Чанде қабл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши драмаи «Дояхотун» баргузор гардид. Онро ҳунарпешаҳои Театри давлатии мусиқӣ — драмавии ба номи С. Сейдини Туркманистон ба саҳна гузоштаанд.
Намоиш ба ишқи поку самимии ҳамсари Султон Салимхон — Доя бахшида шудааст. Аммо ин ишқ ва муҳаббати пок бо дасисабозии вазири дарбору духтараш ба ҷудоӣ мубаддал мегардад. Султон Салимхон зиндагии зоҳидонаро дар биёбон ихтиёр мекунаду Дояи оқилаю заковатманд барои исботи боиффатӣ ва барқарор кардани саодати оилавӣ мубориза мебарад. Ӯ дар он биёбоне, ки шавҳараш гӯшанишинӣ ихтиёр карда буд, корвонсаро бунёд менамояд.
Дар ифтитоҳи он Султон ташриф меорад ва дидори дубораи Доя бо Султон Салимхон боиси шикасти нақшаҳои маккоронаи вазир, исботи садоқат ва покдомании Доя мегардад.
Намоишнома аз рӯйи ривояти қадим таҳия гардидааст. Дар он ҷое, ки Доя корвонсарой сохт, роҳи корвонгузар — ҳамон «Роҳи бузурги абрешим»-и машҳур ба вуҷуд омад ва то ҳол ба ҳамин унвон аст.
А. МИРЗОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев