Водии Вахш (дар ҳудуди вилояти Хатлон) яке аз минтақаҳои пурфайзу баракат ба ҳисоб меравад. Ин макон бо заҳмати зиёд зархезу шукуфон гардид. Барҳақ он ҷо, ки об фаровон аст, ободу сарсабз ва неъматҳо фаровонанд.
Дар замонҳои қадим сокинони водӣ бо қувваи дасту бозуи худ барои обёрӣ ва истифодаи заминҳои бекорхобида аз ҷойҳои мувофиқи дарёи Вахш каналҳо кофта, тавассути шабакаҳои обёрӣ киштзорҳоро васеъ карданд. Дар миёни иншооти обии Вахши қадим аз каналҳои Ҷӯйбор, Кофир ва Балдай ёдовар мешаванд. Бо мурури замон ин каналҳо қариб, ки аз байн рафтанд. Замони шӯравӣ, солҳои сиюми қарни бист, ба эҳёи водии Вахш аз нав таваҷҷуҳ зоҳир шуд ва корҳои бунёди иншооти обӣ оғоз ёфтанд.
Ин нуктаҳо дар китоби ба тозагӣ нашршудаи «Эҳёи водии лабташна», ки муаллифи он журналисти варзида, собиқ корманди рӯзномаи «Садои мардум» Аъзам Мӯсоев мебошад, ҷой доранд. Дар он роҷеъ ба таърихи қадим ва эҳёи водии зархези Вахш, заҳмати бунёдкорони ин иншооти муҳим маълумоти фаровон ҷамъоварӣ шудааст.
Барои ҷалби хонандагон ба ин мавзӯъ ва муаррифии китоби мазкур, ки хеле ҷолибу аҳамиятнок аст, баъзе маълумоти онро пешкаш мекунем: «Давраи инкишоф ва рушди соҳаҳои гуногун, зиндагии мардуми водӣ, аз ҷумла сохтмону истифодаи иншооти ирригатсионӣ, ба аҳди Кӯшониён рост меояд. Ин шабакаҳои муҳими обёрии водии Вахш, ки асрҳо фаъолият доштанд, батадриҷ рӯ ба харобӣ меоварданд. Охири асри XII — ибтидои асри XIII канали Кофир аз фаъолият мемонад. Дар ин давра майдонҳои кишт дар қисми шимол ва ғарбии водӣ, ки аз канали Ҷӯйбор об мегирифтанд, ба таври назаррас кам гаштанд. Аз асрҳои XIII-XIV иқтидори обёрии канали Ҷӯйбор низ ниҳоят кам шуда, танҳо имкони бо об таъмин намудани қисми шимолии водиро дошт. Сабабҳои рӯ ба харобӣ овардани шабакаҳои ирригатсионии давраи асримиёнагии водии Вахшро муҳаққиқон бо якчанд омилҳо марбут медонанд…».
Дар китоб қайд шудааст, ки замони шӯравӣ, аниқтараш дар доираи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи ИҶШС (солҳои 1928-1933), азхудкунии заминҳои нав, бунёди корхонаҳои азими саноати вазнин ва ғайра ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила амалӣ шуданд. Бунёди низоми ирригатсионии Вахш низ қатори 150 иншооти муҳими ИҶШС сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ эълон шуда буд. Пас аз се сол канали магистралии Вахш ба номи Сталин ба анҷом расид ва 12-уми сентябри соли 1933 оби дарёи Вахш ба он ҷорӣ гардид.
Муаллиф дар китоб корнамоиҳои сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва намояндагони халқҳои дигари шӯравиро дар эҳё ва шукуфонии водии Вахш воқеъбинона, бо далелҳои мушаххас ва содаю ҷолиб ба қалам додааст.
Китоби «Эҳёи водии лабташна» ба муносибати 90-солагии ба кор андохтани системаи обёрии Вахш таҳия ва ба нашр расидааст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»