«Дидор – 2019» баҳри рушди кинои мустанад саҳм хоҳад гузошт

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

ДидорАз 16 то 20 октябри соли 2019 дар Хонаи кинои ба номи Б. Кимёгаров (собиқ кинотеатри Зебуннисо) аввалин Синамобазми байналмилалии филм­ҳои мустанад — «Дидор -2019» доир шуд.

Эътироф бояд кард, ки солҳои охир эҷодкорон ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ майл надоранд. Умедворем, ки пас аз иштирок дар ин синамобазм таҳиягарони ҷавони мо ба таҳияи филмҳои мустанад – ҳуҷҷатӣ бештар машғул хоҳанд шуд.

Тамошобинон дар бахши байналмилалӣ 15 филми мустанад, бахши филмҳои тоҷикӣ  8 филми мустанад ва 11 филми мустанади ғайриозмуниро тамошо карданд.

Беҳтарин ҳуҷҷатнигорони кино аз Федератсияи Россия, ИМА, Британияи Кабир, Голландия, Германия, Исроил, Чехия, Фаронса, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикис­тон бо асарҳои нав дар синамобазм иштирок карданд.

Ҳайати ҳакамон аз мутахассисони шинохтаи соҳа — доктори илми санъатшиносӣ, киношинос Гулнора Абикеева (Қазоқистон), Алиризо Шоҳрухӣ (Эрон), режиссёр ва оператори филмҳои ҳуҷҷатӣ Георгий Дзалаев (Тоҷикистон) иборат буд. Оғози чорабинӣ ба 90-солагии кинои тоҷик ва бузургдошти яке аз ҳуҷҷатнигорони собиқадори кинои тоҷик Мамадқул Арабов мувофиқ омад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокчиёни синамобазмро хайра мақдам гуфта, ҳозиронро бо таърихи кинои тоҷик, режиссёрони номвар, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади тоҷик муфассал шинос кард.

Тамошобинон дар давоми панҷ рӯз беҳтарин филмҳои ҳуҷҷатии режиссёрони Осиёи Миёна, Қафқоз ва Аврупоро тамошо карданд. «Замоне дар Шанхай»-и режиссёр Лайлӣ Ғаффорова ва «Рӯзи таваллуд»-и Ҳилол Байдаров (Озарбойҷон), «Лӯла»-и режиссёр Виталий Манский (Россия-Чехия-Германия), «Ҳазор духтаре мисли ман»-и режиссёр Саҳро Мусавӣ – Монӣ (Афғонистон), «Аҳли об»-и режиссёр Озода Бизгаргитӣ, «Дар ҷустуҷӯи Фарида»-и режиссёр Озода Мусаввӣ ва Куруш Атоӣ (Эрон), «Духтари мулло»-и режиссёрҳо Ҳасан Сулҳҷӯ ва Маҳдия Содот Мирҳабибӣ (Британияи Кабир), «Муаллим»-и режиссёр Ибодулло Аҷибоев (Қирғизистон), «Тақсир»-и режиссёр Камила Бердимуратова ва «13 километр»-и режиссёр Владимир Тюлкин (Қазоқистон), «Охири замин»-и режиссёр ва сенарист Дмитрий Степанов, «Падидаи Боровск»-и режиссёрҳо Полина Завадская ва Юлия Гребникова (Федератсияи Россия), «Люмерҳо»-и режиссёрҳо Христина Белоусова ва Данте Рустав, «Мерос»-и режиссёр ва муаллифи сенария Элҷон Аббосов (Ӯзбекистон) аз ҳамон ҷумлаанд.

Хурсандиовар аст, ки, насли ҷавони ҳуҷҷатнигорони кинои тоҷик дар аввалин синамобазми филмҳои ҳуҷҷатӣ бо дастовези арзанда иштирок карданд. Инҳо «Умед»-и режиссёр Дилошӯб Орифзода, «Ганҷ»-и Меҳрубон Маликов, «Бо роҳи тоҷирон ва косибон»-и муаллиф Олга Ладигина, «Умар-ако»-и режиссёр Далери Имомалӣ, «Ҳаворӣ»-и режиссёр Шоҳҷамшед Умарӣ, «Пудина»-и режиссёр Таҳмина Ҳакимова, «Ҷойи беҳтарин дар замин»-и режиссёр Рома Буряк, «Бовар дорам, зиндагӣ мекунам, дӯст медорам»-и режиссёр Искандар Усмонов, «Устод Кимёгаров»-и режиссёр Файзулло Файзов, «Сафарнома: Ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос»-и режиссёр Шарофат Арабова мебошанд.

Тамошои ҳар як филми мустанад водор мекунад, ки ба андеша фурӯ равем, зеро яке аз дигаре ҷолибтар аст. Мавзӯи филмҳо хеле ҷолиб буда, бештар филмҳои муаллифӣ мебошанд. Филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ба маъраз гузошта шуданд, ки хуб пазируфта шуданд. Дар ин миён филмҳои мустанаде намоиш дода шуданд, ки бештар ба гузориш ё намоишҳои телевизионӣ шабоҳат доштанд. Баъзе муаллифон бо чанд нафар мусоҳиб шуда, аз мақсади асосӣ дур рафтаанд. Давомнокии як қисми филмҳои мустанад хеле тӯлонӣ – якуним то ду соат буда, тамошояшон хаста мекунад. Филмҳое низ пешниҳод шуданд, ки тамошобин ба ҳаяҷону изтироб оварданд. Махсусан, филмҳои мустанади «Ҳазор духтаре, мисли ман»-и режиссёр Саҳро Мусавӣ-Монӣ (Афғонистон) ва «Устод Кимёгаров»-и режиссёр Файзулло Файзов (Тоҷикистон) хеле таъсирбахш буданд ва андешаҳоро нисбат ба онҳо дар алоҳидагӣ бояд баён кард.

Шоҳҷоиза «Барои беҳтарин филми пурраметражи мустанад» ба филми мустанади «Ҳазор духтаре мисли ман»-и режиссёр Саҳро Мусавӣ-Монӣ (Афғонистон), шоҳҷоиза «Барои беҳтарин филми кӯтоҳметражи мустанад» ба филми ҳуҷҷатии «Охири замин»-и режиссёр Дмитрий Степанов (Федератсияи Россия), ҷоизаи швейсарӣ «Барои беҳтарин филми мустанади тоҷикӣ» ба филми ҳуҷҷатии «Устод Кимёгаров»-и режиссёр Файзулло Файзов (Тоҷикистон) тақдим гардид.

Ҷоизаҳои махсуси швейсарии ҳакамони байналмилалии барномаҳои озмунӣ ба филми ҳуҷҷатии «13 километр»-и режиссёр Владимир Тюлкин (Қазоқистон) ва «Умед»-и режиссёр Дилошӯб Орифзода (Тоҷикистон), ҷоизаҳои ба номи Мамадқул Арабов «Барои беҳтарин инъикоси мероси миллӣ» ба филмҳои мустанади «Аҳли об»-и режиссёр Озода Бизаргирӣ (Эрон) ва филми ҳуҷҷатии «Умар — ако»-и режиссёр Далери Имомалӣ (Тоҷикистон) сазовор дониста шуд.

Бо ҷоизаи швейсарӣ «Барои беҳтарин дебюти режиссёрӣ» ба филми ҳуҷҷатии «Ҷойи беҳтарин дар замин»-и режиссёр Рома Буряк (Тоҷикистон), Ҷоиза ва дипломи мунаққидони кинои Тоҷикистон «Барои таваҷҷуҳ ва самимият ба тақдири инсон» ба Фестивали «АРТДОКФЕСТ» (Россия) ва ҷоизаи дуюм ва дипломи мунаққидони кинои Тоҷикистон «Барои ташаббуси омӯзиш ва тарғиби ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон» ба филми пурраметражи ҳуҷҷатии «Бо роҳи тоҷирон ва косибон»-и муаллиф ва режиссер Олга Ладигина (Тоҷикистон) сарфароз гардиданд.

Дар доираи синамобазм, инчунин, конфронси матбуотӣ, вохӯрӣ бо муаллифони филмҳо, мастер-класс ва суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона» баргузор шуд.

Боварӣ ҳаст, ки ин чорабинии муҳими фарҳангӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Иттифоқи киносозони Тоҷикистон гузаронида шуд, дар пешрафти кинои ҳуҷҷатии тоҷик нақши созгор хоҳад гузошт.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»