Ашкнома дар сӯги полковник Ғолибшоҳ Шарифов
Ғолибшоҳ, эй шодравон, эй он ки наздиктарин ғамшарикам будӣ! Ҳанӯз надорам бовар, ки намеоӣ дигар ба дидорам. Намеоӣ, то раҳоӣ бубахшӣ маро аз бодлохи нокасиҳо, аз чанголи девбоди ноинсофоне мисли калхотҳои мусичабару мусичахӯр. Намеоӣ, то дигарбора таскин бубахшоӣ маро, паст кунӣ шуълаи диламро. Намеоӣ, то дигар дамсоз бошӣ бо панҷаҳои ларзону дуоҳои гирёни ман ба ҷониби Худо! Намеоӣ, то ба восӯхти қалби ман як панҷа борони ғазал бипошӣ ва бигӯӣ: эй акаи ҷон, Юсуфҳои гумгашта, ба қавли Ҳофизи бузургвор, боз оянд ба Канъони дилат, ғам махӯр ва ин кулбаи эҳсон рӯзе гулистон хоҳад шуд. Намеоӣ, то дигарбора бигӯӣ: қалами шоир пурзӯртар аз ҳама силоҳу дабдабаву ҳамҳамаҳост. Ва ин гуна қалам метавонад расвои олам кунад заҳҳокпешагон, шахсиятпарастон, иғвогарони туҳматсоз, дастандаркорони чоплус, қонуншиканон, ҳақношиносони сангдилу ноумедкорро!
Ғолибшоҳ! Ту марди таҳамтану солимсурат, зиндагидӯсту зиндадил ва хушсуҳбате будӣ. Чӣ шуд, ки якбора падруд гуфтӣ морову ин ҷаҳонро?! О ваҳ, акнун дарк кардам, аз дилат гузоре доштааст ҷумлаи ноҳақшиносиҳо. Нозук ва ҳассос будааст дилат бо он ҳама танумандӣ. Ту дили маро нигаҳ доштиву аз даст додӣ дили худро. Дареғо, ғофил мондам, варна тақозо намекардам, ки бори гарони ғамҳои маро ба дӯшат бардорӣ. Дареғо, во дареғгӯи туям! Дареғо, дар ин акнунҳо аз аъмоқи ношунавоиям садои шикасти шишаи дилат ҳамсадо бо нолаҳои хоҳари азизат Шоҳида меояд. Медидам, вақте тобутатро аз дари хона бардоштанд, Шоҳида, духтари холаи бузургворам Мамлакат чӣ гуна беҳуш шуду бияфтод; ба сару рӯяш об пошиданд, ба ҳуш омад, аммо ба навҳаи ӯ фиғону нолаи ҳазорон най ҳамнаво буд, чунон ки Мавлонои бузург фармуда:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В — аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Ин дувумин мусибати сахтест дар соли наҳси 2020, ки омад ба сари Шоҳида, ҳамсари додари ман – Шукӯҳӣ. Тақрибан шаш моҳ қабл бародари калонии ӯ Назаршо, шавҳари хоҳари ман, ногаҳон аз ин дунё реҳлат намуд. Ман ҳама вақт аз оинаи охиратнамои дили Ҳоҷӣ Назаршо манзараҳои биҳиштро тамошо мекардам. Ҳоҷӣ Назаршо бароям меҳрубон буд. Акнун тасаввури ман дар ҷустуҷӯи меҳрубониҳои ӯ гузар мекунад аз гулзорҳои биҳишт. Ва мебинам: он ҷо модари азизат — Мамлакатхолаи ман нишаста дар ҳалқаи падарону модарони гузаштаи мо. Холаи бузургвори ман нахустин зане буд, ки аз обрави Фалғар ба зиёрати Хонаи Худо дар Маккаи мукаррама мушарраф шуд. Ганҷинае буд ӯ лабрез аз дурдонаҳои панду ҳикмат. Ҳар гоҳ моро мушкиле пеш меомад, беҳтарин маслиҳат ва рӯшантарин нишондодро аз холаам мешунидем. Холаам «Қуръон»-ро аз ёд медонисту шарҳ медод оёту сураҳоро ва ашк аз чашмони падарам мерехт жолавор. Чӯпон буд падарам ва солҳои охири умраш дар назари ӯ чизе волотар аз суҳбатҳои қуръонии холаам набуд. Аммо тасодуфи ҳайратангезро бубинед: падарам вақте гирифтор ба назъи ҷон буд, холаам ба сари болини ӯ омада, бо такрор ва исрору қатъият ба ӯ мегуфт: «эй амак, ло илоҳа илаллоҳ бигӯед! Тақрибан пас аз бастани манаҳи падарам холаам ҷиҳати пӯшидани либоси мотамӣ дартоз ба хонаи худ рафтааст. Аммо аз он ҷо ногаҳон хабари шуме омад, ки он азизу меҳрубони мо нимбеҳуш ба замин афтода ва зери лаб калима арз мекунад… О ваҳ, холаам магар аз алами марги падарам ба ин ҳол гирифтор шуд?! Худо ба ҳама чиз доност. Лаҳзае пас бузургхолаи ман низ ин дунёро падруд гуфт.
Ин хабари шум ба Душанбе барқвор расид. Ману ту, Ғолибшоҳи азиз, ҳаросону гирён ба роҳ афтодем. Зимистоне буд қаҳратун, роҳҳо яхбаста. Бо азоби сахт мошинсавор аз Душанбе ба Самарқанду Панҷекат, пасон дер намонда ба Урметан ба гӯручӯб расидем. О ваҳ, аз ҳавлиҳои девордармиёни мо ду тобут пасопеш бурун омад ва сар-сари дӯши мардум равон шуд, ба ҷониби қабристони Варда…
Ғолибшоҳ! Бовар намекунам, ки туро дигар намебинам. Ҳарчанд дар Дешанбе тобути туро бардошта, то теппаҳои сабзпӯши қабристони Сари осиё мебурдем, ҳарчанд ба хокат месупоридему медидем додарат Зоҳиршоҳ ва писарат Фурӯзон баъди ба қабр гузоштани ҷасади покат чӣ гуна хоколуд бадар омаданду бо чашмони ашкбор либосҳои худро меафшонданд. Он лаҳзаҳо шеъре ба ёдам омад, ки чанд сол пеш навишта будам, бо номи «Дар пуштаи Сари осиё», ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
Мо,
гандумсириштонро,
якояк мекоранд
дар пуштаи Сари Осиё,
то бирӯем
аз лаҳҷаи дӯли осиёи маҳшар
бо ғазали гандуму коҳ,
ки зиндагист
ояте
аз насими «ло илоҳа иллаллоҳ».
Ғолибшоҳ, эй некном ва эй арҷманд! Зиндагии ту намунаи хуби шарафномаи сазовор ба беҳтарин фарзанди Ватан аст. Ордени «Шараф», ки дар банди дилат медурахшид, ба ин гувоҳи рӯшан аст, чунон ки устод Турсунзода фармуда:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Ту ҷонфишон будӣ барои Ватан. Ватан барои ту ҷон ба тан буд. Таи солҳои 1986-1988 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон софдилона хидмат кардӣ ва аз он ҷо ба ман девони ғазалиёти Ҳофизро ҳадя фиристодӣ. Ба оғоз аз соли 1994 хидмати Ватанро дар бахши амният баҷо овардӣ. Солҳое буд, ки вазифаҳои пурмасъулият — сардори Раёсати амнияти ноҳияи Ҳамадонӣ ва баъдан муовини сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшонро ба уҳдаат вогузор намуданд ва ту уҳдабароиро дар ин масъулиятҳо чун шахси ҳақиқатан сазовор ба рутбаи полковник ва бовари Ватан исбот кардӣ.
Фаро расид даврони бознишастагӣ, ҳарчанд монанд ба бознишастагон набудӣ, бардаму солим метофтӣ. Азбаски бофарҳанг, шеърфаҳму адабиётдӯст будӣ, ин даврон даврони оромона ва хушҳолонаи умрат буд, дар ҳалқаи фарзандону наберагон. Тафаккури ту аслу асолат ва ҳақиқати азалиро хуб мешинохт, аз ин рӯ, лабрез будӣ аз имон ба Худову Паёмбари бузургаш, лабрез будӣ аз ирфон ва ашъору гуфтори орифон. Ин ҷозиба туро ба сӯи хонаи Худо кашид ва соли 2016 буд, ки маносики Ҳаҷҷи акбарро дар Маккаи мукаррамаву Мадинаи мунаввара ҳамроҳи ҳамсарат шарафмандона баҷо овардӣ.
Ғолибшоҳи азиз! Ин байти Хайём ҳама вақт вирди забонат буд:
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
Ту ҳам рафтӣ ва шод бод рӯҳат, ки сафар кардӣ аз мулки фано ба мулки бақо, сафар кардӣ ба ҳамешаҳои сабзу хуррам, ба саодати ҷовидон бо диле саршор аз ишқи Ҳақ, ки маъшуқи азалист. Худо биҳиштро насибат гардонад ва таманно дорам, дар ҳарими покиву сафо бошӣ, нозпарварди фариштаҳо бошӣ, Худо бо ту бошаду ту бо Худо бошӣ. Таманно дорам, рӯзе ба изни Ҳақ дар он тарабободи азалӣ ва саодати абадӣ ба дидорат бирасам.
Доро НАҶОТ,
Шоири халқии Тоҷикистон