Ҳафтаи гузашта дар Хонаи кинои ба номи Б. Кимёгарови шаҳри Душанбе бахшида ба аввалин синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» нишасти матбуотӣ доир гардид.
Тавре раиси Иттифоқи киносозони Тоҷикистон, ҳамзамон, директори синамобазми байналмилалии филмҳои мустанад «Дидор» Сафар Ҳақдодов гуфт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва сарпарастии дафтари Швейтсарии ҳамкорӣ дар Тоҷикистон 16 — 20 октябри соли ҷорӣ дар доираи синамобазми байналмилалии «Дидор» нахустин синамобазми байналмилалии филмҳои мустанад баргузор мешавад, ки ба поси хотири режиссёр — ҳуҷҷатнигори маъруф Мамадқул Арабов бахшида хоҳад шуд.
Умуман, дар синамобазм 57 филми мустанад ба намоиш гузошта шуда, шаш филми ғайриозмуниро меҳмонон — ҳуҷҷатнигорони ҷавони Ӯзбекистон аз Мактаби байналмилалии FOCUS пешниҳод мекунанд.
Дар синомобазми филмҳои мустанад филмофарони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолландия, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, ИМА, Тоҷикистон, Фаронса, Чехия, Ӯзбекистон ва ғайра иштирок менамоянд.
Дар барномаи он, инчунин, гузаронидани суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона» ва берун аз он баррасии масъалаҳои доғи филмҳои мустанади тоҷикӣ дар назар аст.
Ҳакамони синамобазм аз ашхоси муътабару маъруф — Г. Абикеева, доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос (Қазоқистон), Алиризо Шоҳрухӣ, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия (Эрон), Г. Дзалаев, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) иборат аст.
Маросими кушодашавӣ ва намоиши филмҳо 16 октябри соли равон (Рӯзи кино ва 90 — солагии кинои тоҷик), дар толори калони кинотеатри «Зебунисо», воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони С. Айнӣ 131, баргузор мегардад.
Таҳияи Т. ФАРРУХПАЙ,
«Садои мардум»