Солҳои охир ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта истодаанд. Санъаткорони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ доштанд. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Инак, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз як муждаи нав — киносозони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ аз ҳаёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ филми бадеӣ ба навор мегиранд. Ин масъулияти муҳими давлатӣ бар уҳдаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва киностудияи «Ӯзбекфилм» гузошта шуд.
Ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба имзо расиданд.
11 июни соли 2021 ҳангоми боздид аз вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қасри Арбоб бо роҳбарон, аҳли зиё ва фаъолону собиқадорон вохӯрда, ҳангоми баромад чунин иброз дошт: «Дар арафаи сафари мо ба Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон бомуваффақият гузашт. Фикр мекунам, вақти он расидааст, ки беҳтарин анъана ва ҳамкориҳои ходимони кинои ҳар ду кишварро аз нав ба роҳ монем. Ман дирӯз ба бародарам (манзур Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон. Т. Н.) гуфтам, ки шахсан ман ин орзуро дар дил мепарварам.
Ман мехоҳам ба шумо орзуямро гӯям, ки дар экранҳои кино филми бадеӣ бахшида ба дӯстии байни халқҳои мо, аз ҷумла дӯстии байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоиро бинам!
Бешубҳа, ман дирӯз ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, ки ҳар қадаре душвор бошад ҳам, мо якҷоя чӣ қадар арзиш дошта бошад, бояд ин филмро таҳия намоем?
Бигузор ҷавонон донанд, ки мо чӣ қадар решаҳои қадимии дӯстии амиқ ва таърихӣ дорем…
Ҳоло фурсати он расидааст, ки ин ҳадафро амалӣ гардонем ва ман бовар дорам, ки шумо моро дастгирӣ мекунед».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳоди Шавкат Мирамоновичро бо камоли майл дастгирӣ карда, изҳор намуданд, ки ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар таҳияи филми бадеӣ аз ҳаёти ҳар ду бузургмард саҳми хешро мегузорад.
Баъд аз ин пешниҳод дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳти роҳбарии директор Маҳмадсаид Шоҳиён аз ҳисоби олимон, таърихшиносон, адабиётшиносон, адибон, киношиносон, драматургон гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Ба гурӯҳи корӣ филмҳои мустанади «Абдураҳмони Ҷомӣ» (истеҳсоли Агентии кинематографияи Ӯзбекистон, соли 2021) ва «Абдураҳмони Ҷомӣ» (истеҳсоли МД «Тоҷикфилм», соли 1964) намоиш дода шуд.
Азбаски он айём бемории сироятии COVID -19 дар ҷаҳон паҳн шуда буд, ҳайати гурӯҳ ба хулоса омаданд, ки бо ҳампешагони ӯзбекистонӣ аз тариқи онлайн вохӯрда, аз мақсаду мароми ҳамдигар огоҳӣ ёбанд ва ҳамкории дутарафаро ҳангоми таҳияи сенарияи филм ба роҳ монад.
9 июли соли 2021 аввалин видеоконференсия миёни олимону киносозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузашт. Дар он гурӯҳи зикршуда иборат аз нависандагону драматургон ва киношиносону нависандагон, ҳамчунин таҳиягарони кино Искандар Усмонов ва Муҳаббат Сатторӣ иштирок карданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, ҷонишини директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Ш. Ризаев, сенарист Рустам Ҷабборов ва дигарон иштирок доштанд.
Ҳамин тариқ, гурӯҳҳои корӣ борҳо тариқи онлайн бо ҳам мулоқот ва видеоконференсияҳо гузарониданд ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд.
18 августи соли ҷорӣ дар МД «Тоҷикфилм» дар ҷаласаи шӯрои бадеӣ сенарияи «Дурахши ахтарон» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа директори МД «Тоҷикфилм» М. Шоҳиён, мушовири илмии филм, академик А. Раҳмонзода, доктори илми филологӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода, корманди илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик М. Орумбекзода, дотсент, санъатшинос С. Музофиршоева, сенариянавис ва режиссёр С. Ҳақдодов ва аъзои шӯрои бадеии МД «Тоҷикфилм» иштирок намуда, сенарияи «Дурахши ахтарон»- ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гурӯҳи корӣ эроду иловаҳоро нисбат ба сенарияи аз ҷониби ҳамкасбони ӯзбекистонӣ пешниҳодшуда баён намуданд. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бояд симои ҳар ду — Ҷомӣ ва Навоӣ дар як радиф тасвир карда шаванд.
Барои амалӣ намудани ин иқдом муаллифони сенария Сафар Ҳақдодов аз Тоҷикистон ва Рустам Ҷабборов аз Ӯзбекистон, режиссёрони филм Файзулло Файз аз ҷониби Тоҷикистон ва Юсуф Раззоқов аз Ӯзбекистон интихоб шуданд.
Инак, кор дар рӯи сенарияи филми бадеии «Дурахши ахтарон» (номи шартӣ) ва коркарди режиссёрӣ хеле ҷиддӣ оғоз гардид. Боварӣ ҳаст, ки дар муддати як сол банаворбардории филми номбурда ба охир мерасад ва мо — тамошобинон шоҳиди боз як падидаи хуби фарҳангӣ хоҳем гашт.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»