Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст».
Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28-уми ноябр – 2-юми декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман сабт шуданд. Намунаи дигари фарҳанги ғайримоддӣ — «Шашмақом» соли 2008 (муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба ин феҳрист шомил шуда буд.
Дар таҳия ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳои марбут ба номинатсияҳои «Оши палав» ва «Наврӯз» саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории олими шинохта Дилшод Раҳимов хеле назаррас мебошад. Зери роҳбарии ӯ аз соли 2013 дар пажӯҳишгоҳ гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад. Ба он инчунин Н. Қличева, А. Аминов ва З. Холмуродов шомил буда, дар таҳияи номинатсияҳои мазкур ва инчунин номинатсияи «Чакан – санъати гулдӯзии тоҷикон» саҳм гузоштанд.
Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои «Оши палав» ҳайати мазкур ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои водии Ҳисор сафари хидматӣ анҷом дода, бо теъдоди зиёди ошпазҳо ва ҳунармандони халқӣ ҳамсуҳбат шуд ва матолиби зиёди эмпирикиро ҷамъоварӣ намуд. Инчунин, таҷрибаву малакаи ошпазҳои ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Душанбе низ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Аз ҷониби ин гурӯҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» низ тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва соли 2016 бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромад. Иловатан аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ ду шумораи силсилакитоби «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» низ соли гузашта аз чоп баромад, ки натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносии олимони ин муассисаро дар бар мегирад.
Номинатсияи «Наврӯз» бори аввал соли 2009 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд, ки он замон Тоҷикистон узви конвенсияи мазкур набуд. Сарфи назар аз ин, намояндагони мамлакат дар ҷаласаҳо ва таҳия кардани ҳуҷҷатҳои он ширкат доштанд.
Ниҳоят, баъди дархосту талошҳо ЮНЕСКО иҷозат дод, ки кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз ба ин номинатсия пайванд шаванд. Моҳи феврали соли 2015 дар шаҳри Теҳрон семинари мутахассисони фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардид, ки аз Тоҷикистон Дилшод Раҳимов ва котиби масъули Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО Сарвар Бахтӣ ширкат доштанд. Давоми чор рӯз мутахассисон аз 12 кишвар (Афғонистон, Тоҷикистон, Ироқ ва Туркманистон илова шуданд) нусхаи комил ва интиҳоии номинатсияро ба забони англисӣ таҳия карда, ба ЮНЕСКО фиристоданд. Ҳамин тавр, номинатсияи «Наврӯз» ҳамроҳ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дастаҷамъона пешниҳод шудааст.
Чорабиниҳои мазкур ва дигар тадбирҳое, ки дар самти омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик амалӣ мегарданд, барои шинохту гиромидошт ва тарғибу муаррифии намунаҳои фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон