Аз ҳаёти вакили Маҷлиси вакилони халқ

Фаъолияти ибратомӯз

№151 (3136) 30.11.2013

М. РахмонзодаЧанде пеш роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор зимни баргузории машварати корӣ доир ба масоили омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қавл доданд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашнвора аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода мебаранд.Дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни таърихӣ саҳми вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор низ назаррас мебошад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор Мурод Раҳмонзода дар ҳамкорӣ бо шахсони саховатпеша корҳои ободонӣ ва созандагиро вусъат мебахшад. Ӯ аз замони вакил интихоб шуданаш то имрӯз дар доираи ваколатҳои худ баҳри беҳдошти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Зимни суҳбат аён гардид, ки номбурда давоми фаъолияти вакилиаш барои амалӣ сохтани пешниҳод ва таклифи сокинони деҳоти «Алмосӣ», ки аз даврони Шӯравӣ инҷониб ба барномаҳои шабакаи телевизионӣ чандон дастрасӣ надоштанд, бо ҳамбастагии масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, барои беҳ гардонидани фазои иттилоотӣ дастгоҳи мавҷпахшкунандаро дар ин мавзеъ насб карданд. Пас аз амалӣ гардидани ин иқдоми наҷиб бошандагони деҳаҳои Шол, Зиракӣ, Хонақои Кӯҳӣ, Алмосӣ, Неъматбоӣ, Тутака, Бурён ва дигар ҳамсоядеҳаҳо  имконияти тамошои чор шабакаи телевизионии давлатӣ- Шабакаи якуми «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон»-ро пайдо намуданд.

Илова бар ин, дар асоси пешниҳоди мардум ва дархости вакилони халқ дар мулоқот бо раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Сабзов мувофиқа ҳосил шудааст, ки тадриҷан корҳои ободонӣ, аз ҷумла таъмири роҳи автомобилгард, аз гардиши Алмосӣ то Чорбоғи ноҳияи Варзоб, вусъат меёбад.

Ҳамзамон Мурод Раҳмонзода бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҳамасола дар ду марҳила — мавсими баҳор ва тирамоҳ миёни ҷавонон мусобиқаи варзишии «Ҷоми дараи Алмосӣ» оид ба футболро бо ибтикори як қатор шахсони саховатпеша, аз ҷумла Фатҳулло Ҷалилов, Баҳрулло Шарипов ва дигарон ташкил намудааст. Баргузории ин намуди варзиш бо ширкати 32 даста аз деҳаҳои дараи Алмосӣ дар майдонҳои Қарахонӣ, Чангоб ва Лоёб сурат мегирад. Гузаронидани чунин мусобиқоти мавсимӣ ба мутахассисони футбол, махсусан Академияи футболи «Истиқлол», ки моҳи декабри соли гузашта бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дараи Алмосӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, имкон медиҳад беҳтарин бозингаронро интихоб намуда, шомили дастаҳои маъруфи ҷумҳурӣ намоянд.

Тавре Мурод Раҳмонзода мегӯяд, вакил пеш аз ҳама хизматгори халқ мебошад. Вай бояд дарди мардумро эҳсос намояд ва бо эшон вориди суҳбат шуда тавонад. Баъдан таклифу пешниҳодоти халқро сари вақт ба масъулин расонад. Яъне, нафаре вакили халқ аст, ки ба ғаму шодии мардум шарик бошад.

Мурод Раҳмонзода зиёда аз даҳ сол дар соҳаи ҳифзи муҳити зист собиқаи корӣ дошта, баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта ва масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ӯ феълан ба ҳайси сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар байни сокинон бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёву каналҳо дар доираи амалиёти умумиҷумҳуриявии ҳармоҳаи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад.

Узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор оид ба кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист М. Раҳмонзода бо дарки масъулияти баланд пайи иҷрои вазифа буда, саҳми ватандӯстонаашро дар раванди ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватан дареғ намедорад.

Ӯ ҳамзамон муддати ҳашт сол аст, ки машваратчии халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни мурофиа даъво ва парвандаҳоро дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва ҳал менамояд.

Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»