Шаҳру деҳоти кишварамон сол ба сол ободу боз ҳам шукуфон мегарданд. Биноҳои бошукӯҳ, гулгашту хиёбонҳои зебо, роҳҳои мумфарш нишонаи рушди босуботи давлат аст. Ҳар гоҳе ба дилхоҳ шаҳру ноҳия равем, чашмамон ба қасрҳои фарҳанг меафтад, ки ҳар яке аз дигаре бо меъмории хоси худ фарқ мекунанд. Ин ба он маъност, ки барои густаришу пурғановат гаштани фарҳанги миллӣ талош доимист. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуданд: «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа, ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд».
Сарвари давлат, ҳамчунин, зикр карданд, ки «фарҳанг ҳастии миллат аст» ва ёдовар шуданд, ки «агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Танҳо дар се соли охир 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад».
Барҳақ, дар дунё миллате пойдор мемонад, ки пеш аз ҳама, забону фарҳанги худро ҳифз намояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат махсус таъкид карданд: «Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. Зеро фарҳанги миллӣ ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Зимнан, Президенти кишвар аз он нигаронӣ карданд, ки ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат мактаби мусиқӣ сохта ба истифода диҳанд. «Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост»,- таъкид карданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносии шаҳрвандон таваҷҷуҳи пайваста доранд. Биноан, солҳои охир озмунҳои гуногунро ташкил ва сарпарастӣ менамоянд. Аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат». Дар ин озмунҳо шумораи зиёд аз қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуда, таври шоиста қадрдонӣ мешаванд. Тавре Президенти кишвар зимни ироаи Паёмашон изҳор намуданд: «Дар шаш сол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан наврасону ҷавонон, иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд». Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ҳар шахси худшиносу худогоҳро водор месозад, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати комил ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ барои ободии бештари Ватани азизу маҳбуб ҷидду ҷаҳд намояд.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»