Дурҷи ҳикмат

№106 (4526) 26.08.2022

КӮЗА ВА ОБ

Дар мақоли шарқӣ омадааст: «Ҳар чизе, ки дар кӯза аст,  ба пиёла мерезад».

Агар дар он об бошад ва ту хоҳӣ, ки аз кӯза  май бирезад, хоҳиши беҳуда аст.

Одамон низ ҳамин тавранд: баъзан аз шахсе  амалҳоеро интизор мешаванд, ки имкони амалӣ карданашро надорад.

ТАКРОР

Хирадманд ба  чанд нафар  латифае нақл кард. Ҳама хандиданд.

Вай  баъд аз чанд дақиқа боз ҳамон латифаро гуфт. Ин навбат танҳо чанде аз ҳозирон  табассум карданд.

Ӯ ҳамон шӯхиро бори сеюм такрор кард, аммо касе нахандид.

Пасон, табассум карду гуфт: «Шумо наметавонед ҳама вақт ба як шӯхӣ хандед. Пас чаро ба чизҳои беарзиш мудом ғам мехӯред?»

ҲАҚ

- Устод, гуфтед,  агар бидонам кӣ ҳастам, хирадманд мешавам, барои ин  чӣ кор кунам?

- Аввал аз мардум ҳуқуқи муайян кардани кӣ будани худро бигир.

- Чӣ хел?

- Яке туро бад мегӯяд, ба ӯ бовар мекунӣ ва хафа мешавӣ. Дигаре мегӯяд, ки ту хубӣ, шод мешавӣ. Нафари дигар таъриф ё таънаат мекунад, касони дигаре бовар ё хиёнатат менамоянд. То он даме ки ин ҳақро ба онҳо медиҳӣ, ҳеҷ гоҳ худро пайдо карда наметавонӣ.

Ин ҳақро аз онҳо бигир  ва ҳатто аз  ман ҳам.

КИШТИИ ХОЛӢ

Устодам нақл кард, ки дар ҷавонӣ бисёр вақт танҳо ба кӯл мерафтам. Заврақи хурде доштам ба он нишаста, шино мекардам ва соатҳо ба  фикр ғӯтавар мешудам.

Сапедадам ба заврақ нишаста, чашмонамро пӯшида, андеша мекардам, ки ногаҳон қаиқи касе ба заврақи ман бархӯрда, тамоми ин ҳамоҳангии субҳро вайрон кард. Аз ин хеле ба хашм омадам. Соҳиби қаиқро сарзаниш карданӣ будам, вале чашмонамро кушода дидам, ки он  холист. Касе набуд, ки хашмамро ба сараш резам. Аз ин рӯ, боз чашмонамро пӯшидам ва кӯшиш кардам, ки он  ҳамоҳангиро дар худ пайдо кунам.

Чун хуршед тулӯъ кард, оромиш ёфтам. Заврақи холӣ муаллимам шуд. Аз он вақт, агар касе маро хафа карданӣ шавад,  танҳо ба худ мегӯям:«Ин киштӣ низ холӣ аст».

ДЕҲҚОН ВА УСТО

Трактори деҳқон аз кор монд. Ҳама кӯшиши ӯ ва ҳамсояҳо барои таъмир кардани он бенатиҷа шуданд. Ниҳоят мутахассисро даъват намуданд.

Тракторро аз назар гузаронда, стартерро санҷида, капотро баланд бардошта, ҳамаашро бодиққат аз назар гузаронид. Баъд болғаро гирифта, моторро ба нишон гирифта, як маротиба зада, онро ба ҳаракат даровард.

Вақте ки усто варақаи ҳисобро ба деҳқон дод, ба ӯ бо тааҷҷуб нигоҳ карда, хашмгин шуд:

- Шумо барои як зарбаи болға сад танга мехоҳед? — норозиёна пурсид соҳиби трактор.

- Дӯсти азиз, барои як зарбаи болға танҳо як танга талаб кардам ва наваду нуҳ тангаи боқимондаро аз шумо барои он мегирам, ки зарбаро нишонрас зада, нуқсонро ислоҳ кардам, — оромона ҷавоб дод усто.

РАВШАНФИКР

Аз хирадманде пурсиданд:

- Инсони равшанфикр ва рӯҳониро чӣ гуна метавон шинохт?

Ӯ дар посух гуфт:

- Онҳоро бо сухан, зоҳир ва корашон шинохтан амри маҳол аст. Танҳо  фазоест, ки бо ҳузури худ офаридаанд, ошкор мегарданд. Ин ягона далели шинохти онҳост. Зеро ҳеҷ кас қодир нест, дар  фазое, ки ба рӯҳаш тааллуқ надорад, ба таври сунъӣ эҷод кунад.

ИШҚ

Устод аз шогирдонаш пурсид:

- Оё медонед, ки чаро одамон ҳангоми ҷанҷол дод мезананд?

Яке аз донишҷӯён ҷавоб дод:

- Аз он сабаб, ки оромиашонро гум мекунанд.

- Аммо барои чӣ ба шумо дод задан лозим аст? — боз устод пурсид.

Донишҷӯён ҷавобҳояшонро пешниҳод карданд, аммо ҳеҷ кадом ба устод писанд наомад.

Дар ниҳояти кор худаш посух гуфт?

- Вақте ки мардум бо ҳамдигар хархаша мекунанд, дилҳояшон аз ҳамдигар дур мешаванд. Барои он ки дилашонро холӣ кунанд, онҳо бояд дод зананд. Ҳар қадар ки онҳо хашмгин шаванд, фосилаи байни дилҳояшон бештар шуда, садои онҳо баландтар мешавад.

Вақте ки одамон ошиқ мешаванд, чӣ мешавад? Онҳо дод намезананд, балки оромона матлаби дилашонро баён менамоянд. Зеро дили ошиқон ба ҳамдигар хеле наздик аст, масофаи байни онҳо хеле кам аст.

Агар одамон бештар ошиқ шаванд, чӣ мешавад? Дигар гап ҳам намезананд, балки оҳиста — оҳиста бо ҳам ишораҳо мекунанд ва наз­диктар мешаванд. Баъдтар, ба онҳо ҳатто ишора кардан ҳам лозим намеояд, балки  танҳо бо нигоҳ якдигарро мефаҳманд.

Пас, вақте ки баҳс мекунед, нагузоред, ки дилҳоятон аз ҳам ҷудо шаванд, ҳарфҳое нагӯед, ки фосилаи байни шуморо боз ҳам зиёд кунад. Зеро рӯзе фаро мерасад, ки масофа он қадар бузург аст, ки шумо роҳи бозгаштро намеёбед.

КӢ ҲАҚУ КӢ НОҲАҚ?

Ду  оила дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Дар яке пайваста ҷанҷолу нофаҳмиҳо буду дар дуюмӣ муҳаббату якдигарфаҳмӣ.

Зани  ҳамсояи аввал, намефаҳмид, ки чӣ тавр ҳамсояи паҳлуяш бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ мекунад ва ба онҳо ҳасад мебурд. Боре  зан аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ба назди ҳамсоя рафта, фаҳмад, ки сабаби оромии зиндагияшон чист?

Мард ба назди тирезаи ҳамсоя рафта, бодиққат ба хона нигоҳ кард. Дар ҳуҷра ӯ хонумро дид. Вай чанг пок мекард. Дар он лаҳза занги телефон баланд шуд ва зан саросема гулдони гаронбаҳоро дар канори миз гузошт. Пас аз чанд дақиқа шавҳараш вориди ҳуҷра шуд. Вай гулдонро пай набурда, ба он бархӯрд. Гулдони  гаронбаҳо ба фарш афтоду пора-пора шуд.

Ҳамсоя фикр кард, ки  акнун ҷанҷол сар мешавад.

Аммо зан ба шавҳараш оромона гуфт:

- Мебахшед, азизам. Ин айби ман аст. Ман гулдонро дар ҷои номуносиб гузоштам.

Шавҳар ба ӯ посух дод:

- Ту маро бубахш, азизам. Айби ман аст, ки гулдонро надидам.

Мард бо нороҳатӣ ба хона баргашт. Занаш сирри оромии  оилаи ҳамсояро пурсон шуд.

- Бубин, гап дар он аст, ки дар оилаи онҳо ҳама гунаҳгоранд, дар оилаи мо бошад, ҳама ҳақ аст, — оромона посух дод мард.

Тарҷумаи Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»