Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Афғонистон озмуни «Килки заррин»-ро натиҷагирӣ намуда, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро сазовори ҷоизаи асосӣ донист, ки аз ҷониби мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Наҷибуллоҳ Маналай ҷоиза ба намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон барои расонидан ба соҳибаш тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, озмуни «Килки заррин» аз соли 2010 бо ташаббуси Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон доир мегардад ва дар он ҳар сол шоирон ва нависандагони афғон бо пешниҳоди китоб ва шеърҳо иштирок мекунанд. Имсол дар қатори асарҳои 30 адиби афғон асарҳои шоираи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ бори аввал ба озмун пешниҳод шуд.
М. Мақсудов,
«Садои мардум»