Вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон як қатор дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд. Яке аз чунин вазифаҳои муҳим таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони варзида, докторҳо ва номзадҳои илм анҷом дода шуд. Тавре зимни суҳбат бо мо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов иброз дошт, бори нахуст ба хотири таҳкими мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» нашр мешавад. Фарҳанги имло беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳотро дар ҳаҷми 320 саҳифа бо дарназардошти ниёзи ҷомеа фаро гирифта, бо истифода аз маблағгузории Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 15 000 (понздаҳ ҳазор) нусха нашр мешавад. Фарҳанги мазкур дар асоси қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия шуда, бештар вожаю истилоҳоти маъмулеро, ки ҳамарӯза дар коргузории созмону идораҳо ва воситаҳои ахбори омма истифода мешаванд, фаро мегирад.
-Нашри ин китоб яке аз корҳои ниҳоят муҳиме дар самти тозагии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунии давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, зеро санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаровон дар бахшҳои гуногуни сиёсат, иқтисод, фарҳанг, ҳуқуқ, илму техника, фановарӣ ва ғайра, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ таълиф шудаанд, бар асоси як манбаи муътабар — «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бояд арзи вуҷуд дошта бошад, то дар таҳияи қонунгузории имло ва иншои қонунҳо ба иштибоҳ роҳ надиҳем, — зикр намуд Д. Саймиддинов. -Бар асоси фарҳангҳои қаблӣ, ба монанди «Луғати имлои забони адабии тоҷик» соли 1974 ва нашри «Луғати имло»-и соли 1991 дигар ҳеҷ гуна Фарҳанги имлоро дар замони истиқлолият, яъне давроне, ки забони миллии мо дар мақоми забони давлатӣ фаъолият мекунад, надоштем.
Мавсуф ҳамчун мутахассиси риштаи забонҳои бостон ва давраи нав изҳор дошт, ки имлои забони тоҷикӣ дар соли 1998 низ камбудиҳои зиёд дошт. Бинобар он, зарурати таҳияи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби Сарвари давлат таъкид шуда буд ва иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи ин фарҳанг аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим арзёбӣ шуд. Яъне, пас аз 22 сол Фарҳанги имло бори нахуст бо ислоҳ нашр мешавад.
Ба таҳияи Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъсис (охирҳои соли 2009) шуруъ кард. «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бар асоси меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ таҳия шуда, барои ҳама забонҳои дунё ва забонҳои соҳибалифбо қобили қабул аст ва ҳоло дар КВД КТН «Шарқи озод» зери чоп аст.
Дар идомаи суҳбат Додихудо Саймиддинов, ки яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» мебошад, зикр намуд, ки Фарҳанги имло аслан бар асоси «Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ» чоп шудааст. Истилоҳҳои дар Фарҳанги имло ҷойдода мавриди истифодаи умум қарор доранд ва бештар дар қонунгузорӣ, умури идорӣ, фаъолиятҳои сиёсиву иқтисодӣ ба кор мераванд. Яъне, ин фарҳанг фарогири вожаҳои маъмулӣ ва вожаҳои мавриди истифода дар забони миллии тоҷик аст.
Бо ҳамин ҳадаф Фарҳанги имло дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 таҳти №458 тасдиқ шуд. Дар банди 3-юми ин қарор омадааст, ки: «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад».
Д. Саймиддинов ҳамзамон гуфт, ки чопи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад. Фарҳанги мазкур бо иштироки 16 нафар донишмандони шинохтаи забоншинос давоми якуним сол мураттаб гардидааст. Ин фарҳанг дар тафовут аз фарҳангҳои қаблӣ бо ислоҳи ғалатҳо дар асоси меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ таҳия шудааст. Аз ҷумла ташдиди бархе аз ҳамсадоҳо дар вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ, ки бо таъсири забонҳои бегонаи минтақа сурат гирифтааст, дар он ислоҳ шуд. Ба таври мисол, сода бар ивази содда, паша бар ивази пашша (дар савтиёти туркӣ) ва ё мукӣ бар ивази муккӣ-пойафзори суннатӣ, ки аз пӯсти нимпухта дӯхта мешуд, дар забони ӯзбекӣ мӯкки ва ғайра.
Ҳамзамон дар суҳбат зикр шуд, ки дар фарҳанг ду меъёри навишти вожаҳое чун қуфл ва қулф, китф ва кифт, афв ва авф, ки аз роҳи табаддулоти овоӣ дар забони тоҷикӣ ба кор мераванд, истифода шудааст. Дар навишти вожаҳои иқтибосии туркӣ то ҷойе аз имлои форсӣ-тоҷикии суннатии классикӣ, ки тӯли қарнҳо дар осори мо муқаррар шудааст, истифода мегардад. Ба таври намуна, кумак на кӯмак.
Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки забони миллиро мо аз музахрафот ва вожагони бегона, унсурҳои лаҳҷавии бегона наметавонем пур кунем. Забони миллӣ бояд пок, беолоиш бошад, ҳамчуноне ки забони миллии мо дар замони Сомониён буд. Ҳамчуноне ки наср ва назми даврони Сомониён буд. Ба ин хотир, дар муқобили сиёсати халқикунонии забон, ки солҳои 20-30 асри гузашта сурат гирифт ва забони ноби тоҷикиро ба як забони кӯчаву бозор табдил дод, мо кӯшиш намудем, ки фарҳанги мазкурро аз ин гуна камбудиҳо пок таҳия намоем. Инро қоидаҳои имло тақозо мекард, то ки вижагиҳои миллии забони ноби мо дар имлоямон ҳифз карда шавад.
Аз баракати даврони истиқлолият аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро дар ихтиёри донишмандон қарор медиҳад, — гуфт ӯ.
Дар охир аз доктори илмҳои филологӣ Д. Саймиддинов иллати ба дарозо кашидани чопи Фарҳанги имлои забони тоҷикиро пурсон шудем. Мавсуф зикр намуд, ки сабаби сари вақт нашр нашудани ин китоб на дар маблағгузорӣ, балки нуқта ба нуқта тафтиш ва таҳқиқ кардани ғалатҳо дар Фарҳанги имло буд. Вале, — изҳор дошт мавсуф, — бо вуҷуди таъхир бо дастгирии Ҷаноби Олӣ ва маблағе, ки аз Фонди Сарвари давлат ҷудо шуд, ин фарҳанг дар ниҳоят рӯйи чопро дид ва рӯзҳои наздик тариқи муассисаҳои давлатӣ паҳн карда мешавад.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»