Зиндагиномаи Искандар Мирзоев ибратбахшу омӯхтанист. Инсонест бисёр шариф, ҳалим, оромтабиат ва рӯзгордида. Бештари умри ӯ дар остонаи Кумитаи телевизион ва радио сипарӣ шудааст. Дар ҳамон ҷо обутоб ёфта, қомат баланд кардааст. Аз муҳаррири одӣ то муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио роҳи тайкардаи эҷодии ӯст. Он ҷое, ки нони ҳалолашро аз сухани нек ва нӯги қалам ёфтааст. Ӯ зиёда аз 60 сол бо қалам ба халқу Ватан хизмат намуд. Ғояҳои созандаро ситоиш карда, нерую қудрат ба таблиғу ситоиши беҳтарин фарзандони созандаи миллат бахшид, ки барояш мояи ифтихор асту шараф.
Искандар Мирзоев аз оғози солҳои 60-ум ба навиштани ҳикоя, очерку фелетон ва публисистика шуғл пайдо карда, бештар ҳикояҳои ҳаҷвӣ менависад. Дар остонаи соли нави мелодӣ суҳбате доштем бо ӯ, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Шумо факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардед ва чӣ сабаб шуд, ки идораи телевизион ба кор омадед?
- Ба журналистика завқи беандоза доштам. Хабару мақолаҳоям дар матбуоти даврӣ, хоса дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп мешуд. Баъди хатми донишгоҳ ба идораи ин рӯзнома омадам, то маро ба кор қабул кунанд, чунки аз ҳама бештар бо он ҳамкорӣ доштам. Бо баҳонаи зиёд қабул накарданд. Ба телевизион рафтам. Он вақт телевизиони тоҷик навтаъсис буд. Матлабамро фаҳмондам. Як моҳ дар шуъбаи танзим таҷриба омӯхтам. Маро баъди таҷрибаомӯзӣ ба сифати муҳаррири одӣ ба кор қабул карданд. Кор дар телевизион заҳматталаб буд. Ба дастгирию коромӯзӣ ниёз доштам. Боиси ифтихор буд, ки Файзулло Ансорӣ, Фотеҳ Исҳоқӣ, Акобир Шарифӣ, Баҳром Фирӯз, Толиб Шаҳидӣ барин журналистону оҳангсозони саршиноси тоҷик ба мо касбият омӯхтанд. Он замон дар телевизион барномаҳое таҳия мегардид, ки дархӯри розу ниёзи мардум буд.
Телевизион дар баланд бардоштани тарбияи эстетикию маънавӣ ва завқи бадеии аҳли ҷомеа нақши беандоза бузург мебозид. Ман дар он ҷо ҳамчун мутахассис қомат баланд кардам ва то ҳол дилам ба журналистика кашол аст. Ба унвони «Рукни чорум» ду китоб навиштам: муҳтавои китоби якум — таърихи пайдоиши телевизион, ёддошт, хотираҳо дар бораи журналистони телевизиони тоҷик буда, китоби дуюм ҳамчун дастури методию амалии жанрҳои телевизионӣ барои донишҷӯёни факултети журналистика мебошад. Дил мехоҳад корҳои нотамомро анҷом диҳам. Умр агар вафо кунад.
- Чун дар остонаи соли нав қарор дорем, хоҳишмандам сухане чанд аз таърихи таҷлили ин ҷашн бигӯед…
- Имсол 100-умин ҷашни солинавӣ барои тоҷикистониён аст. Дар куҷое хонда будам, ки аз бойгонии шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) мадраке пайдо карданд, ки қарори баргузории тантана дар гирди арчаи солинавиро аз соли 1918 тасдиқ мекунад.
Соли нав дар Тоҷикистон зодаи Инқилоби Октябр аст. Бисёр ҷашни бошукӯҳ буда, ягон ҷашнро кӯдакон ба мисли он муштоқона интизор намешаванд. Мардум ба ин ҷашн он қадар таваҷҷуҳ доранд, ки беҳтарин ғизояшонро барои таҷлили он нигоҳ медоранд. Беҳтарин либосашонро дар соли нав мепӯшанд. Чанд сол ҷашнгирии он камранг шуд. Як иддае онро «ҷашни барои мо бегона» мепиндоштанд. Хушбахтона, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ин ҷашн хеле хотирмон хоҳад гузашт. Дар маркази шаҳр арчаи бошукӯҳ оро дода шудааст, ки 25 метр баландӣ дошта, амсолаш то кунун набуд.
- Хотироте, ки аз таҷлили соли нав дар зеҳнатон нақш бастааст, кадомҳоанд?
- Ҳанӯз мактабхон набудам, куртаю шалвори дарида ва дар пой хомак доштам. Бо он либосҳо дар иди соли нав шарм медоштам, сарам аз дасти навозиши падар бенасиб буд. Инро ба модарам гуфтам. Модарам аз ин гапҳои ман ноҳинҷор монд ва маҳзун гашт. Хар доштем ва ба он ҳезум меовардем. Саҳарии барвақт модарам маро аз хоб хезонду гуфт: — Ин ду дарза ҳезумро ба хонаи раиси пункти пахтақабулкунӣ бурда деҳ! Ман ҳезумҳоро бурдам. Аз саҳни ҳавлӣ худи раис баромад. Хеле бузбала буд. Номаш Мавлон. Мегуфтанд, ки одамҳои Мастчоҳ аст. Барои кадом ҳоҷате ба ин ҷо омадаасту муқимӣ шудааст.
- Ин ҳезумҳоро барои чӣ овардӣ?! Ман чӣ гуфтанамро надонистам.
Раис занашро ҷеғ зад ва фармон дод, ки барои ман аз таҳхона 2 қанор биёрад. Ман он қанорҳои карбосиро ба хона овардам. Модарам барои ман ду куртаю шалвор дӯхт. Рӯзи дигар Соли нав буд. Хурсандиам ҳадду канор надошт.
Соли 1950 буд, 31 декабр навбати пода доштем. Ҳамроҳи дӯстам Имод ба подабонӣ рафтем ва нақшаи таҷлили Соли навро кашидем. Он вақт дар водии Вахш гургу шағол ва хуки ёбоӣ хеле зиёд буд. Вақти ҷамъкунии пода дидем, ки 3 гӯсфандро шағолҳо гулӯкан карда, хунашонро макидаанд. Ҳуш аз сарамон парид. Подаро ба деҳа овардем. Соли нав тамоман аз ёдамон рафт. Ҳар се гӯсфанд аз як нафар — акаи Шарифи булбул (он вақтҳо мардҳоро ба номи занашон лақаб мемонданд) будааст. Бегоҳ дар хона ба сарам борони ғам борид.
- Чӣ ногуфта монд?
- Барои журналисти касбӣ шудан бисёр омӯхтан лозим. Беғараз навиштан аз талаботи асосии журналистика аст. Ҳақиқатнигор, созанда ва шикастанафас будан лозим аст, то зеҳни миллиро тақвият бахшем.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»