо истифода намебарем? Киро кардани ду-се видеокамера, аккоси касбӣ низ маблағи калон талаб менамояд. Дар тарабхонаҳо низ истифода аз чанд видеокамераи муосир ва аз тариқи «онлайн» пахш кардани сабти тӯй анъана шудааст.
Имрӯз бояд иқрор шуд, ки ҳаққи хизмати ҳофизони тӯй аз ҳадди инсоф гузаштааст. Ҳол он ки аксари онҳо дар базмҳо бо садои зинда намехонанд.
Ин ҳама мушкилу муаммое, ки рӯи коғаз овардем, даҳ сол қабл дучанду сечанд буд. Кӣ медонист, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирандешӣ намекарданд, имрӯз вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум дар чӣ сатҳе қарор медошт? Маҳз диду назари хоса, дилсӯзии Роҳбари давлат буд, ки бо дарназардошти шаш ҳазор таклифу пешниҳоди аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Қонун ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мақсад аз роҳандозии қонун ноил шудани мардум ба зиндагии муваффақу шоиста мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷониву имонии ҳар як сокини кишвар аст, ки ба раванди татбиқи он бетараф набошанд.
Шарифхон Тиллоев,
рӯзноманигор