Хонандагони азиз, тавре иттилоъ доред, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд. Дар баробари ин, рӯйдоди фараҳбахши дигар таъсиси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Он 12-уми январи соли 2024 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми январи соли 2024 номзади илмҳои филологӣ, фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъйин гардид. Ба ин муносибат бо Дилшод Раҳимӣ суҳбат оростем.
- Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру илова ворид кард, ки мутобиқи он, ҳамасола 30-юми январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад.
- Бале. Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро ниёгони мо, яъне ақвоми ориёӣ бунёд гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки ин ҷашнҳоро мақоми давлатӣ дода, чун арзишҳои фарҳангии ниёгони худ дар чорчӯбаи қонун эътироф кардааст. Ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҳақиқии ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аст.
- То замони мо Садаро мардум чӣ гуна таҷлил мекарданд?
- Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Он ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагӣ ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор мепартояд, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегирад. Мардум, ки то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд, аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ хонданд. Шоҳ Ҳушанг ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.
Таҷлили ҷашни Сада дар замони шоҳаншоҳии Сосониёну Сомониён ба авҷи аъло расида буд. Дар даврони салтанати Ғазнавиён, махсусан дар замони ҳукумати султон Масъуди Ғазнавӣ, рӯ ба инқироз овард. Пас аз ҳамлаи муғул ва мухолифати ҳокимони турктабору мутаассибони дин Сада, ки дар меҳвари он оташ қарор дошт, дигар расман таҷлил намешуд. Ҳарчанд аз асрҳои миёна то рӯзгори мо ҷашни мазкур бо номи Сада ёд намешуд, лекин таҷлили он дар байни мардуми заҳматкаш дар шаклҳои гуногун роиҷ буд. Мардумшиносон маросими Хирпичор (дар Бадахшон), Ҳут (дар водии Рашт), чоршанбесурии маъруфро идомаи ҷашни Сада шумурдаанд, ки то имрӯз қисман маъмул мебошанд. Ҳамчунин, сайрҳои зимистона бо номи «сайри мазор» аз шаклҳои тағйирёфтаи ҷашни Сада мебошанд.
- То замони Истиқлолияти давлатӣ сокинони мамлакат дар бораи ҷашну суннати миллӣ тасаввуроти кам доштанд. Сабаб чӣ буд?
- Аз даврони истилои муғул танҳо Наврӯз бо номи худ боқӣ монд, дигар ҷашнҳо, ба монанди Меҳргону Сада ва Тиргон номҳои худро тағйир доданд. Сабаб таъсири ифротии рӯҳониён буд. Ҳукумати шуравӣ иду рӯзҳои таърихии худро ҷашн мегирифт ва ба ҷашнҳои миллӣ зиддият нишон дод. Масалан, Наврӯзро, ки ҷашни сирф табиӣ ва кишоварзон аст, динию феодалӣ хонданд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ эҳё шуданд.
- Баъзе донишмандон бар он назаранд, ки ҷашни Сада баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ аст. Шумо чӣ назар доред?
- Ҳама ҷашнҳои тоҷикон заминаҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доранд, аз ҷумла Сада. Шояд дар замонҳои қадим ҷанбаҳои динӣ ва эътиқодӣ доштаанд, ки дар тӯли таърих аз байн рафтаанд. Як далели бисёр муҳим он аст, ки дар китоби муқаддаси зардуштиён Авесто аз ин ҷашнҳо ёд намешавад. зеро ҷашнҳои табиӣ буданд ва зардуштиён онҳоро вориди китоби муқаддасашон накардаанд. Дар мавриди этимологияи номи Сада андешаҳо гуногунанд. Машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Ҳарчанд Берунӣ ва Гардезӣ онро аз мардум гирифта дар китобҳояшон ҷой додаанд, аммо ақидаи омиёна ва ғалат аст.
Сада, яъне рӯзи садум аз оғози зимистони панҷмоҳа аст. Ин ақида аз бисёр куҳан будани ҷашни Сада дар миёни ориёиҳо шаҳодат медиҳад. Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, вале марбут ба бузургдошти оташ аст. Зардуштиёни остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман, зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бошукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон чанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 метр ва қутраш ба 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми баҳманмоҳ ва ҳангоми ғуруби офтоб рост меояд. Дар маросим ҳазорҳо нафар ҷамъ омада, сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонии ҳосил бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба мавсими баҳорро ифода мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки иди Сада рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад. Ҷашни Сада дар таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ботантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Ба қавли Фаррухӣ (асри XI):
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон, буда, ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз таҷлил мегардад. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва мардум бесаброна ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Мусоҳиб Р. ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»