«Даво» даҳсола шуд

№8 (4270) 21.01.2021

IMG копияАз чопи нахустин шумораи маҷаллаи «Даво» 10 сол сипарӣ шуд. Тайи ин муддат нашрия миёни хонандагони дорои касбу кори гуногун маҳбубият пайдо кард. Тавре аз номаш бармеояд, он бештар масоили тандурустиро инъикос мекунад.

 Яке аз рубрикаҳои доимии маҷалла «Гиёҳдармонӣ» мебошад, ки дар он гиёҳшиносону табибони  мардумӣ, аз қабили Садриддиншоҳ Ҷалолӣ, Муҳаммад­расул Иброҳимзода,  Одинамамад Мирзоев, Додихудои Ҷомӣ, Раҳматуллоҳи Зубайдулло, Асадулло Аминов ва дигарон, усулҳои табобати осону даст­расро пешкаши  хонандагон мегардонанд. Инчунин, роҷеъ ба бемориҳои мавсимӣ, нигоҳубини кӯдак, пешгирию муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, хосияти шифобахшии сабзавоту меваҳо мусоҳибаю маслиҳати мутахассисони ботаҷриба чоп мешавад.

- «Даво» барои онҳоест, ки баҳри ҳифзи саломатӣ кӯшиш мекунанду ба қадри ин неъмати  бебаҳо мерасанд,- мегӯяд муассиси маҷалла, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Қалам» Бибихонум Дарвешзода.

Дар муддати 10 сол доираи хонандагони «Даво» васеъ гашта, онро омӯзгору табиб,  муҳандису ҳуқуқшинос, умуман, ҳама қишри ҷомеа мутолиа менамоянд.

С. АМИНИЁН,

Садои мардум»