Фестивали ҷавонони хориҷӣ дар Данғара

№ 21.03.2020

photo_2020-03-19_13-47-43Дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ доир мегардад. Дар фестивали имсола, ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, намояндагон аз 17 кишвари хориҷӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва воситањои ахбори омма ширкат варзиданд.

Меҳмононро субҳи 17-уми март дар шаҳри Норак бо созу наво пешвоз гирифтанд. Раиси шаҳри Норак Маликшоҳ Неъматов баргузории фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бояд ба ҷавонон дар баробари ҷаҳонгардӣ саёҳати ватанӣ ҳам омӯхта шавад.

- Ин фестивал аз он ҷиҳат аҳамиятнок аст, ки иштирокчиёнаш ҷавонони хориҷианд, онњое, ки дар кишвари мо таҳсил доранд. Дар фестивал онҳо ҳам фарҳанги миллии худро намоиш медиҳанд ва ҳам расму оини мардуми моро омӯхта, дар тарғиби он ҳисса мегузоранд, — зикр кард раиси шаҳри Норак.

photo_2020-03-19_13-48-12Пас аз чорабинии фарҳангӣ дар шаҳри Норак иштирокчиён ба ноҳияи Данғара рафта, Осорхона – мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карда, озими минтақаи сайёҳии Пушинг шуданд. Дар минтақаи мазкур намоиши идонаи сокинон ва ҷашни Наврӯзии ҷавонон таҳти унвони «Наврӯзи ҷаҳонӣ – наврӯзи ҷавонӣ» баргузор шуд.

Нимаи дуюми рӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дуюмин фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» доир гардид. Фестивалро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, ҷавононро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт.

- Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ имкон медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳамкории байни ҷавонони кишварҳои гуногуни олам мустаҳкам гардида, равобити фарҳангию ҳамгироӣ густариш ёбад. Ба ҷашни Наврӯз рост омадани фестивал рамзист. Аз ин рӯ, ҳар яки шумо, ҷавононро, самимона шодбош мегӯям, — зикр кард номбурда.

photo_2020-03-19_13-50-05Иштирокчиён – ҷавонони хориҷӣ наздик ба 20 намоиш, асосан рақсу сурудро ба саҳна гузоштанд. Ҷолиб он буд, ки ҷавонони хориҷӣ дар баробари муаррифии фарҳанги кишвари худ, бо забони тоҷикӣ низ сурудҳо хонданд. Бахусус, рақси тоҷиконаи духтарони хитойӣ, ҳамроҳ бо ҳунарпеша Тобиш Ҳилолӣ суруди «Қасам ба номат эй Ватан»-ро сурудани ҷавонписарон аз Чин ва сурудҳои ба тоҷикӣ сурудаи духтаракони ҳинду басо ҷолибу дилписанд буданд.

Ҷавонони хориҷӣ ва иштирокчиёни фаъоли фестивал бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплом аз тарафи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ шуданд.

М. УСМОН,

«Садои мардум»