Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,
Барои родмардиро намудан марди род омад,
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,
Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад.
Ҷавон буду вале тадбири пирони ҷаҳонаш буд,
Ғами таъриху дарди рӯз андар мағзи ҷонаш буд,
Басо гирдоби қисмат хуфта дар ашки ниҳонаш буд.
Ва рӯди обрӯи халқ дар азми аёнаш буд.
Ҷавонмардона бар по хест ӯву азми майдон кард,
Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард,
Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард,
Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.
Зи халқ афшонда нохудогаҳиву бенишониро,
Тавоно кард расми ҳамдиливу ҳамзабониро,
Замон бахшид ин халқи заминиву замониро,
Накӯ бинмуд бар халқаш нигоҳи зиндагониро.
Чу шуд дар роҳи азми беназираш ҳамназар бо ӯ,
Зи нав гардид соҳиббол халқи муштипар бо ӯ,
Ба нангу номи худ афзуду шуд бисёртар бо ӯ,
На танҳо халқу мулке, худ ҷаҳоне шуд дигар бо ӯ.
Зи худафрӯзиаш афрӯхт аз нав ахтари тоҷик,
Бишуд бо халқи худ болиданаш болу пари тоҷик,
Бурун овард аз некӯ садафҳо гавҳари тоҷик,
Зи нав бигзошт ӯ тоҷи каёнӣ бар сари тоҷик.
Дигар иқболи мардумро нигар, иқболи ӯро бин,
Ба ҳар сӯе биёрад рӯй, истиқболи ӯро бин,
Накӯ омоли ӯро бину некӯ фоли ӯро бин,
Яқин ворастагии мулк – Истиқлоли ӯро бин!
Дигар ӯ нест ӯ, симои халқи Тоҷикистон аст,
Ба дунё ҷилвагар дунёи халқи Тоҷикистон аст,
Аз ӯ минбарбаланд овои халқи Тоҷикистон аст,
Умеди рӯшанаш фардои халқи Тоҷикистон аст!
Низом ҚОСИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон