Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ироа гардид, барномаи мукаммали бунёдӣ барои муайяну мушаххас намудани рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар маҳсуб ёфта, дар он тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Мо — сокинони пойтахт, қабл аз ҳама, шукри истиқлолият мекунем, ки шароити зиндагии шоиста рӯи кор омадааст.
Маҳз бо шарофати истиқлолият имрӯз аҳли зиё, бонувони кишвар, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст барои ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафту рушду нумӯи давлат ва барои баланд бардоштани обрӯи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ камари ҳиммат бастаанд.
Аз он шодем, ки Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ҳама соҳаҳо, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг, инчунин барои таъмини устувории нархҳо, низоми бонкӣ сиёсати иқтисодиро самаранок татбиқ намуда истодааст. Чуноне дар Паём зикр гардид, идрорпулии донишҷӯён, андозаи нафақаи нафақахӯрон, музди маоши кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг аз 15 фоиз то 25 фоиз зиёд карда мешавад. Мо аз ғамхориҳои навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ беандоза рӯҳбаланд шудем.
Дар Паёми имсола Президенти мамлакат оид ба масъалаи бунёди оилаи солим, одобу маърифати оиладорӣ, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила пешниҳодоти ҷолиб баён намуданд. Аз ҷумла дар Паём ишора шуд, ки «…масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад». Дар робита ба ин барои ҳалли саривақтии проблемаҳои ҷойдошта соли 2015 «Соли оила» эълон шуд.
Дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат доир ба ин масъала мехостам якчанд нуктаро баён намоям. Никоҳи хешутаборӣ, ки дар натиҷаи он фарзандони носолим ба дунё меоянд, бояд таваҷҷуҳи ҳар як сокини ҷумҳуриро ҷалб намояд. Мо бояд донем, ки ояндаи миллати мо маҳз ба уҳдаи фарзандонамон гузошта мешавад ва яке аз омилҳои муҳими бунёди ҷомеаи солим ин дуруст ва тибқи талаботи равониву тиббӣ барпо намудани оилаи солим мебошад. Аз оилаи солим, албатта, фарзанди солим ба дунё меояд ва он метавонад дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳиссагузор бошад.
Ҳамзамон дар Паём таваҷҷуҳи хоса ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон зоҳир карда шуд. Ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Мо, кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарбияи насли созандаву бунёдкор сармашқи фаъолияти худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар татбиқи чунин иқдомҳои наҷиб ҳамеша саҳмгузор бошем.
Майсара АБДУЛЛОЕВА, корманди Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон