Наврӯз аз ҷашнҳои дигари бостонӣ Меҳргон ва Сада фарқ дорад. Он дар қадим дар тамоми паҳнои Ориёно, яъне дар давлати Модҳои қадим, Порт (Парфия), Хоразм, Суғд, Бохтар, Сакистон ва замони императории бузурги Ҳахоманишиён ва Сосониён, нимҷазираи Араб, Миср, Ошӯр, Бобул, Африқои Шимолӣ, Юнон, Рум, Арманистон, Хитой, Ҳинд ва Турон (Сибири Шарқӣ) ҷашн гирифта мешуд.
Хушбахтона, дар замони истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз ҷой ва мақоми аслӣ ва азалии худро аз нав соҳиб шуд. Он ҷашни қудсиест, ки аз оғози офариниш то зуҳури дини мубини ислом ва аз оғози дини ислом то ба имрӯз, яъне дар тӯли зиёда 1400 соли дигар бо як меҳру муҳаббати ниҳоят хосу самимӣ ҷашн гирифта мешавад. Агар Наврӯз ҷашни базму сур ва иди бузургу муқаддас намебуд, онро орифони вораста, уламову фузало ва удабову шуаро аз замони одамушшуаро Рӯдакӣ то ба имрӯз васфу ситоиш намекарданд. Наврӯз ин рӯзи оғози офариниш, рӯзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, рӯзи вусъатёбии замин, оғози соли нав ва эътидоли баҳор, баробарии шабу рӯз, ғалабаи некӣ бар бадӣ, яъне мағлубияти аҳримани зишт, рӯзи ба тахти адлу дод нишастани Ҷамшедшоҳи Пешдодӣ, поёнёбии сармову оғози гармо аст.
Ин ҷашнро амирону хулафои Уммавӣ, Аббосӣ, Дайламиҳо, Сомониён, Ғазнавиҳо, Салчуқиҳо, Хоразмшоҳиён, Элхонон, Сафавиҳо, Афшориҳо, Зандиҳо, Қоҷориҳо, Дуррониҳо ва ҳукумати Носируддиншоҳ ботантана истиқбол мегирифтанд. Устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ қайд мекунад, ки дар Бухорои шариф ҷашни Наврӯзро дар «Наврӯзгоҳ»-и мирӣ, яъне дар майдони берун аз шаҳр ботантана таҷлил менамуданд ва он рӯз мардум либосҳои сабзу арғувонӣ мепӯшидану шодӣ мекарданд, хонаву ҳавлиҳои худро рӯбучин, ба якдигар ширинӣ тақдим ва обпошӣ мекарданд. Абӯрайҳони Берунӣ роҷеъ ба Наврӯз ривояте овардааст: «Дар Наврӯз ҷоми симине пур аз ҳалво барои Ҳазрати Пайғамбар (с) армуғон оварданд ва он Ҳазрат (с) пурсиданд, ки ин чист? Гуфтанд: — Имрӯз Наврӯз аст. Пурсиданд, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: — Ҷашни бузурги ориёиён аст ва қавми ориёӣ ид кунанд».
Пас аз он ҳалво тановул карда ва ҷомро, ки пур аз ҳалво буд, миёни асҳоби кироми худ қисмат карда гуфтанд: «Кош, ҳар рӯз барои мо Наврӯз бувад». Устод Саид Нафисӣ нигоштааст: «Дар давраи хилофати Бани Аббос, махсусан, дар замоне, ки вузарои эронӣ, аз ҷумла Бармакиён ба сари кор буданд, Наврӯз дар дарбори эшон шукӯҳи хоса дошта ва дар адабиёти он замон, хоса дар осори Ҷоҳиз ва бештар дар «Китоб-ул-маҳосин ва-л-аздод»-и мансуб ба ӯ, дар ашъори сухансароёни маъруфи дарбори Бағдод ва бештар аз ҳама Абӯнувос ва Бӯҳтурӣ ишораи бисёр дар шукӯҳ ва замони Наврӯзу Меҳргон дар ин давра ҳаст».
Имом Содиқ фармудааст: «Наврӯз рӯзи некуист барои ҳама корҳо, харидуфурӯш, ғарси (коштани) ашҷору зироат ва ғайра. Ҳазрати Амиралмуъминин Алии Муртазо саломуллоҳ фармуданд: «Ҳама рӯзҳоро Наврӯз барои мо қарор диҳед». Шайх Аббоси Қумӣ дар «Мафотиҳ-ул-ҷинон» оварда: «Ва аммо аъмоли иди Наврӯз! Пас чунин аст, ки Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ саломуллоҳ ба Муалло ибни Хунайс таълим фармуда, ки чун рӯзи Наврӯз шавад, ғусл кун ва покизатарин ҷомаҳои худро бипӯш ва аз беҳтарин бӯйҳои хуш худро хушбӯй гардон ва дар он рӯз рӯза бидор. Пас чун аз намози зуҳр ва аср ва нофилаҳои он фориғ шавӣ, чаҳор ракъат намоз (бо ду салом) бигзор. Баъд аз намоз саҷдаи шукр бирав».
Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» боби Наврӯз чунин мегӯяд: «Фарроши боди сабо фарши зумуррадӣ мегустарад ва дояи баҳорӣ баноти набот дар шаҳди замин мепарварад ва дарахтон ба хилъати Наврӯзӣ қабои сабзварақ дар бар мегиранд…».
Алии Шариатӣ фалсафаи Наврӯзро чунин баён кардааст: «… Аммо эҳсос такрорро дӯст дорад, табиат такрорро дӯст дорад, ҷомеа ба такрор ниёзманд аст, табиатро аз такрор сохтаанд, ҷомеа ба такрор неруманд мешавад, эҳсос бо такрор ҷон мегирад ва Наврӯз достони зебоие аст, ки дар он табиат, эҳсос ва ҷомеа ҳар се даст андар коранд».
Таҳияи Бурҳониддини БУЗУРГМЕҲР