Фармони дил

№26 (4766) 26.02.2024

Ҳамрози Ватан будан,

Армони дили мо шуд.

Сарбози Ватан будан,

Фармони дили мо шуд.

 

Бар пеш равонем мо,

Фарзанди замонем мо,

Дар ҳифзи Ватан-Модар,

Шерони ҷаҳонем мо.

 

Аз дудаи Сомонем,

Бо аҳду ба паймонем,

Аз меҳри Ватан зинда,

Дар синаи ӯ ҷонем.

 

Мо аҳли Хуросонем,

Шоистаи давронем,

Обод кунем меҳан,

Пайваста ба майдонем.

 

Осуда бихоб, хоҳар,

Ташвиш машав, модар,

Фарзанди азизи ту

Бедор чу дар сангар.

 

Ин давлати озода,

Ин бахти худодода,

Ҷовид бувад сарсабз,

Пешрафтаву поянда.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»