Ҷашни Наврӯз реша дар умқи таърих дорад. Он куҳантарин ид дар фарҳанг ва тамаддуни башарист. Наврӯзро дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон «Иди сари сол» низ меноманд. Ин ҷашн хосияти ҳувиятсозӣ дорад. Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, мебошанд.
Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» овардааст, ки «чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, оинҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, ид гирифт». Ҳамчунин, дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».
Умари Хайём дар асари худ «Наврӯзнома» аз сесаду шасту панҷ шабонарӯз иборат будани ду даври офтобро нишон додааст. Ду даври офтоб, ки ба охир расид, сол поён ёфта, аввалин дақиқаҳои моҳи Ҳамал фаро расида, фасли баҳор оғоз мегардад. Табиат аз сари нав зинда мешавад, барои марди деҳқон шодию сурур меорад.
Омад-омади Наврӯз дар кишвари мо бо гулгардонии кӯдакон оғоз мешавад. Дар саҳроҳо гуле мерӯяд, ки бо номи «Ятимак» машҳур аст. Ин гул пеш аз гулҳои сияҳгӯшу зардак рӯида, аз омад — омади фасли баҳор ва зиндашавии табиат дарак медиҳад. Бачагон ин гулро чида дар деҳаҳо ид мекарданд.
Расми дигари ҷашни Наврӯз оростани дастархони идона бо 7-сину 7-шин аст. Ҳафт син ҳафт номгӯи хӯрок ё анвоест, ки аввали ҳарфаш бо С сар мешавад.
Суманак яке аз ғизоҳои машҳур буда, дар иди Наврӯз омода месозанд. Он, пеш аз ҳама, рамзи муҳаббату дӯстии мардум ва пояндагии ҳаёт аст.
Дастархони наврӯзиро бо сипанд низ оро медиҳанд. Он хусусияти давобахшӣ дошта, ба ҷуз дуд кардан истеъмол ҳам мекунанд.
Санҷидро ҳам ба дастархони наврӯзӣ мегузоранд. Дар баъзе деҳаҳо шоху барги онро, ки бӯи хуш дорад, барои ороиши дастархон истифода мекунанд. Истеъмоли санҷид барои таскини дардҳо, боқувват шудан боис мегардад.
Сир пиёзест, ки онро саримсоқ низ меноманд. Сир се навъ мешавад: бӯстонӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ. Навъи беҳтаринаш бӯстонии бисёрдандона мебошад.
Себро бо умеду нияти нек рӯи дастархони наврӯзӣ мегузоранд, ки сол пурфайз шавад.
Сирко як нав моеъ мебошад, ки дар тибби халқӣ онро ба бисёр дардҳо давобахш медонанд. Онро одатан аз ангур, хурмо, анҷир, шакар, оби найшакар, асал ва аз ҳар меваи обдору ширин, инчунин, аз биринҷу гандум тайёр мекунанд.
Яке аз суннатҳои Наврӯз дар гузашта чунин будааст, ки бомдод рӯзи аввали моҳи Фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Ин ба он маъно буд, ки то Наврӯзи дигар дилҳо аз кина пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ
«Садои мардум»