«Этногенез ва таърихи этнекиии халқи тоҷик» нашр шуд

№ 16.05.2021

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) муаррифии китоби «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» баргузор шуд, ки онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар ду ҷилд таҳия кардааст. Ҷилди якум бо забони русӣ нашр шуда, рӯзҳои наздик ҷилди дуввум низ аз чоп мебарояд.

Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки монографияи дуҷилда ба омӯзиши пайдоиши халқи тоҷик, рушд ва ташаккули он дар доираи васеи хронологӣ аз давраи қадим то ба имрӯз бахшида шудааст. Дар асар марҳилаҳои асосии таърихи этникии тоҷикон, раванди ташаккули як этноси ягона бо хусусияти типи иқтисодӣ ва фарҳангии деҳқонон, забон навъи антропологӣ, амалияи анъанавии ҳаёт, эътиқод, мазҳабҳо, сохторҳои иҷтимоии ҷомеа инъикос гардидааст.

Зикр карда шуд, ки ҷилди якум ҷанбаҳои назариявии этногенез, таърихнигорӣ мушкилот ва давраҳои таърихи этникии халқи тоҷик бахшида шудааст. Бо такя ба бойтарин фарҳанги моддӣ, маънавӣ ва маъхазҳои хаттӣ, пайдоиши ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуориёии тоҷикон, таркиби онҳо ва марҳилаҳои асосии рушд, маънои номи этникии «тоҷикон» ва таърихи ташаккули забони тоҷикӣ равшан карда шудааст.

Таҳқиқот барои муаррихон, этнологҳо, фарҳангшиносон, устодони донишгоҳҳои гуманитарӣ, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон, ки ба таърихи халқи тоҷик таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ гардидааст.

Дар айни замон омӯзиши объективии этногенез ва таърихи этникии тоҷикон аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Аҳамияти ин мавзӯъ бинобар таваҷҷуҳ ба таърихи онҳо пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба ҳазорсолаи сеюм, вақте ки тоҷикон ба роҳи бунёди давлати нави демократӣ ва ҳуқуқӣ шурӯъ карданд, такони нав пайдо мекунад. Ҳамаи ин на танҳо таваҷҷуҳи илмӣ, балки ҷамъиятиро ба пайдоиши таърихи этникии халқи тоҷик ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи ин раванд дар психологияи халқӣ тағйирот ба амал омада, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ зиёд шуда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши мероси фарҳангию таърихӣ, робитаҳои забонӣ ва этникӣ афзоиш ёфтааст.

Академик Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки китоб ба забони тоҷикӣ низ нашр карда мешавад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»