Ё талоше дар шинохти асрори мӯқалами Зокир Собиров
Нигораҳои офаридааш аз тасвирҳои наққошони дигар тафовут доранд. Ғайриоддианд онҳо. Албатта, ӯ низ чун дигар рассомон андешаҳои файласуфонаю шоиронаашро аз воқеаҳои зиндагию олами ҳастӣ бо рангҳои сафеду сабз, сиёҳу зарду бунафш… баён менамояд, аммо усули истифодаи рангҳо ва техникаи пешниҳоди асарҳо куллан дигаранд. Ин дигаргунӣ танҳо ва танҳо махсуси ҳунари рассомии ӯ мебошад, ки ҳоло дар соҳаи санъати рассомӣ чун ду ривия нав: «Нурворизм» ва «Танворизм» шинохтаю этироф гардидаанд. Мусаввир бо ин равияҳо, ки таърихи тӯлонӣ надоранд, Тоҷикистонро берун аз кишвар, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ борҳо сазовор муаррифӣ намуда, ҷоизаҳои зиёдеро соҳиб шудааст. Шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар ИМА, «Беҳтарин рассом» (соли 2018) дар Украина аз зумраи онҳо мебошанд.
Чанде пеш дар Осорхонаи миллӣ намоиши мусаввараҳои ӯ зери унвони «Ду равияи як рассом» доир гардид, ки онро метавон аз муҳимтарин воқеаҳои фарҳангии соли равон номид. Намоиш ба 50-солагии фаъолияти эҷодии мусаввир бахшида шуда буд.
Қабл аз ифтитоҳи он мутахассисони соҳа эҷодиёти рассомро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ӯро дар таърихи наққошии ҷаҳон муаллифи ду равия муаррифӣ намуданд. Гуфтанд, ки рассоми хушзавқ ин равияҳоро бо номҳои миллӣ — «Нурворизм» ва «Танворизм» ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод ва муаррифӣ намудааст.
Коршиносон равияҳои ӯро дар санъати тасвирии миллию ҷаҳонӣ падидаи ҷадид арзёбӣ карда, онҳоро бо вижагиҳои хоси эҷодӣ ва унсурҳои табииашон сарвати миллии тиҷикон шумурданд.
Вожаи «Нурворизм»-ро чунин шарҳ доданд: он аз калимаҳои тоҷикӣ, арабӣ ва лотинӣ (нур, вор, изм — гароиш ба чизи шабеҳи нуру фазо, дорои нур, такрори фазо ба нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад. «Нурворизм» - равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш ёфта, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. «Нурворизм» дар мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос истифода шуда, интизор меравад ояндаи наздик дар санъати меъморӣ тадбиқ гардад.
«Танворизм»-ро чунин шарҳ доданд: аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм - гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, андешаю шаклу намои мухталиф дорад, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли либос, парда, рӯйҷо мебинем. Ба гуфти ҳунаршиносон «Танворизм» ҳастии дунё, ҳатто он ҷузъҳоеро, ки ба чашми инсон ноаёнанд, боз мекунад.
Дар намоиш намунаҳои барҷастаи эҷодиёти рассом дар самти табиатнигорӣ, ороиши саҳна, меъморӣ, чеҳраофарӣ, воқеиятнигорӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин асарҳо дар қолаби танзими нур ва шаклдиҳии матоъ тасвир ёфта, хеле ҷолибанд.
Яке аз асарҳои наққош, ки дар он воқеияти талхи таърихи начандон дури кишвар хеле моҳирона тасвир гаштааст, «Фарёди солҳои 90-ум» мебошад. Ба асар наметавон бетафовут назар кард. Он ҳузнангез буда, баробари диданаш солҳои нобасомони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ба сари миллати тоҷик тирарӯзҳои бешумор овард, пеши назар меоянд.
Рассом бо забони рангҳо аз рӯзҳои даҳшатбори гузашта бо мо суҳбат мекунад, то ба қадри сулҳу оромише, ки имрӯз дорем, бирасем. Мехоҳад ба тамошогарон аз гузашта сабақ омӯзонад, онҳоро суи некию рушноӣ раҳнамун созад ва рисолати зиёӣ будани хешро назди ҷомеа иҷро намояд.
Ҳар як ҷузъиёте, ки дар ин асар мебинем, рамзеро мемонад, ки дар он маъние нуҳуфтааст. Дар нигоҳи аввал миёнҷои асар матои сафедеро метавон дид, ки кафанро мемонад, аммо чун жарфтар назар афканему маънӣ биҷуем, зани кафанпечеро мебинем, ки атрофаш ҳавопаёмоҳои хурд дар ҳоли парвозанд. Болотар тасвири дигаре шабеҳи офтобро метавон мушоҳида кард, аммо ин офтоб шуъла надорад ва ба атроф нур намеафканад. Тамошогар ҳам бо дидани ин офтоб ҳеҷ гармие эҳсос наменамояд. Ҳама чи сард ба назар мерасад. Офтоби бенур ҳам чеҳра ё ҷисми худи бонуст, ки сард аст, дигар нуру гармие надорад.
Осмон тира аст. Аз он қатраҳо шабеҳи борон ба замин меборанд, аммо борон нестанд. Ин қатраҳоро рассом бо ранги сурх тасвир намудааст. Бале, хунанд ин қатраҳо, хуни даҳо модарону тифлони бегуноҳ, ки дар он рӯзҳои наҳс ба замин рехтанд.
Қудрати мӯқалами наққош чунон пурзӯр аст, ки кас дар назди асар истода, садои дардолудаи «Фарёди солҳои 90-ум»-ро мешунавад. Ин фарёд агарчи маҳзун аст, моро бедор менамояд…
Қисме аз асарҳои намоишро чеҳраҳои офаридаи Зокир Собиров ташкил медиҳад. Онҳо нафарони оддӣ нестанд, балки бузургоне чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва шахсиятҳои шинохата, аз ҷумла шоирон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, ҳунарпеша Марям Исоева мебошанд, ки қавииродаанд, рӯҳияи шикастнопазир доранд ва дар рушди фарҳангу адабиёт ва соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми мондагор гузоштаанд. Онҳоро рассом дар доираи «Нурворизм» аз чанд паҳлу, бисёррӯя ва тавассути рахҳои зиёд тасвир намудааст.
Рассом дар бисёр асарҳои офаридааш талош мекунад асрори ҷузъҳоеро, ки аслан ба чашм аён нестанд, боз созад ва нишон бидиҳад. Яке аз чунин асарҳои ӯ «Симои вандализм» мебошад.
Мо медонем, ки вандализм аслан симои хос надорад. Истилоҳест, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои бераҳмона несту нобуд ва хароб кардани осори пурқиммати маданият ва санъат омадааст. Аммо рассом аз тахаюли бою рангини хеш талош намудааст симои вандализм, моҳияти табиат ва шаклу намои онро тавассути равияи «Танворизм» нишон бидиҳад.
«Фалак», «Тахти хирад» ва чанде дигар, ки аз силсилаи «1001 шаб» мебошанд, ҷолибу диданианд.
Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи тамошогаронро мекашад, силсилаи асарҳои сайёраҳои Манзумаи Офтоб мебошад, ки дар намоишгоҳ ҷойгоҳи хоса доранд. Намоиши асарҳои рассом то 20-уми июли соли равон идома меёбад. Мо тамошои ин ва асарҳои дигари Зокир Собировро ба ихтиёри дӯстдорони санъати рассомӣ вогузор менамоем. Беҳтар ин аст, ки ин ҳама зебоию навовариро бо чашм худ бубинед.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»