Диле дар сайри дунёи маъонӣ

№156 (4262) 29.12.2020

OLYMPUS DIGITAL CAMERA Дар шаклгирии шахсият таъсири муҳит низ нақши муҳим мебозад. Ба ҳамин маънӣ дар диёре, ки бо талу теппаҳои баҳорон сабзапӯш ва дашту дамани сайргоҳи насими тозаи пур аз накҳати гулу гиёҳи табиӣ шасту се сол муқаддам тифле ба дунё омад. Волидайн Чилахон номаш гузоштанд.

Дар он айём радиою телевизион дар минтақаҳои бахусус дурдасте чун Кангурт мавҷуд набуд. Мардум кӯфти кору заҳмати рӯзгордориро бо шунидани шеъру сурудҳои содаю овози зиндаи халқӣ мебароварданд, аҳли адабу мусиқиро болои дидаю сар ҷо медоданд. Дар деҳаи Чавроғи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик — зодгоҳи Чилахон сарояндагони мардумӣ зиёд буданд, вале аз беҳтарин овозхонҳои бо ҳама маънояш мардумӣ, ки дигар ҳунармандон аз мактаби ӯ гузашта буданд, Карими Шиш эътироф гардида буд. Номбурда сабку услуби тамоман хоси сарояндагӣ ва ҳатто мактаби худро дошт. Мутаассифона, он мактаби ҳунарӣ дар аҳди мо ба фаромӯшӣ рафтааст. Худ қазоват кунед, ки дар он замон мактабҳои алоҳидаи мусиқӣ, бахусус, дар манотиқи дурдаст, мавҷуд набуд. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, мутрибону сарояндагон чун гулҳои худрӯй зуҳур менамуданд, ки на танҳо доди суханро медоданд, балки мактаб доштанд. Чилахон Холов низ айнан аз зумраи ҳамон гуна истеъдодҳои худодод ба шумор меравад.

Чилахони наврас ҳамроҳи ҳамсолон, қариб ки аз тамошои тӯю сур ва бузкашию гӯштингирӣ қафо намемонд. Аз иштирок ва тамошо дар чунин маъракаҳо ҳаловат мебурд ва орзуи онро мекард, ки чун ҳамдиёрони номдор ҳунар аз бар карда, дар хизмати мардум бошад. Солҳо мегузаш­танду ҳеҷ не, ки роҳи ояндаро муайян карда тавонад. То ҳадде ки мактаби миёнаи зодгоҳро низ хатм намуд ва сазовори номи донишҷӯ дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон гардид. Вале тад­риҷан дар хеш муҳаббатро ба санъат эҳсос намуду роҳи зиндагиаш дигар гашт. Рӯ ба овозхонӣ ва ба адабиёту шеър овард, зеро онҳоро бе якдигар тасаввур наметавон кард. Зарур донист, ки беҳтарин дурдонаҳои маъниро пайдо ва пешниҳоди ҳаводорон гардонад. Аз ин лиҳоз, дар миёни овозхонҳои маҳбуб аз ҷиҳати донистани байту ғазалиёти ноб ва интихоби маънӣ мавқеи хоса дорад. Дар баробари ин, нозукиҳои касбро аз устодон Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Акашариф Ҷӯраев, Яхшӣ Баротов ва бисёр дигарон омӯхт. Сирри муваффақиятҳои ӯ аслан, дар азму иродаи қавӣ, муҳаббати беандоза ба касб ва заҳмату ҷустуҷӯ ва омӯзиш мебошад. Ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ, аз солҳои донишҷӯӣ ҳамчун овозхон шуҳрат пайдо намуд. Омили дигари маҳбубияти ӯро дар он шарҳ додан мумкин аст, ки ба фолклор – эҷодиёти бадеии даҳонии халқ рӯ овард ва онро ба қавле, рушд бахшид.

Кор дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда, роҳбари бадеии Ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина», роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Фалак», директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин, сармуҳаррири Идораи мусиқии ТВ «Сафина», сармуҳаррири Идораи мусиқии ТВ Тоҷикистон, муовини директори Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, директори Кохи «Ҷомӣ» ба дилбохтаи санъати миллӣ Чилахон Холов мусоидат ба он намуд, ки жарфтар ба олами зебои ҳунар ворид гардад ва дар тарғибу ташвиқи санъати овозхонӣ саҳми шоиста гузорад. Бо шарофати болу пари баланду дурпарвози ҳунар ба Чилахон Холов насиб гардид, ки бо аҳли эҷоди дастаи «Ганҷина» аз кишварҳои Ҳиндустон, Молдова, Ироқ, Голландия, Фаронса, Россия, Ӯзбекистон бо сафарҳои ҳунарӣ дидан намояд. Санъати миллии тоҷикро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, бо ҷоизаҳо ба Ватан баргардад.

Тавре ки зикр намудем,оҳангсоз, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов дар сароидани сурудҳои халқӣ, ба ибораи халқ, устухон надорад. Сурудҳои машҳури «Қошуқтарош», «Хамида мӯи сиёҳ», «Кадудона», «Магаме», «Каҷкӯло», «Бозубанд», «Куртаи пар – пар», «Нақши қолин» ва дигар сурудҳои ӯ имрӯзҳо аз дӯстдоштатарин суруду таронаҳои халқӣ миёни мардум эътироф шудаанд. Ҳамчунин, сурудҳои панду ҳикматомез ва тарбиявии ӯ бо ғазалҳои ноби Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Саноӣ, Ҳилолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Анварии Абевардӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Холмуҳаммад Хастаи Кангуртӣ, Сӯфии Ашқарӣ, Хаёлии Бухороӣ низ миёни ҳаводорон маҳбубияти хосаро касб намудаанд.

Чилахон Холов аз тараннумгарони вижаи сурудҳои ватандӯстӣ маҳсуб ёфта, беҳтарин сурудаҳоро аз ашъори шоирони муосири тоҷик омода ва пешкаши ҳаводорон гардонидааст.

Синни камолот барои ҳунарпеша нуқтаи анҷоми фаъолият набуда, балки авҷи ҳунари ӯ ба ҳисоб меравад. Инро дар фаъолияти сарояндаи маҳбуб Чилахон Холов баръало дидан мумкин аст. Барояш офият ва барори кори эҷодиро таманно менамоем.

Ба қавли Соиб:

Хокиёни поктинат донаи як субҳанд,

Ҳар кӣ як дилро навозиш кард, оламро навохт.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»