Дунявият – муҳтавои Ҳукумати мардумсолор

№22 (4284) 18.02.2021

Башар шоҳиди он аст, ки низоми давлатдории дунявӣ тайи зиёда аз сад соли охир ба унвони беҳтарин модели давлатсозӣ шинохта шуда, элитаҳои сиёсии кишвару миллатҳои гуногуни сайёра ба ин тарзи мудирияти сиёсӣ ва низоми мардумсолорӣ эътимод кардаанд. Иллати эътимод ба ин тарзи идоракунӣ, қабл аз ҳама, дар озод ва боз будани фаъолияти инсонӣ дар муҳиту фазои рангоранги сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ зоҳир мегардад. Бояд таъкид кард, ки намояндагони фарҳангу сиёсати ғарб дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва ҳукумати фарҳангӣ аз садаи XVIII ибтикороти ҷиддиро амалӣ намуда, сохтани давлатҳои секулории миллиро бар мабнои ақлу хирад вазифа ва рисолати инсонӣ талаққӣ кардаанд.

 Тавре маълум аст, раванди барномарезиҳои мудавоми бузургони илму сиёсати ғарбӣ дар заминаи бунёду сохтусози давлатҳои секулорӣ ва хирадмеҳвар аз асри XVIII таҳкиму тақвият ёфта, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими эҷодӣ донишмандону равшанфикрони шаҳире, назири Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон намуданд. Институт ва ниҳодҳои равшанфикри ғарбӣ дар симои маорифпарварони франсавӣ рисолаташонро бар мабнои манофеи миллию мардумӣ дуруст анҷом дода, дар бедории иҷтимоӣ ва фик­рии ҷомеа саҳм гузоштанд. Онҳо аслу арзишҳои муҳтараме мисли ҳувият, шарофат, наҷобат ва асолати инсониро дар маърази таваҷҷуҳи мардумӣ қарор доданд ва дар ин рос­то, бо мутаассибини давр, ки аз қудрати сиёсӣ ва динӣ бархӯрдор буданд, бо силоҳи ақлу мантиқ ва маърифату хирад сахт мубориза карданд. Мубориза бо ин тоифа, ки он замон дар институт ё ниҳоди муътабари калисо ва низоми сиёсии католитсизм мунсаҷим шуда, миёни авом ва элитаи сиёсӣ нуфузи зиёд доштанд, саҳлу сода набуд. Аҳли калисо ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат қарор гирифта, аз имтиёзоти фаровоне бархӯрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгароӣ пардозанд ва аз банди хурофот, ки асрҳо аз тарафи рӯҳониён ба сифати абзори фишору контроли авом ва соири табақаҳои иҷтимоӣ истифода мешуд, раҳо гарданд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI ба бунёди модели дунявӣ камари ҳиммат барбаст ва дар ин самт довталабона гом бармедорад. Муҳим ин аст, ки барои сохтани давлати миллӣ бар мабнои низоми сиёсии секулорӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорем. Ҳанӯз дар қадимтарин бовару эътиқодоти миллӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири бостонӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамчун намуна, метавон аз асотири қадимаи Ҷамшеду Фаридун ёд кард, ки раванди давлатсозиро аз барномарезиҳои дунявӣ ва тадобири фарҳангӣ оғоз кардаанд.

 Миллату мардуме, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ гом мебардорад, ба хирад, дар мадди аввал арҷ мегузорад ва онро меъёри асосӣ дар низоми зиндагӣ мешуморад. Аз ин ҷост, ки давлати дунявӣ ва мардумсолор хирадмеҳвар аст ва ҳар тасмиму иқдомоте, ки элитаи сиёсӣ ва нухбагони фарҳангӣ мегиранд, албатта, дар тарозуи донишу мантиқ баркашида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки давлати дунявӣ хирадбунёд аст. Аз тарафи дигар, давлатҳои дунявӣ ҳамеша дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ амал мекунанд ва дар татбиқи барнома ва стратегияҳои давлатӣ саҳми неруи ақлонии ҷомеа калидӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар низоми давлатдории дунявӣ матраҳ аст, масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод аст. Виҷдони озод он аст, ки ҳар шаҳрванд дар низоми давлатдории секулорӣ ҳаққи интихоб дорад ва дар заминаи пазириш ва ё напазируфтани бовару эътиқодоти динию сиёсӣ, шахсан, бидуни дахолати дигарон тасмим мегирад. Ин аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа ёбад ва роҳҳои тадовуми он ҳамвортар гардад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият мепазирад. Ҳатто дар қадимтарин бовардошти миллӣ, ки дар қолаби асотир ва достонҳои устуравӣ рехта шудаанд, ҳадафи ниҳоӣ ва стратегӣ дар бунёди давлати дунявӣ ба вуҷуд овардани муҳити интихоб озод шинохта шудааст ва ҳаққи интихоби озоди ақидаву мафкура ва бар гардани дигарон таҳмил накардани он меҳвар аст.

Вожаи дунявӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва сиёсӣ, қабл аз ҳама, маънои эътимод ва эътиқод доштан ба ин дунёст. Дар зеҳни дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста ба тааллуқоти ақидавӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфта, дастгоҳи олии роҳбарикунандаи он аз шахсоне таркиб меёбад, ки ба ин дунё бовар доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмеҳварӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони ҳама адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба касе, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолиот таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоранд.

Маълум аст, ки давлатсозии миллӣ, ба вижа дар доираи арзишу идеалҳои миллию дунявӣ кори осон нест, аммо сарфи назар намудани дунявият ва сарчашмаҳои он, ки ҳамагӣ инсонсозу мардумсолоранд, корро дар ин самт мушкил месозад. Таърих ба мо таҷриботи давлатсозии миллиро дар мисоли империяҳои қудратманди Ҳахоманишӣ, Сосонӣ, Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ, Шӯравӣ (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) манзур намуда, дар баробари ин, заволи ононро, ба сабаби хиёнат, нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, маишати бебанду бор, худнамоӣ, бемасъулиятӣ ва саҳлангории давлатмардон сабт кардааст. Бинобар ин, авроқи китоби таърихи миллӣ, ҳамчунин, таърихи Шарқу Ғарбро бо чашми ибрат ва ақлу хирад мебояд ҷиддӣ мутолиа ва дар заминаи он марзу ҳудуди дунявиятро таъйин, таҳким, тақвият ва ҳимоят кард. Илова бар ин, дар саргаҳи давлатсозии миллӣ бар мабнои муҳтавиёти дунявӣ мушкилоти фикрӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дунболагири мост. Мутаассифона, камбуди мутолеотӣ, фақри фикрӣ, набудани ҷаҳонбинии илмӣ бар асари бемасъулиятӣ, бепарвоӣ ба сарнавишти наслҳои ҳозира ва баъдӣ, нотавонии фикрӣ ва эҷодӣ, гироиши маҳдуд ба илму хирад сол ба сол дар тору пуд ва рагу пайванди қишрҳои фарҳангу маърифат реша давонда, ҷомеаро дар баробари ҷаҳолат ва хурофот сироятпазир менамояд. Дар ин замина, наандешадани тадбирҳои судманд хатароти ҷиддие (бунёдгароӣ, ифротгароӣ ва тундгароии динӣ)-ро дар пай дорад. Зимнан, дар кишварҳое, ки тафаккури зиндаи фалсафӣ ҳанӯз вуҷуд надорад, танҳо бо вомгирӣ ва истифодаи тафаккури фалсафии ғарбӣ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, дунёмадорӣ ва низоми секулорӣ муҳтавои давлати демократӣ ва мардумсолориро ташкил медиҳад ва тарзи мудирияти сиёсӣ, ки бар пояи донишу хирад таҳаққуқ ёфтааст, кишвар, давлат, миллат ва халқҳоро ба қуллаи мурод – иттиҳоду ҳамбастагӣ ва рушду тараққӣ мерасонад.

Н. НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода