10-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки онро Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст, баргузор шуд. Дар чорабинӣ донишмандон, пажӯҳишгарон, китобдорон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода нашри китоби мазкурро дар арафаи 111- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик фоли нек номид. Номбурда ҳадафи нашри китобро шарҳ дод ва ҳозиринро бо муҳтавои он ошно намуд.
- Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигоҳдории мавод, таҳия ва нашри дастурҳои библиографӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. Медиатека тасмим гирифтааст, ки дар оянда силсиланашри китоби мазкурро дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва дигар нашрияҳо идома диҳад, — иброз дошт Ҷумахон Файзализода.
Боиси зикр аст, ки китоби «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (солҳои 2019-2021) аз ҷониби корманди Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинамо Имомназарова мураттаб шуда, зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омода гаштааст. Муҳаррирон Гадобег Маҳмудов ва Нуқра Аҳмадова мебошанд. Китоб 3422 маводро дар бар мегирад, ки тайи се сол ба нашр расидаанд. Маводи гирдоваришуда дар панҷ бахш: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шахсиятҳои гуногун дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муносибатҳои хориҷӣ» ва «Сарчашмаҳои электронӣ» гурӯҳбандӣ карда шудааст.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода аз нашри китоб ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон ва зарурати чунин дастури мавриди назар сухан кард. Вай иброз дошт, ки дар ин дастур маводи солҳои 2019-2021 пурра гирдоварӣ шудааст ва ин солҳо давраи пурмаҳсултарини нашрия оид ба инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ин рӯ, танҳо матлабҳои ҳамин давра дар китобнома гирдоварӣ шудаанд.
Китоби мазкурро сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев падидаи нек ва маводи хубе барои пажӯҳишгарон арзёбӣ кард. Ҳамчунин, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Суҳроб Рауфзода, ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб ва намояндагони дигар нашрияҳо дар бобати китоби «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (солҳои 2019 — 2021) андешаҳояшонро баён карданд.
Дар ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иштирок дошт ва ин иқдоми китобдоронро дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ дар идома додани ин кор барору комёбиҳо таманно намуд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»