Достони модар

№30 (4926) 07.03.2025

ПРЕЗ МОДАРШаб. Маҳтоб табассуми ширине бар лаб, савори гардунаи ишқ дар миёни чамани пургули осмон сайр мекард. Насиме атрогин мевазид ва дар он ширмаҳтоб майсаҳо мурғак мерафтанд. Чирчиракҳо тарона месуруданд, бузғолаҳои ширмаст хоби ширин рафта буданд, ситораҳои ошиқ ба сӯи ҳамдигар чашмак мезаданд.

Модар рӯи бистаре, ки бӯи гули ёс медод, осуда мехобид. Ангор фариштае буд, ки аз осмонҳо ба замин омада ва ҳастияш аз нури меҳру вафодорӣ сиришта шуда буд. Дар он дили шаб табассуме ширин дар барги лабони модар ҳувайдо гашт ва чеҳрааш чун гули боғи биҳишт шукуфт. Ӯ хоб медид, хобе, ки касе то он рӯз надида буд, хобе, ки пайғоме дошт ва чун пайке аз олами ғайб ба ӯ мерасид.

Дар хоби модар моҳ дар осмон се давр чархид ва ба сӯи замин омад. Нури замин бештар гашт, дунё зебо шуд, чашмаҳо дурахшиданд, рӯдҳо ҷило доданд, дарахтон ба ҷунбиш омаданд ва шохаҳо дасти дуо гаштанд. Вай писарашро дид, ки савор бар аспи гулибодом хандону шукуфон ба сӯи ӯ меомад. Моҳ ҳам болои сараш дар ҳаракат буд. Ногаҳон маҳтоб ба шакли ҳилол даромад ва рӯи сари писар биншаст. Ҳафт ситораи дигар даври ӯ ба чархиш даромаданд.

Писар аз асп пиёда шуд ва дар ҳоле, ки моҳу ситорагон чун тоҷ рӯи сараш медурахшиданд, дасти модарро бӯсид. Модар ҳам дасти навозиш ба рӯи фарзанд кашид, вале ҳамин ҷо хоб қатъ гашту модар бедор шуд.

Ин хоб орому қарорро аз дили модар рабуд. Ӯ аз куҳансолон шунида буд, ки агар хоб бинӣ моҳ аз осмон биёяду бар сари касе биншинад, ҳамон шахс шоҳ мешавад. Вале модар хобашро ба касе нагуфт, ифшо кардани хоб хосияти хуб надорад, меандешид ӯ.

Рӯзҳо гузаштанду моҳҳо сол шуданд. Ҳар субҳ писар бо дуои модар ба кор мерафту ҳар шом ба дастбӯсиаш мешитофт. Бо ҳар дидани писар он хоб чун навори кино аз пеши чашмони модар мегузашт ва дилаш мисли кабк ба бозӣ медаромаду аз ҳодисаи бузурге гувоҳӣ медод.

Ҳавои Тоҷикистонро абрҳои сияҳ пӯшонданд, дунё нотинҷ шуд. Одамон ба ҳамдигар бадбин шуданд. Ҳар кас бовари худро ҳақ медонист ва бо дигарандеш душманӣ меварзид. Кор ба ҷое расид, ки силоҳ ба даст гирифтанд ва ба сӯи ҳамдигар тир андохтанд. Ҳастии миллатро хатари нобудӣ таҳдид мекард.

Ба гӯши модар ҳам хабарҳое шум мерасид, ӯро нороҳат мекард, хобашро мепаронд. Вай барои ҷигарбандони худ ва фарзандони мардум хавотир мешуд. Рӯи ҷонамоз дуои ҷони онҳоро менамуд. Илоҳо, сулҳу салоҳ шаваду ба пои касе хор нахалад, талаб мекард аз Худо ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ гашта, рухсораҳояшро мешуст.

Вақти пешин ё аср буд, дақиқ ёд надорад. Писар аз кор ба хона омад. Мушавваш ба назар мерасид. Модар ҳам ҳоли ӯро дида ба ташвиш омад.

- Дуои хайрам деҳ, очаҷон! — дасти модарро бӯсид писар. — Бо кори муҳиме ба Хуҷанд меравам.

- Хока гирӣ, зар шавад, ҷони оча! – даст ба дуо бардошт. — Худованд туро дар қатори фарзанди мардум нигаҳ дорад.

Модар ҳамин гуна одат дошт, дар ҳар дуое аввал саодату осоиши давлату миллат, тандурустию хушии ҷомеаро аз Худо мехост, он гоҳ дар ҳаққи фарзандонаш дуо мекард.

Модарон соҳиби дили ҳассос ва бузурганд, онҳо бо як нигоҳ мефаҳманд, ки аз дили ҷигаргӯшаҳояшон чӣ мегузарад, ҳолашон хуб аст ё бад. Он рӯз ҳам модар муҳимияти сафари писарашро ба Хуҷанд ҳис намуд. Вай медонист, ки ӯ корҳои муҳиме дар пеш дорад, рисолати бузургеро бояд анҷом диҳад. Ин чизро пайке аз олами ғайб ба дилаш мерасонд.

Хоби модар ба ҳақиқат мубаддал гашт. Ӯ дар оинаи нилгун дид, ки писарашро Сарвари Тоҷикистон баргузиданд. Ҳаяҷоне вуҷудашро фаро гирифт. Ҳам шод буду ҳам ташвише хотирашро ошуфта мегардонд. Дар чунин замонаи бемеҳру бетараҳҳум кишвареро сарварӣ кардан осон нест. Писари ӯ чӣ гуна бо аждарҳое, ки аз чор тараф оташи ҷангро барафрӯхтан мехоҳанд, сар ба сар мешавад? Модарро фикрҳои мухталиф озор медод, вале садое аз як гӯшаи дилаш баланд гашт: субҳу шом дуогӯи писарат бош! Ӯ оташи ҷангро хомӯш мекунад, сулҳу амниятро ба мардум бармегардонад. Худованд толеи ӯро муборак офаридааст!

Модар даст ба дуо бардошт:

- Худоё, шукри ин рӯзгоре, ки ба мо ато кардӣ, шукри ин Ватан, ин боғу чаман, ин мардуми озодае, ки ба мо додӣ. Ба диёри мо хушбахтиро бирезону наҳсу балоро бихезон, сулҳу сафо биёр, дарду ранҷро бардор! Писарамро амонат ба ту додам, ӯро сарвари шоиста гардон, душманону бадхоҳонашро хору забун соз, давлаташро поянда дору миллаташро сарафроз гардон…

Модарон ҳеҷ гоҳ ғами худро намехӯранд, дар талаби осоиши ҷону тани хеш нестанд, онҳо саодату рифоҳи ҷомеаро мехоҳанд. Медонанд, ки агар ҷомеа ором набошад, хонадони онҳо низ гирифтори ранҷ мегардад. Мурғи шодӣ кӯч мебандад ва мардум ишқро фаромӯш месозанд.

Аз он рӯзе, ки писар Сарвари давлат шуд, ташвиши модар ҳам афзун гашт. Акнун фикру хаёли ӯ фаротар аз хонадон, деҳа ва ноҳияе, ки зиндагӣ мекард, мерафт. Охир, вай акнун модари Раҳбари як давлат аст, дигар наметавонист танҳо дар бораи худашу ҳамдеҳагонаш фикр кунад. Ӯ мисли писараш ғами давлату миллатро мехӯрд, аммо сир бой намедод, фурӯтану меҳрубони ҳама буд. Фақат ҳар гоҳе дуо мекард, вусъати андеша ва хоҳишҳои дили покаш ошкор мешуд. Дар ҳар дуое калимаҳои Тоҷикистон, миллат, ваҳдат, сулҳу ободиро бештар истифода менамуд.

Зане, ки Сарвари давлатро ба дунё овардааст, одами одӣ нест, мегуфтанд одамон дар бораи модар. Аммо ӯ ҳар гоҳе чунин суханонро мешунид, табассуми ширине мекард ва бо ҳамон хоксории ба худ хос мегуфт:

- Худо ҷони модаронро аз санг ҳам сахт офаридааст. Ҳеҷ кас мисли модар ғаму шодии дунёю фарзандонашро бардошта наметавонад. Танҳо модарон медонанд, ки аз дили фарзандон чӣ мегузарад. Ба даргоҳи Худо дуо мекунам, ки ба пои фарзанди касе хоре нахалад ва писари азизи маро ҳам дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад.

Модар медид ва ҳам ҳис менамуд, ки писараш хӯрдану хобиданро фаромӯш кардааст, ҷон дар кафи даст барои сулҳу осоиш мубориза мебарад. Сулҳ, ваҳдати миллӣ, ризоияту ­гузашт ва одамиятро калиди растагорию амният медонад. Ба душманон дасти муҳаббату дӯстӣ дароз менамояд.

Чӣ касе фарзандро мисли модар мешиносад? Чӣ касе дили фарзандро мисли модар мехонад? Ҳеҷ кас!

Ӯ медонист, ки писараш соҳиби қалби бузург аст. Оташе дар вуҷуди ӯ ҷо дорад, ки торикиҳоро равшан месозад, ҷаҳлу нодониро нобуд мекунад. Худованд ба фарзандаш баракате додааст, ки ба тамоми Тоҷикистон мерасад.

Модар ба писараш бовар дошт. Ӯ медонист, ки бо талоши вай сулҳу осоиш меояд, Тоҷикис­тон обод мегардад. Хушбахтона, модар ба он рӯзи хуш расид. Мисли Наврӯз бо талоши писари ӯ Тоҷикистон таваллуде дигар ёфт, шукуфону зебо гашт. Мисли Меҳргон ба рӯи дастархони он баракат рехт, хайру саховат омад. Мисли Сада оташи ишқу муҳаббат хонаҳоро гарм сохт.

Зиҳӣ модаре, ки чунин фарзанди бузургеро ба дунё овардааст! 

ВОРИС,

«Садои мардум»