Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути ҳуҷуму истисмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира, рӯй овардан ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, то замони нав расид.
Албатта, ба шарофати истиқлоли сиёсию давлатӣ дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода, кӯшиши зиёд дар пайи халосӣ аз хурофоту ҷаҳолат ва таассуб менамояд. Зеро ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгароиро тавлид карда, василаю абзори муҳими идомаи беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро баста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад.
Аз таърих хуб дар ёд мондааст, ки идеологияҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳама давру замон бо мақсади дар инҳисори фикрӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ қарор додани мардум аз силоҳи таҷрибашудаи таърихӣ — ҷаҳлу ҷаҳолат ва зулму истибдод, ки пояҳои асосии низомҳои сиёсии диктаторӣ маҳсуб меёбанд, васеъ истифода намуда, ба ин тариқ, мардумро таҳти назари доимӣ мегиранд. Инҳисори фарҳангӣ роҳи аз ҳама қавӣ ва санҷидашудаи таърихиест, ки тавассути он фарҳангҳо, дину оин, маросим, диду андешаҳо, бинишу донишҳои мардум таҳриф шуда, бар пояи ҷаҳлу зулми маънавӣ нигоҳ дошта мешаванд ва саранҷом, дар зеҳни мардум бадгумониҳои фарҳангӣ реша давонида, раванди бегонашавӣ дар ҷомеаи авомписанд тасаллут пайдо мекунад ва охируламр аз асли миллӣ ва бумӣ канда шудани комплексҳои фарҳанги мардумӣ ба миён меояд.
Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ ва воқеиятҳои таърихӣ дар мамолики Ховари Миёна собит месозад, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ, дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва, муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки зуҳуроти номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгароӣ (фундаменталитзм), ифротгароӣ (экстремизм), тундгароӣ (радикализм) ва даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Ховари Миёнаро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Ин зуҳурот, ки зодаи табъу истеъдоди ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа шарқи мусулмонӣ, ноҷӯр месозанд. Сухан дар бораи он аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳувияти динӣ — мазҳабӣ, дар ҳар шакли зуҳур, баёнгари ҳувияти миллӣ нест, зеро ки побанди чаҳорчӯби мазҳабӣ ва маҳдудиятҳои ақидатист. Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ, дар инҳисороти идеологӣ қарор дошт ва ин раванд дар шароити ҳозира, ки бархӯрдҳои тамаддунии динмеҳвар рӯз ба рӯз ташаннуҷ мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (ниг.: Ризоӣ Абдулазим. «Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон», Ҷилди аввал. «Теҳрон», 1368.- с.249), аксари наслҳои ҳозира, ки бар асари фишору бориши мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ ҳаракат карданро авло медонанд. Ин аст, ки доштани иммунитети фарҳангӣ яке аз василаҳои асосии мубориза ва муқовимат дар баробари воқеиятҳои талхи зиндагист. Иммунитет, яъне сироятнопазирии шахсият, қавмият, миллият ва ниҳоятан халқият, дар муҳит ва фазои мушаххас аст. Маҳз масуният ё иммунитети фарҳангӣ миллатро дар масири таърих аз газанди рӯзгор эмин медорад ва саломат ба сарманзили мақсуд мерасонад. Фарҳанги миллӣ, ки зодаи табъи аҳли илму маърифати гузаштаю ҳозираи миллат аст, метавонад сипари фикрӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ бошад ва дар баробари мафкураи бегона муқовимат намояд ва ҷомеаро аз вартаи худбохтагӣ ва беҳувиятӣ наҷот бахшад. Ин аст, ки фарҳанг тавассути аносир ва механизмҳои корсоз – забон, урфу одат, оину суннат, дониш ва тавону қудрат низоми масуниятии миллатро навсозӣ мекунад. Ба ин маънӣ:
Зебоии замину замон аз намуди мост,
Ин осмон масири фарозу фуруди мост.
Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост,
Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.
Беазмиҳо асолати заъфу рукуди мост,
Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост.
Гуфту шунуди мост,
Пайку дуруди мост,
Шеъру суруди мост.
Чун тору пуди мост,
Пас, ҳасту буди мост!
Дарвоқеъ, осебпазирии ҷомеа бештар рӯи ифротгароии насли ҷавон тамаркуз мекунад ва эҳтимоли мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷик ба буҳронҳои амиқи фикрӣ ва ахлоқӣ вуҷуд дорад. Хатар, пеш аз ҳама, он ҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар мухолифати огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи зарурии иттиҳод ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Дар шароити ҳозира, ки пешорӯи мо хатароти ҷиддӣ - ифротгароӣ, тундгароӣ ва тарсафкании динӣ-мазҳабӣ қарор доранд, фарҳанги миллӣ метавонад ба сифати абзори неруманди мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, дар баробари хатароти фавқ, истодагарӣ намояд ва тавозунро дар ҳар шакле ҳифз созад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ (аз рӯйи таҷрибаҳои таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) дар муҳитҳои иҷтимоӣ бо ҳам муттаҳид бошанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани раванди миллатсозӣ ва давлатофаринӣ дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ саҳми асосӣ бигиранд.
Н. НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода