АЛАФҲОИ БЕГОНА
Баҳорон. Бобою набера дар полез алафҳои бегонаро тоза мекарданд. Кӯдак пурсид:
- Бобоҷон, чаро алафҳои бегона ин қадар хуб месабзанд, вале он чӣ ки мекорем, ба нигоҳубин ниёз доранд?
- ҳар чизе ки барои одам арзишманд аст, аз ӯ саъю кӯшиши зиёдро талаб мекунад, вале чизҳои зарарноку нодаркор худ аз худ месабзанд.
КӮШИШИ ЯГОНА
Устоди Зен ба шогирдаш камонварӣ таълим медод. Шогирд камон ва ду тирро гирифта, ба машқ омода шуд. Аммо устод яке аз тирҳоро гирифта ба сӯе партофт.
- Чаро тири дуюмро аз ман гирифтед? — пурсид шогирд.
- Ман тири дуюмро нагирифтам, балки тири якумро гирифтам, зеро он ба ҳадаф намерасид.
- Чаро? — бо тааҷҷуб пурсид шогирд.
- Вақте ки тир мезанӣ, медонӣ, ки як тири дигар захира дорӣ, — ҷавоб дод устод.
ИЗДИВОҶ КУНАМ Ё Не?
Ҷавони сарватманд ба назди дарвеш омад, ки дар бозор гадоӣ мекард. Пораи тиллоро ба косаи ӯ андохта гуфт:
- Духтареро дӯст медорам. Издивоҷ кунам ё не.
- Накун.
- Барои чӣ?!
- Агар ту дар ҳақиқат инро мехостӣ, аз ман намепурсидӣ.
ХОҲИШИ МУВАФФАҚ ШУДАН
Марде назди ҳаким омад ва аз ӯ хоҳиш кард, ки чӣ гуна дар зиндагӣ комёб шуданро омӯзонад. Ҳаким мардро маҷбур намуд, ки сарашро ба бочкаи пур аз об андозад.
Баъд сари он мардро дошта ба даруни об зер кард. Мард бо талоши зиёд сар аз об берун оварда, оҳ кашид.
- Вақте ки муқобилати маро паси cap кардӣ, чӣ мехостӣ? — пурсид ҳаким.
- Нафас кашидан, — ҷавоб дод мард.
- Боз чӣ?
- Дигар ҳеҷ чиз.
- Ин аст қувваи як хоҳиш. Ҳар қадар ки мехоҳед, муваффақ шавед, ҳамон қадар метавонед, ба он ноил гардед.
ПАШША ВА ЗАНБӮРИ АСАЛ
Агар шумо аз пашша пурсед, ки оё дар атроф гул ҳаст ё не, ҷавоб медиҳад: «Намедонам». Аммо пору, ахлотҷой ва дигар маконҳои ифлосро номбар мекунад.
Аммо агар шумо аз занбӯри асал пурсед: «Оё дар ин ҷо ягон наҷосат дидӣ?». ҷавоб медиҳад: «Не. Дар ин ҷо гулҳои хушбӯй бисёранд!»
Пашша дар марғзори шукуфон ҷои нопокро ёфта, бар он мешинад ва занбӯри асал дар ботлоқи аз ҳама бадбӯй гули нилуфарро ёфта, аз он гарди гул ҷамъ мекунад.
ТАБИБ ВА ҶАВОН
Табиби африқоӣ ҷавонеро ба ҷангал мебарад. Табиб пир бошад ҳам, тез қадам мезанад, дар ҳоле ки ҷавон борҳо меафтад. Ӯ бархоста, ба замин туф мекунад, дашном медиҳад ва аз паси табиб рафтан мегирад.
Онҳо ба макони муқаддасе мерасанд. Табиб таваққуф накарда, бо роҳи омадааш бармегардад.
- Шумо имрӯз ба ман чизе наомӯхтед, – мегӯяд ҷавон пас аз бори дигар афтодан.
- Ман кӯшиш кардам, ки бароят чӣ гуна бо хатоҳои ҳаёт мубориза бурданро омӯзам.
- Бо онҳо чӣ гуна бояд муносибат кунам?
Тавре ки бо ин афтиданҳо мубориза мебурдӣ, — ҷавоб дод табиб. – Яъне, пеш аз он ки ба ҷои афтодаат лаънат кунӣ, бояд аввал бифаҳмӣ, ки чӣ ба афтоданат боис шуд.
ИМКОНИЯТҲОИ ЗИНДАГӢ
Набера ба аёдати бобояш меояд. Мӯйсафед аз ӯ дар бораи тиҷорат пурсон мешавад, аммо ӯ хомӯш меистад.
- Хаста ба назар мерасӣ, — гуфт бобо.
-Дуруст мегӯӣ, дар зиндагии ман ҳеҷ чизи хубе нест, — оҳ мекашад набера.
- Ман туҳфае омода кардам, ки ғамгинии туро рафъ мекунад, — гуфт бобо. Вале онро дар яке аз қуттиҳо пинҳон кардам ва фаромӯш кардам, ки дар кадомаш.
- Боке нест, зуд меёбам, — табассум кард набера ва қуттиҳоро боз кардан гирифт.
Туҳфа ёфт шуд ва дар он чунин навишта шуда буд: «Дар зиндагӣ дарҳо бисёр аст ва дар паси яке аз онҳо ҳадяи тақдир маҳфуз аст».
Хирадмандон мегӯянд: «Ҳафт дарро кӯфтан лозим, то яке кушода шавад».
ДУШВОРИҲО
Шогирд боре аз устод пурсид:
- Чаро душвориҳое ҳастанд, ки моро барои расидан ба мақсад монеъ мешаванд, аз роҳи интихобкардаамон дур месозанд ва боиси он мегарданд, ки ба заъфи худ иқрор шавем?
Устод гуфт:
- Он чизе, ки шумо «душвориҳо» меномед, воқеан, як қисми ҳадафи шумост. Муборизаро бас кунед. Танҳо дар ин бора фикр кунед ва ҳангоми интихоби роҳ онро ба назар гиред. Тасаввур кунед, ки шумо камон мепаронед. Ҳадаф дур аст ва онро намебинед, зеро тумани ғафси саҳар рӯи замин афтодааст. Оё шумо бо туман мубориза мебаред? Не, шумо мунтазири вазидани шамол ва парокандашавии туман истед. Ҳоло ҳадаф намоён аст, аммо шамол тири шуморо аз ҳадаф дур мекунад.
Оё шумо бо шамол мубориза мебаред? Не, шумо танҳо самти онро муайян мекунед ва тавассути тирандозӣ аз кунҷи каме дигар нишон мегиред. Камони шумо гарон асту сахт, ба кашидани ресмон қувваатон намерасад. Оё шумо бо камон ҷанг мекунед? Не, шумо мушакҳоятонро обутоб медиҳед, ҳар дафъа риштаи камонро бештару бештар мекашед.
- Аммо одамоне ҳастанд, ки аз камони сабук ва чандир дар ҳавои софу ором тир мепаронанд, — гуфт бо яъс донишҷӯ. — Чаро танҳо тири парондаи ман ба монеа дучор мешавад? Оё ҷаҳон ба ҳаракати пешравии ман муқобилат мекунад?
- Ҳеҷ гоҳ ба дигарон нигоҳ накунед, — табассум намуд устод. — Ҳар кас камон, ҳадаф ва вақти тирандозӣ дорад. Баъзеҳо задани дақиқро ҳадаф медонанд, дигарон — имкони омӯхтани тирандозиро.
Устод бо овози паст ба шогирдаш гуфт:
- Мехоҳам ба ту як сирро гӯям, писарам. Туман ба замин намеафтад, то ба тири ту монеа эҷод шавад, бод барои он намевазад, то тири туро ба дигар самт барад, камони сахтро камонвар ба он хотир насохтааст, ки ту худро заиф эҳсос намоӣ. Ҳамаи ин худ ба худ вуҷуд дорад.
ДАРКИ ГУНОГУН
Пирамарде дар даромадгоҳи яке аз шаҳрҳои Ховари Миёна нишаста буд, ки ҷавоне ба наздаш омада пурсид:
- Ман бори аввал ба ин ҷо омадам. Дар ин шаҳр чӣ гуна одамон зиндагӣ мекунанд?
Мӯйсафед бо савол ба ӯ ҷавоб дод:
- Дар он шаҳре, ки аз он ҷо рафтӣ, чӣ гуна одамон буданд?
- Онҳо одамони худхоҳ ва бадкор буданд. Аз ин рӯ, ман бо майл аз он шаҳр хориҷ шудам.
- Дар ин ҷо низ бо ҳамин хел одамон рӯ ба рӯ хоҳӣ шуд, — гуфт пирамард.
Пас аз чанде боз як нафари дигар ба он ҷо наздик шуда, ҳамон саволро ба пирамард дод:
- Ман ҳозир омадам. Бигӯ, падар, дар ин шаҳр чӣ хел одамон зиндагӣ мекунанд?
Мӯйсафед гуфт: — Бигӯ, писарам, дар шаҳре, ки ту аз он ҷо омадӣ, одамон чӣ тавр рафтор мекарданд?
- Оҳ, онҳо меҳрубону меҳмоннавоз ва наҷиб буданд. Дар он ҷо дӯстони зиёд доштам ва аз онҳо ҷудо шудан бароям осон набуд.
- Одамоне мисли онҳоро дар ин макон хоҳӣ ёфт, — ҷавоб дод пирамард.
Тоҷире, ки дуртар аз пирамард ба шутурҳояш об медод, ҳар ду муколамаро шунид. Баробари рафтани марди дуюм ба мӯйсафед бо маломат рӯ овард:
- Ба як савол чӣ тавр ба ду кас ду ҷавоби тамоман дигар медиҳед?
- Писарам, ҳар кас дар дилаш ҷаҳони худро дорад. Оне, ки дар гузашта аз макони зисти пешинааш, чизи хуб наёфта бошад, дар ин ҷо ва ҳатто ҷойҳои дигар низ чизе пайдо намекунад. Баръакс, касе, ки дар шаҳри худ ёру ошноҳое дошта бошад, ин ҷо ҳам дӯстони ҳақиқӣ меёбад.
Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»