Фарҳанг неруи бузург аст, аз он истифода бояд бурд

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Мардуми тоҷик бо фарҳанги оламгир шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Аз ин ҷост, ки фарҳанг  дар сиёсати Давлату Ҳукумат мавқеи калидӣ дорад. Маҳз бо дастгирӣ ва саъю талоши Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳа марҳила ба марҳила рушд меёбад. Бунёди биноҳои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои асосии соҳаи фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд. Хизматҳои таърихии дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт анҷом доданд, ҷаҳонӣ намудани Наврӯз – яке аз ҷашнҳои қадимию суннатии мардуми тоҷик мебошад. Боиси ифтихору фараҳмандии – мардуми тоҷик аст, ки дар ин радиф яке аз шаҳрҳои қадим — Саразм аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳристи ёдгориҳои қадимии ҷаҳонӣ дохил карда шуд.

«Шашмақом» — шоҳасари мусиқии классикии тоҷик дар даврони соҳиб­истиқлолӣ инкишоф ёфт. Таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат буд, ки ансамбли «Шашмақом» — и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт ва 12 май Рӯзи «Шашмақом» эълон гардид. Аз ҷониби ЮНЕСКО «Шашмақом» ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Дар замони пеш низ ҷойгоҳи илму фарҳанг дар ҳаёти мардум бузург буд. Фарҳанг қудратеро дорост, ки инсонҳоро ба ҳам меоварад, миллатҳоро бо ҳам мепайвандад, инсониятро аз ҷаҳолат дур сохта, ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин рисолати фарҳанг дар ҳеҷ давр қимати худро гум накарда, бо пешрафти инсоният муҳимтару созанда мегардад. Пӯшида нест, ки аксари бадбахтиҳои инсон аз бемаърифатию бефарҳангӣ сарчашма мегиранд. Мисоли инро мо дар баъзе кишварҳои имрӯзаи ҷаҳон, ки фоҷиа­ҳоро ба амал овардааст, шоҳид ҳастем. Ин ҳама мусибату даҳшат зодаи қувваҳои ифротист. Ифротиён баробари ишғоли шаҳру кишварҳо ибтидо ба нест кардани ёдгориҳои бостонӣ машғул мешаванд, мактабу китобхонаҳоро оташ мезананд. Ин ҷоҳилон хуб медонанд, ки агар инсон аз илму маърифат бохабар бошад, ғуломвор истифода намудани онҳо ба хотири амалӣ намудани ниятҳои нопокашон имконнопазир аст. Ба доми онҳо бештар ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба меафтанд, ки аз илму фарҳанг дур мондаанд. Мутаассифона, дар миёни ин гумроҳону бадбахтон ҷавонони тоҷик низ ёфт мешаванд, ки ба дасисаҳо дода шуда, ҳаёти худро барбод медиҳанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, наврасону ҷавононро, ки ояндаи  Ватан ба онҳо вобаста аст, ба китобхонию китобхонаҳо ва тамошои театр ҷалбу ҳавасманд намоем. Бо истифода аз хазинаи бойи маънавии миллӣ тарбияи онҳоро дар рӯҳияи миллатдӯстию ватанпарастӣ тақвият бахшем. Зуҳуроти номатлуби бегонапарастӣ, таассубу ифротро бо ҷозибаи шеъру мусиқии классикии тоҷик, асарҳои безаволи илмию адабӣ аз шуури онҳо решакан намоем. Насли навро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, ғурури миллӣ ба камол расонида, бо мисолҳои барҷастаи таърихие, ки дар ихтиёр дорем, онҳоро аз асли худ огоҳ созем.

Неруи муъҷизаофари фарҳангро баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва амалисозии дигар нияту ормонҳои миллӣ истифода бурдан кафолати таъмини ояндаи дурахшони миллат мебошад.

 Акбар АБДУСАМАДОВ,

корманди МД «Агентии миллии

Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон»