Дар деҳаи мо марде мезист. Заҳматкашу номдор буд. Панҷ сол қатори фарзандони далери Давлати Шӯравӣ муқобили фашизм ҷангида буд. Баъд аз ғалаба ба зодгоҳаш бо сари баланду пеши бар пур аз ордену медал баргашт. Саводи хуб ҳам дошт. Чанд сол раиси колхоз ҳам буд. Аммо Офаридгор ба вай фарзанд надод. Ба тақдираш тан дод.
Агар дар деҳа наврасе ё ҷавоне гуноҳ содир мекард, вай лаб ба насиҳати падару модар мекушод. Мегуфт, ки фарзанд надоштан як ғам дораду фарзанд доштан сад ғам. Ғами бефарзанд аз набудани идомаи насл аст, вале ғами фарзанддор аз таълиму тарбияаш, хонадор кардану соҳиби ҷои кор намуданаш. Падару модар ғам мехӯранд, ки баъд аз сари эшон фарзандашон дар зиндагӣ роҳашро меёбад ё не…
Мақсад аз ин муқаддима чист? Шунидам, ки аз кишвари Сурия кӯдакони ятиму ғарибро ҳамроҳи модаронашон ба Тоҷикистон оварданд. Ин ибтикору ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шахсе, ки ҳастиашро ба рушди мамлакату таъмини зиндагии шоистаи сокинони он бахшидаанд. Аҳсан мехонам ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аҳсан мехонам, ки ба тифлакони бегуноҳ, ки бо гумроҳии падарон дар он мулки бегона ғариб мондаанд, дилашон месӯзад ва намегузоранд, ки тифли тоҷик дар муҳити бегона ба воя расад. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат пайваста заҳмат мекашад, вале мо дар ҷавоб ба чӣ коре машғул ҳастем? Чаро пеши роҳи ҷавонони роҳгумкардаро намегирем? Чаро панд намегӯем, ки дар интихоби роҳ бедору ҳушёр бошанд?
Дар Тоҷикистон барои насли наврас ва ҷавонон ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳар кас хоҳиши таҳсил дар мадраса дорад, касе пеши роҳашро намегирад. Дар шаҳру деҳаҳо масҷидҳо фаъолият мекунанду ҳама имкон доранд, ки ба ибодат машғул бошанд. Даврони соҳибистиқлолӣ барои соҳибкасб гардидани ҷавонон даҳҳо донишгоҳу донишкада таъсис ёфт.
Таассуфовар аст, ки на ҳама падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамин бепарвогии сокинони кишвар буд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд ва он саривақтию муҳим буд. Бояд ҳар кадомамон барои дар ҳаёт татбиқ гардидани қонуни мазкур талош кунем.
Тарбияи насли наврас танҳо вазифаи падару модар ва омӯзгорон нест, бояд ҷомеа низ саҳмгузор бошад. Дар даврони бачагии мо агар аз деҳе ҷавоне бо кирдори неку рафтори писандида кореро анҷом медод, пиру барно ифтихор мекарданд. Ба падару модараш аҳсан мехонданд ва агар гуноҳе содир менамуд, тамоми мардум хиҷолат мекашиданд. Пирон ҷамъ мешуданд ва волидайни он гунаҳкорро зери тозиёнаи танқид мекашиданд. Чаро имрӯз мо бепарвоем?!
Бовар дорам, ки мо — тоҷикон миллати тамаддунофарему сар ба рӯи даст гузошта андеша мекунем. Ба ёд меорем, ки солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ қадар дигаргуниҳо насибамон гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳама вақт барои ободию соҳибистиқлолӣ, зиндагии саодатмандонаи мардум талош мекунад. Камари ҳиммат мебандему барои амалӣ гардидани барномаҳои ояндасози Ҳукумати кишвар, тарбияи фарзандони сазовори миллат беш аз пеш заҳмат мекашем.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»