Дастурхони «чил»-у «сол» бояд хоксорона бошад

№82 (3719) 11.07.2017

Имрӯзҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиою телевизион доир ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои сокинони мамлакат нашр ва пахш шуда истодааст. Ҳадаф аз он сабукӣ бахшидан ба рӯзгори мардум, решакан намудани урфу одатҳои серхароҷот, тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ мебошад.

Аз қабули қонуни мазкур 10 сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз иддае танҳо ба хотири наафтодан ба дасти кормандони маҳаллии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо онро риоя мекунанд. Вагарна маблағи солҳо ҷамъовардаашонро дар як маъракаи пур аз исроф барбод медиҳанд. Яъне, дар майнаи иддае шуҳратпарастию худнишондиҳӣ сахт реша давонидааст. Маҳз молу чизпарастӣ боиси дар тӯйи арӯсӣ сарф намудани маблағи зиёд барои дастурхонороии бошукӯҳ, кироя гирифтани мошинҳои бодабдаба, фармоиши либоси арӯсии аврупоӣ ва ғайра мешавад.

Харидории чанд ҷуфт либосу пойафзоли қиматбаҳо, мебелу телевизор ва дигар ашё, ки аксар вақт бо қарз анҷом меёбад, дар зиндагӣ аввалиндараҷа нестанд. Калонсолон нақл мекунанд, ки солҳои пеш бо як ҷомаи беқасабу куртаи арӯсии ба ориятгирифта, ҷавонони як деҳа тӯяшонро бонавбат мегузарониданд, лекин дар зиндагӣ хушбахт буданд. Ҳама ашёи рӯзгорро бо заҳмати якҷоя аз сифр харидорӣ мекарданду ба қадри он мерасиданд. Имрӯз аксари арӯсҳо хонаи холии домодро бо ҷиҳоз пур мекунанд, вале баъзеашон аз сабаби таънаи хушдоманҳои бефарҳангу домодҳои аз ахлоқи ҳамида фарсахҳо дур ва сернозу нуз зуд хонавайрон мешаванд. Аз ин рӯ, дар ҷиҳози арӯсӣ низ дар қонун маҳдудият ҷорӣ кардан зарур аст. Ба ҷойи фата, ки тарғиби фарҳанги аврупоист, пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ бояд бошад.

Аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Рӯзҳои истироҳати фаслҳои баҳору тобистон бисёриҳо субҳи барвақт ба кори саҳро мераванд. Субҳ ба кор рафтану соати 8 ба маъракаи ҳамдеҳа омадан онҳоро аз баракати кори онрӯза маҳрум месозад, зеро баъди маърака ҳаво метасфад ва ҳавсалаи ба саҳро рафтан пир мешавад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аз моҳи апрел то октябр маъракаҳо аз соати 6 — и субҳ оғоз ёбанд. Касе соати 6 маърака кардан нахоҳад, метавонад онро бо салоҳдиди худ дертар гузаронад.

Дар маросими азодории сокинони Афғонис­тону Эрон ва Покистон дар назди меҳмонон танҳо чою каме ширинӣ гузошта мешавад. Ҳадафи омадани меҳмонон изҳори тасаллият ва дуою фотиҳа хондан асту бас. Баъзе маъракаҳои азодории моро агар тиловати «Қуръон» набошад, аз тӯй фарқ намекунед. Магар дар маъракаи азодорӣ ба дастурхон гузоштани пиставу бодом, торту шарбати меваҳо зарур аст? Тортро аслан барои маъракаҳои хурсандӣ мепазанд, вале чанд соли охир ҳамватанонамон дар худоиҳо низ торт мегузоштагӣ шудаанд. Дар кишварҳои арабӣ, ки сатҳи даромадашон хеле баланд аст, чунин худоиҳои пур аз исрофу худнамоӣ барпо намекунанд. Пас чаро мо худро ба қарз ғӯтонида, исрофкорӣ менамоем? Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар моддаи 11- уми Қонун ин нукта мушаххас карда шавад, то ки маросимҳои «чил» ва «сол» хоксорона баргузор гарданд. Дар дастурхон гузоштани анвои қанду торт ва донагиҳоро қонунӣ манъ бояд кард, зеро бархе ашхоси туфайлихӯр, ки парвои ғаму ғуссаи соҳибмаъракаро надоранд, табақчаи пистаро дар як лаҳза холӣ карда, беибо қанду торт мехӯранд. Агар ин маъракаҳо бе оростани дастурхони калон гузаранд, боз беҳтар мебуд. Он гоҳ таъзиябаёнкунандагони аслӣ маълум хоҳанд шуд.

 С. НАҶМИДДИНЗОДА, деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор