Дурҷи ҳикмат

№98 (4360) 29.07.2021

Арзиши пули коғазӣ

Омӯзгори равоншинос семинарро ба таври ғайриодӣ оғоз кард. Ӯ пули 50 долларӣ дар даст дошт ва пурсид, ки оё касе мехоҳад онро гирад? Бисёре аз аҳли толор даст бардоштанд. Устод ба нафароне муроҷиат намуд, ки дастҳояшонро баланд накарда буданд. Маълум шуд, ки онҳо низ ба гирифтани пул зид нестанд, вале бо сабаби шармгин будан даст набардоштаанд.

- Хуб, ман пулро медиҳам, вале аввал бо он коре мекунам, — гуфт равоншинос. Ӯ пулро дар кафи дасташ гузошта, бо  панҷаҳояш фишурда, пачақ кард ва боз пурсид, ки оё нафаре онро гирифтан мехоҳад ё не? Ҳама даст бардоштанд.

Устод боз амали дигар иҷро кард: Пули пачақшударо ба замин партофта, бо пояш пахш кард, ки он  чиркин ва пачақтар шуд.

- Дар ин шакл пул ба кӣ лозим аст?- пурсид ӯ ва боз ҳама даст бардоштанд.

- Дӯстони азиз, — гуфт муаллим, — мо ҳоло дарси амалӣ гузаш­тем. Новобаста ба он ки ман бо ин пул чӣ корҳоро анҷом додам, шумо ҳама мехостед онро гиред, чунки он то ҳол арзишашро гум накардааст.

Дар ҳаёт чунин рӯйдодҳо кам нестанд.  Баъзан худро аз зин мепартоем, поймол мекунанд, дар рӯи замин мехобем. Ин воқеиятҳои ҳаёт мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо худро беарзиш меҳисобем. Аммо новобаста бо он ки бо мо  чӣ ҳодиса рух медиҳад, арзиши аслиамонро гум намекунем. Ифлос ё тоза, печида ё дарзмолшуда мо ҳамеша арзишеро доро хоҳем буд, ки онро муаррифӣ мекунем.

Масал дар бораи муносибати байни одамон

Рӯзе Хинг Ши бо яке аз шогирдонаш дар соҳили кӯли хурд, вале хеле зебоманзар нишаста буд. Ҳаво аз атри табиат пур шуда, обанбор ва хомӯшии шамол ҳама чизро бо возеҳии бениҳоят инъикос мекард. Хинг Ши аз шогирдаш пурсид:

- Янг Ли, бигӯ, ба фикрат кай дар муносибатҳои инсонӣ ҳамоҳангии комил ба вуҷуд меояд? Янг Лии ҷавон ва кунҷкоб, ки аксаран бо ҳамроҳии устод ба сайругашт мебаромад, ба фикр фурӯ рафт. Пас аз лаҳзае ба табиат ва инъикоси он дар кӯл нигариста гуфт:

- Ба назарам, ҳамоҳангӣ дар муносибатҳои байни одамон танҳо вақте ба вуқӯъ хоҳад омад, ки ҳама ба хулосаи ягона оянд, як хел фикр кунанд. Он гоҳ ҳеҷ ихтилоф ва баҳс нахоҳад шуд, — гуфт донишҷӯ .

- Не, андешамандона посух дод Хинг Ши, — ин ғайриимкон аст ва лозим ҳам нест. Воқеан, дар ин ҳолат ҳеҷ гуна ҳамоҳангӣ ба вуҷуд намеояд, балки ғайришахсисозӣ ва аз даст додани «ман»-и ботинии ӯ, яъне фардият, ба амал меояд. Одамон на он қадар инъикос, балки сояи якдигар мешуданд. Пас аз каме таваққуф ҳаким илова кард:

 -  Ҳамоҳангӣ дар муносибатҳои инсонӣ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки ҳар як шахс кӯшиш намояд, ки андешаҳои дигар нафарро иваз ва ба дигарон тақлид накунад, балки ҳуқуқи шахси дигарро барои изҳори фардияти худ эҳтиром қоил бошад.

Сатили себ

 Шахсе ҳавлии калону васеъ ва зебо харид, ки дарахтони мевадор дошт.  Дар ҳамсоягии ӯ шахси бахил зиндагӣ мекард, ки бо ҳар навъ табъи ҳамсояи навро хира менамуд. Ҳамсояи бахил сатили партовро пушти дари ҳамсоя мемонд ва ё ягон амали нохуби дигар анҷом медод.

 Рӯзе вай бо табъи хуш аз хоб бархест ва дид, ки пушти дараш сатили партов аст. Онро тоза шуст ва дарунаш себҳои калону ширинро андохта, пеши ҳамсояаш рафт.

Ҳамсояи бахил интизор буд, ки ҳозир вай омада, ҷангу хархаша мебардорад, аммо ӯ  сатили пури себро доду гуфт:

- Ҳар кас доштаашро ба каси дигар медиҳад.

Ду гург

Ҳиндустоние ба наберааш як ҳақиқатро кушод:

- Дар ҳар як инсон ду қувва бо ҳам мубориза мебарад, ки он шабеҳи муборизаи ду гург аст. Як гург — ҳасад, худхоҳӣ, шуҳратпарастӣ, дурӯғро ифода мекунад. Гурги дигар — сулҳ муҳаббат, умед, ростӣ, меҳрубонӣ ва вафодориро.

Писарчаи хурдакак аз суханони бобояш ба ҳайрат омада,  чанд лаҳза фикр намуда,  сипас, пурсид:

- Дар охир кадом гург ғолиб меояд?

 Пирамард табассум намуд ва ҷавоб дод:

- Гурге, ки шумо мечаронед, ҳамеша ғолиб меояд.

Таҳияи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»