«Фарзандони тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд

№ 14.10.2021

_DSC0317Озмуни «Фарзанди Тоҷикистонам», ки бо ибтикори муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади васеътар инъикос намудани рӯзгори бонувони тоҷик ва мавқеи онҳо дар ҷомеа бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатї эълон гардида, 14 октябри соли равон зимни ҳамоиш дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.

Сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳонаи Сулаймон зикр кард, ки озмун бо сарпарастии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташкил ёфта, аз оғози соли 2021 зиёда аз 300 нигоштаи муаллифон, амсоли шеър, тарона ва мақола дар ҳар шумораи маҷалла нашр шуд. Баҳри таъмини шаффофият ҷиҳати баҳои арзанда додан ба матлабҳо аз ҳисоби қаламкашони варзида ҳайати ҳакамон интихоб гардид.

Пас аз баррасии ҳамаҷониба ҳайати ҳакамон ба хулоса омаданд, ки ҷойи аввал дар бахши наср ба адиби шинохта Гулчеҳра Муҳаммадиева ва дар бахши назм ба шоир ва рӯзноманигор Латофат Кенҷаева сазовор дониста шавад.

_DSC0141Ғолибони ҷойи дуюм дар бахши наср рўзноманигор Диловари Мирзо бо матлаби «Дар дарун механдиду берун мегирист», Лутфуллои Азиз бо нигоштаи «Зане дар салтанати ормонҳо» гардиданд. Дар бахши  назм Бузургмеҳри Баҳодур бо шеъри «Соати модари ман хуршед аст», Абдуқодири Раҳим «Ватандорӣ» ва Сафар Амирхон бо шеъри «Истиқлол» сазовор гаштанд.

Ҷойи сеюмро дар бахши наср Ато Ҳамдам («Фариштаниҳод»), Мухтор Абдулло («Зани доно давлати мард»), Одил Нозир («Модари театри Конибодом») ва Раҳматуллои Раҳмон («Буд ё набуд») сазовор гаштанд. Субҳон Ҷалил бо «Модарнома» ва Дилафрӯз Олимова «Эй дарахтони ман» бахши  зинаи сеюмро ишғол карданд.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадр шуда, ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба дигар  иштирокчиёни озмун низ сипосномаҳо тақдим гардид.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»