Фосиқ

№93-96 (3078-3081) 29.07.2013

Воқеаву ҳолатҳое дар ҷомеа рух медиҳад, ки қисме аз онҳо дар хотираҳо боқӣ монда, ба некӣ ёдоварӣ мешавад, аммо қисми дигар дар дилҳо аламу таассуф мегузорад ва ҳама ба он бо нафрат менигаранд. Воқеаи тӯли чанд рӯзи охир расонаишуда, аз ҷумлаи рӯйдодҳои ғайри қобили қабулест барои тамоми мардуми тоҷик ва ҳатто ҳамаи мусулмонони дунё. Ин чанд рӯз ҳама ҷо сухан гирди навори фаҳши имомхатиби масҷид, мулло, намоянда ва аъзои ҳизби динии кишвар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон меравад.

Агар ба мафҳуми «мулло» назар афканем, он ҳовӣ аз покӣ, боимонӣ, донишмандӣ, донандаи хуби каломи Худо ва дини ислому шариат мебошад. Худи мафҳуми мулло аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш олими илми шариат, ходими дини мусулмонӣ аст. Муллоро, пеш аз ҳама, намунаи ибрат барои дигарон дар масъалаҳои диниву шариатӣ меҳисобанд. Нафареро мулло меноманд, ки дониши фарохи динӣ дорад,  босавод аст. Ҳатто ибораҳое ҳаст ба монанди мулло кардан, яъне нафареро босавод гардонидан ё мулло шудан, ки соҳиби хату савод шудани касе дар назар дошта мешавад. Ҳамчун калимаи эҳтиром низ ба номи шахсони босаводу соҳибмаърифат ин мафҳумро истифода мебаранд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо муллоҳое ҳастанд, ки ба дини мубини ислом иснод меоранд. Ба ин мисол шуда метавонад навори имомхатиби як масҷид, ки узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ӯ ба дини ислом беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо риши муллоёна ҳамхобагӣ бо ҳамсарашро дар телефони ҳамроҳи худ (телефони дастӣ) сабт карда, онро гум мекунад ва он филм ба дасти як нафар афтода, ӯ наворро дар сайтҳои иҷтимоии Интернет ҷой медиҳад. Аз ҳамон лаҳза то ҳол сари ин мавзуъ баҳс ҷараён дорад. Ин навор обрӯи муллоёнро ба хоки сиёҳ яксон кард ва доир ба эшон ҳарфҳои баду танқидӣ зиёд шуд. Масалан, як нафар бо номи Саид муллоёнро мазаммат карда, мегӯяд, ки «мулло мардум ҳамин тоифа ҳам ҳастанд ва ин гуна муллогиву ин гуна эшонӣ як хати сиёҳ дар ислом шудааст». Дар идомаи суханаш Саид ба он таъкид мекунад, ки ҳар муллое, ки даъвои саҳв будани суханони ӯро дорад, вай собит месозад, ки дар қалби ҳамон нафари даъвогар низ хати сиёҳ аст.

Каси дигар бо тахаллуси Воқеъбин гуфтаҳои болоро тақвият дода, зикр мекунад, ки баъди тамошои чунин навор «Эътиқодатон аз баъзе муллоҳо мегардад». Ӯ ин наворро берун аз сиёсат ва сохтаю бофтаҳо дониста, зишткориву беақлии муллоро нишон медиҳад. Воқеъбин мегӯяд: «Даъво мекунанд, ки расм гирифтан гуноҳ аст ва хитоб месозад: лекин алоқаи ҷинсӣ кардан, расм гирифтан мумкин будааст!!!».

Ин мулло ба корҳое машғул шудаст, ки аз мурдории ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Ӯ ба фосиқӣ дода шуда, ҳолати маҳрамонаи ҳамсарашро сабт намуда, расонаӣ кард.

Аслан кори асосии муллоён-соҳибони дин ва шариат аз рӯйи шариат амал кардану ба мардум расонидану фаҳмонидани шариат аст. Инҳо нафаронеанд, ки тавассути шариат оммаро аз роҳи бад боздошта, ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва садди роҳи ҳар бадкоре мешаванд. Вале, вақте худи мулло ба корҳои берун аз шариат даст мезанад, мо ба кӣ бовар кунем? Ба оне ки дар масҷид имоматӣ мекунаду дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба фосиқиву фасод машғул аст ё ба бадмастони дар роҳҳо хобу афтода. Кори ин муллоро ҳатто ягон бадмасти аз худ бехуд намекунад. Ҳоло дар дили чандин муллои ҳаммонанди ӯ оташ афтод. Имрӯз ба масҷидҳо нигаред, аксари муллоҳо камгап шудаанд, чунки онҳо низ ҳамин гуна амал доранд. Кирдори як нафар ҳамнишинашон онҳоро дар ҳайрат гузошт ва ҳам дар амалашон ҳарос пайдо шуд. Онҳо низ метарсанд, ки рӯзе расонаӣ нашаванд.

Як нафар хатмкардаи ким- кадом донишгоҳи исломии хориҷӣ ба ин кор, ки даст зад, аз муллои чаласавод ва бемаълумот чиро метавон интизор буд?!

Муҳаммад Маҷид