Ҳадафи ҳамаи динҳо, аз ҷумла, дини ислом, тарбияи дурусти инсон аст. Дини ислом таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили таҳаммул, шафқат, накукорӣ, эҳсонкорӣ, инсофу адолат ва расонидани кумак ба ҳамдигар мебошад.
Парвардигор дар «Қуръон»-и карим аъмоли нангине чун ғайбат, хусумат, бадбинӣ, зӯроварӣ, ифротгаройӣ, расонидани зарар ба одамон, туҳмат, қаллобӣ, дуздӣ, рехтани хуни ноҳақ, шӯронидани мусулмонон бар зидди ҳамдигар ва дигар амалҳои номатлубро маҳкум мекунад. Аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз ба ном мусулмонон ба ифротгаройӣ роҳ дода, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил мешаванд. Бехабар аз он ки бо амалҳои зишташон ба дин хиёнат намуда истодаанд. Масалан, дар натиҷаи амалҳои зишти ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористии «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Толибон», «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳо, ки худро ҳомиёни дин мепиндоранд, дар 10 соли ҷанг дар Сурия беш аз 550 ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд, ки 15 ҳазорашон кӯдакон мебошанд. Шумораи гурезагони дохилии мамлакат ба 9 миллион нафар расида, шаҳру деҳаҳои обод ба вайрона табдил ёфта, ёдгориҳои таърихӣ валангор ва осори арзиши таърихию илмидошта ба яғмо бурда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар суханрониашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон зикр карданд: «Имрӯзҳо дар 40 мамлакати олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат меварзанд. Гузашта аз ин, тақрибан 70 миллион нафар одамон аз 100 давлати дунё, бинобар ноором гаштани вазъият дар натиҷаи амалҳои террористӣ, макони зист ва Ватани худро тарк намуда, ба азобу шиканҷаҳои шадиду мудҳиш дучор шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар натиҷаи амалҳои зишти ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро, ки ба рӯи худ ниқоби «муҳофизи тозагии дини ислом»-ро кашидаанд, инсоният ба гирдоби фиребу таҳқир, манфиатталошӣ ва бартариҷӯйӣ кашида шуд».
Агар асри XVII дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан 3 миллион нафар кушта шуда бошанд, дар асри XVIII ин нишондиҳанда ба 5 миллион, дар асри XIX ба 10 миллион, дар асри XX ба 100 миллион кас расида, дар 19 соли асри XXI дар натиҷаи ҷангу амалҳои террористӣ миллионҳо нафар қурбон шуданд, ки аз асри пеш бамаротиб зиёдтар аст. Агар масъаларо мавриди пажӯҳиш қарор диҳем ҷангу бесомонӣ ва низоъҳо асосан дар давлатҳое, ки мусулмонон зиндагӣ мекунанд, ҷой доранд. Сабаб чист?
Сабаби асосӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбҳои бадхоҳ, ки аз номи дини ислом баромад мекунанду бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои зишташон ноил гарданд, динро бо сиёсат ҳамроҳ намуда, байни мусулмонон гурӯҳҳои ба ҳам мухолифро ба вуҷуд оварданд. Давлатҳои абарқудрат бошанд, фурсати қулайро аз даст надода, барои соҳиб шудан ба сарватҳои табиии мамлакатҳои мусулмонӣ, бартараф кардани сарварони «гапнодаро» ва ё аз ҷиҳати ҳарбӣ заиф кардани онҳо кӯшиш менамоянд. Инчунин, ба воситаи хадамоти ҷосусӣ сарварони ҳизбу ташкилотҳои ифротгару террористиро ба тарафи худ ҷалб намуда, онҳоро маблағгузорӣ менамоянд ва гурӯҳҳои бо ном «мухолифини яроқнок»-ро таъсис медиҳанд.
Даҳаи охири асри гузашта ҳамчунин ҳолат дар кишвари мо ба амал омад. Бо супориши хоҷагони хориҷиашон ҲНИ ва пайравони он дар Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо ташкил дода, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар кушта, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуданд. Деҳаю шаҳрҳои обод ба харобазор табдил ёфта, ба иқтисодиёти давлат наздики 8 миллиард доллар зарар расид.
Ҳоло вазъи ҷаҳон аз талаб менамояд, ки қувваҳои солими ҷомеа ва ходимони динро барои паст намудани шиддати низоъҳои харобиовар равона созем, сатҳи маърифати динии ҷомеаро баланд бардорем. Ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти хоса диҳем, фитнаю ғаразҳои ифротгарон ва пайравони онҳоро, ки ба дини мубини ислом иснод меоранд, дар асоси далелу рақамҳои саҳеҳ ба мардум фаҳмонем.
Бояд дуруст дарк намоем, ки муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст. Дар ин вазъи басо хатарнок бояд ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон аҳамияти хоса зоҳир намоем, чунки яке аз воситаҳои асосии таъминкунандаи Истиқлолияти давлатӣ ва озодии мардум маърифатнок ва соҳиби ҷаҳонбинии бой будани халқ мебошад. Бинобар ин, омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони миллати тоҷик: Муҳаммад ал — Бухорӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Баҳовиддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон муҳим ва муфид аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, 675 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои ба бунёди хилофати аз дастрафта иштирок доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Шумораи дар ин гуна ҷангҳо кушташудагон аз 500 нафар зиёд аст. Баъди дар Сурия ва Ироқ саркӯб шудани ҷангиёни бо ном «Давлати исломӣ», теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон омаданд ва тайёранд, ки ба Ватани хеш ҳамла оранд. Бисёрии ин гуна фирефташудагон вақти дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, таҳсили ғайриқонунӣ дар мактабҳои динии мамлакатҳои хориҷӣ ба доми ифротгарон афтодаанд. Хушбахтона, ба мақомоти давлатӣ муяссар гардид, ки зиёда аз 3450 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои динии мамлакатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонанд. Танҳо солҳои 2018-2019-ум 57 нафар ба Ватан баргаштанд, аммо то ҳол наздики 400 кас таҳсилро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки соли 2018 аз тарафи мақомоти амнияту милитсия 302 сокини вилояти Суғд, бинобар шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ дастгир шуданд. Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу осебангези кунунӣ падарону модарон, омӯзгорон, пирони хирадманд, ходимони дин, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатию ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки рӯзҳои талху сангин, мудҳишу даҳшатангези солҳои 90-уми асри XX-ро ба ёд оварда, барои такрор наёфтани онҳо ҷавононро, ки ояндасози миллат мебошанд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ тарбия намоянд.
Орифҷон СОДИҚОВ,
полковники мустаъфӣ,
раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон