Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳанг раҳнамои зиндагии хуррам аст

№16 (4912) 03.02.2025

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбии пайвастаи нақши фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар ганҷинаи маънавии башарият беназир буда, чунин мавқеъгирии сиёсӣ дар амал боиси ривоҷи ковишҳои амиқи мероси безаволи бостонӣ ва баҳрабардорӣ аз хираду қудрати дар ин мерос нуҳуфта барои мусоидат ба рушди имрӯзаи ҷомеа, ривоҷи мубодилоту ёдгирии мутақобили судманди байнифарҳангӣ мегардад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ таҳлили хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба вазъи ҷомеа ва самти инкишофи он барои солҳои минбаъда эҳсос мешавад. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад.

Масъалаи муҳими дар самти фарҳанг ироагардида аз он иборат буд, ки иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа, ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Вобаста ба ин, рушди соҳаи фарҳанг дар худ ҷузъи муҳими тарбияи маънавии аҳли ҷомеаро дар заминаи арзишҳои бунёдии ҷомеа ҷой додааст. Дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони боз 14 муассисаи фарҳангӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ба рушди соҳаи фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаю муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, шашмақом, фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии созмони мазкур ворид шуданд. Соли 2019 мусиқии фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашн­ҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо — чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил шуд.

Бо иқдоми Сарвари давлат ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразм дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин чорабинӣ имкон дод, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи халқи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Маврид ба зикр аст, ки дар даҳ соли охир Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардида, бинои аксари театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар мамлакат, аз ҷумла ду театри академӣ дар шаҳри Душанбе, таъмири асосӣ шуда, дар шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакатамон босуръат идома дорад ва дар рӯзҳои Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки ба ин ҷашни миллӣ ва мо — кормандони соҳаи фарҳанг туҳфаи арзанда мебошад.

Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон таваҷҷуҳи мардумро ба эҳтироми арзишҳои инсонӣ, арҷгузории муносибатҳои муқаррарии хонаводагӣ, байниҳамдигарӣ ҷалб намуда, омили костагии ахлоқии дар баъзе аз ҷомеаҳои муосир мушоҳидашавандаро аз камтаваҷҷуҳӣ ба арзишҳо вобаста донистанд. Воқеан ҳам, мутахассисон яке аз чунин такягоҳи муҳими камолоти инсонро маҳз дар рушди маънавиёти ӯ мебинанд, зеро маънавиёт ба инсон кумак менамояд, ки олами гирду атрофро дарк намояд ва муносибати худро ба он оқилона муайян кунад. Маънавиётро ба маънии васеъ метавон ҳамчун таҷассуми олӣ ва сифатии камолоти инсонӣ гуфт, ки ба воситаи он инсон метавонад рафтори худро муносиб ба ҳадафҳои рушду суботи ҷомеа ба танзим дарорад.

Такомули маънавии инсон барои такмили олами ботинии субъект ҳамчун асос хизмат хоҳад кард. Дарк намудани вазифаи касбии субъект ба сатҳҳое мувофиқат менамояд, ки мавҷудияти анъанаи маънавиро дар зеҳни ӯ тавсиф мекунанд. Сатҳи баланд бо ҳалли босифати масъалаҳои таълим, риояи қонунҳо, интизоми намунавии меҳнат, шарикӣ ва кумаки тарафайн тавсиф мешавад, ки субъект ба фаъолияти касбии худ ва афзоиши неруи маънавии ӯ дар раванди ташаккули сифатҳои субъективӣ муносибати эҷодӣ дорад.

Яке аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир терроризми глобалӣ мебошад, ки оқибатҳои мудҳиши онро Сарвари давлатамон махсус таъкид намуданд. Терроризм ҳамчун идеологияи нави ҷиноятбор рӯз ба рӯз ба ҷараёни муътадили ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон зарбаҳои нав ворид месозад. Ноустувории низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, паст шудани нуфузи арзишҳои умумибашарӣ таъсири худро ба ҳаёти маънавии ҷомеаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷомеаи тоҷик, ба таври амиқ мерасонад. Дар чунин шароит танҳо арзишҳои маънавӣ бо устувории худ ба низоми арзишҳо ва меъёрҳои рафтори иҷтимоии инсон маънӣ мебахшанд. Бинобар ин, ҷомеаҳои муосир ба ин масъала акнун ҳарчӣ бештар муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар баробари пешбурди иқтидори истеҳсолӣ ба такмилу танзими унсурҳои ташкилдиҳандаи ҳаёти маънавӣ, аз ҷумла анъанаҳои маънавӣ, майл менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Таъмини устувории низоми сиёсии ҷомеа, дигаргуниҳо дар соҳаи иқтисодиёт, рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои нав, дигар гардидани сохтори иҷтимоӣ, тамоюлҳои арзишӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг, тарзи ҳаёт, ба вуҷуд омадани гурӯҳҳо ва қишрҳои нави иҷтимоӣ, дигаргуниҳо дар худшиносии инсонҳо ва ҳувияти миллӣ, этникӣ ва иҷтимоии онҳо ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамаи ин ба маънавиёти ҷомеа таъсири худро дар шаклҳои гуногун расонид. Баъзе аз онҳо агар ба ҳаёти маънавии ҷомеа таъсири мусбат расонида бошанд, баъзеи дигар аз таъсироти манфӣ холӣ набуданд. Хусусан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият чунин зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо кам набуданд. Бояд зикр кард, ки зуҳури чунин буҳрони маънавӣ на танҳо ҷомеаи мо, балки қариб тамоми ҷумҳуриҳои пасошуравиро фаро гирифт. Яке аз омилҳои зуҳури чунин ҳолат аз он иборат буд, ки бо фурӯпошии низоми ягонаи шуравӣ табиист, ки пошхӯрии низоми арзишии мансуб ба он низ сурат гирифт. Акнун халои арзишие пайдо шуд, ки дар ҳолати набудани эътибори арзишҳои собиқ арзишҳои қобили эътибори нав ташаккул наёфта буд.

Аз ҷониби дигар, ҷомеаи моро чун дигар ҷомеаҳо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳар чӣ бештар ба мадори худ мекашиданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери равандҳои ҳам мусбат ва ҳам манфии глобалӣ, инқилобҳои илмию техникӣ ва таъсири хатару таҳдидҳои нави глобалӣ қарор гирифт. Ҷаҳонишавӣ ба раванди барқароршавии муносибатҳо ва алоқаҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, табдил гардид. Ҳамин тариқ, дар сояи тамоюлоти мазкур ақидаҳои бегона ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузоранд. Ҳадафи онҳо авзоъро дар ҷомеа тавассути дигаргун кардани диди ҷавонон нисбат ба арзишҳои маънавии аз наслҳои дигар ба меросгирифтаи ҷомеа ноором сохтан аст.

Паҳн гардидани ақидаҳои носолим, ки ба маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд, махсусан, дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Пеш аз ҳама, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо оқибатҳои баборовардааш аз зумраи сабабҳои асосӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии ин ҳаракатҳо ҷалби ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд онҳоро бо арзишҳои худ мусаллаҳ намоянд, ки ин дар навбати худ сабабҳои хосро доро мебошад.

Бинобар ин, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар дастурҳои мушаххасе пешниҳод шудаанд, ки эътибори аввалиндараҷаро талаб менамоянд. Паёми навбатӣ барномаи рушди Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии миллат аст. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстию садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бахусус падидаҳои мусбат ва зуҳуроти манфии он дар канор буда наметавонад. Аз ин рӯ, шароити кунунии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамо мешавад.

Суҳроб ЗОКИРЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа