Илмат ба амал чу ёр гардад

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст

№101 (4521) 15.08.2022

Байни мардуми кӯҳистон мақоле роиҷ аст: «Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст, лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз». Ин ҳикмати бузург фалсафаи зиндагии мардуми кӯҳистон аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ибтикори дурбинонаи роҳбарияти давлати навтаъсиси соҳибистиқлоли тоҷикон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев таъсис ёфт, ки орзуи деринтизори ҳама сокинони вилоят буд.

Чун тамоми хурду бузурги ин диёри афсонавӣ, кулли аҳли деҳаи кӯчаку зебои Дарморахт низ аз даврони пеш мардумаш ташнаи илму маърифат эътироф мегарданд ва дар ин бобат ривоятҳо ҳам бофтаанд. Хонаводаи амаки Шабоз ҳам аз зумраи чунин хонаводаҳоест, ки падари бузургвору модари меҳрубон шабу рӯз дар кӯҳу дамани диёри мушкилписанд танҳо ба хотири соҳибмаърифату баланд­фарҳанг ва  соҳибмаълумот ба камол расондани фарзандон заҳмат мекашиданд. Ин буд, ки минбаъд дар ин хонадони поксиришт, воқеан, фарзандоне камол ёфтаанд, ки номбардори хонавода ва кишвару миллат гардидаанд.

Албатта, роҳ ба сӯи камолот, илму маърифат ва некномӣ дар кадом самти рӯзгору ­фаъолият набошад, ҳамвор нест. Касоне дар ин роҳ муваффақ мегарданд, ки аз мушкилоти он намеҳаросанд, шабу рӯз заҳмат мекашанд, адолатро пеша мекунанд, ҳақиқатро дар ҳама ҳолатҳо ҳимоя мекунанд,  манфиати ҷомеаро аз манфиати шахсӣ афзал медонанд.

Яке аз фарзандони ин хонадони намунавии амаки Шабоз академик Мирганд Шабозов мебошад, ки дар пайроҳаи давлатдориву илму маърифат устуворона қадам ниҳод.

Роҳи тайкардаи ҳаёти ин ҷавонмарди муътабар  бо наб­зи рӯзгори даврон, пешрафти кишвар  ва ҳамсолонаш  ҳамнавост. Вай мактаби миёнаи деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнонро бо медали тилло хатм намуда, ба пойтахти кишвар раҳсипор гардида, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Риёзиётро барҳақ шоҳи фанҳо меноманд ва интихоби ин самти илм барои Мирганд Шабозов, ки соҳиби дониши баланд ва доираи назари васеъ буд, рӯ сурхиҳои зиёд овард. Вай баъд аз хатми донишгоҳ муддате дар ин боргоҳи маърифат дар радифи устодонаш ба толибони дониш нозукиҳои илми риёзиро омӯхта, баъд аз ду сол барои такмили ихтисос ба Украина рафт ва дар муҳлати кӯтоҳ рисолаи номзади илмҳои риёзиро ҳимоя намуд. Баъд аз чанд соли омӯзгорӣ дар донишгоҳи таҳсилкардааш Мирганд Шабозов низ рисолаи докториро дифоъ намуда,  чун  олими шинохта дар дунёи илми кишвар зуд шуҳрат ёфт.

Қаҳрамони матлаб аз соли 2001 узви вобаста ва аз соли 2008 академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар радифи фатҳи зинаҳои баландтарини илм, академик Мирганд Шабозов чун роҳбари кордону ташаббускор қобилияти баланди сарварӣ ва имкониятҳояшро дар арсаи сиёсат амалӣ намуд.

Бо назардош­ти қобилияти баланди ташкилотчигӣ бо дастури Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мирганд Шабозов солҳои 1998-2005 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоевро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуд. Дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки беҳтарин устодонро ба ин донишгоҳи навтаъсис ҷалб намуда, барои донишҷӯён шароити хуби таҳсил фароҳам орад ва онро ба яке аз донишгоҳҳои намунавии ҷумҳурӣ табдил диҳад.

Баъд аз чанд сол ин роҳбари масъулиятшинос ташаббусу эҷодкориашро зимни сарварӣ ба Кумитаи давлатии омор собит кард. Бо кӯшиши мавсуф кумита аз як ташкилоти баҳисобгириву қайдкунӣ ба маркази таҳлиливу пешгӯикунанда табдил ёфт.

Доираи  фаъолияти  сиёсии Мирганд Шабозов торафт васеъ гардида, номзадиаш дар интихоботи навбатӣ ба  вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 пешниҳод гардид. Интихобкунандагон, ки аз фаъолияти содиқонааш дар ҳама зинаҳо ва шахсияти арзанда будан огоҳии комил доштанд, зимни вохӯриҳо ӯро хеле хуш пазируфтанд.

Онҳо ба тарафдории академик Мирганд Шабозов овоз доданд. Номзади арзанда низ ҳама дархос­ту пешниҳоди интихобкунандагонашро таҳлилу баррасӣ намуда, бо интихобкунандагонаш робитаи хеле зич барқарор кард ва аксари дархосту пешниҳодҳояшонро амалӣ намуда, дар тӯли солҳои 2010 — 2015 ба ҳайси муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок фаъолият намуд.

Зимни адои мансабҳои давлатӣ ҳам робитаашро ҳаргиз бо илм наканда, фаъолияти илмӣ ва таҳқиқиашро муваффақона идома медиҳад. Академик Мирганд Шабозов дар самти илм даҳҳо шогирдон тайёр намуда, бо роҳбариаш 4 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд, 400 мақолаи илмӣ — оммавиро ба нашр расонда, дар конфронс­ҳои байналмилалӣ мунтазам ширкат варзида, дар  мавзӯъҳои муосири илми  риёзӣ суханронӣ намуд.

Заҳматҳои хоксоронаи олими шинохтаву сиёсатмадори варзида борҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ қадршиносӣ гардидаанд. Вай дорандаи унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва чандин медалу нишонаҳои байналхалқӣ буда, соли 2015 барандаи ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Autho 2015» мебошад. Дар арафаи ҳафтодсолагиашон хушхабаре расид, ки аз байни 12 нафар олими шинохтаи ҷаҳонии илму фарҳанг аз 8 кишвар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Мирганд Шабозов бо ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» мушарраф гардидааст. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармуда:

Агар номи баланд аз чарх  хоҳӣ, сабр кун, Соиб,

Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста — оҳиста.

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,

Корманди  шоистаи Тоҷикистон