Чанд сатр дар бораи вакиле, ки муаллифи ягона гузаргоҳи зеризаминии Кӯлоб аст
Сазовори боварии халқ гардидан бахти бузургест. Ба ин хушбахтӣ касоне сазовор мегарданд, ки бо рафтору кирдори некашон дар дили халқ ҷо гирифта бошанд. Арбоби намоёни сиёсию давлатӣ Ҳикматулло Насриддинов аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Ӯ дар даъватҳои 9, 10, 11 ва 12-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон намояндаи халқ интихоб шудааст. Тайи солҳои 1990 — 1995 номбурда ба ҳайси раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба сиёсати аграрӣ, озуқа ва шуғли аҳолӣ фаъолият дошт.
Ҳамон давра Ҳикматулло Насриддинов аз ҷумлаи фаъолтарин депутатҳо ба шумор рафта, моҳи апрели соли 1992 дар яке аз сессияҳои Шӯрои Олӣ зимни баррасии сабабҳои паст шудани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, чунин гуфт: «Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем, имрӯз (соли 1992) дар соҳаи кишоварзӣ нисбат ба соли 1985 якуним маротиба камтар нуриҳои азотӣ, ду маротиба камтар нуриҳои фосфорӣ истифода бурда мешавад. Ҳол он ки ба замин додани як кило омехтаи нуриҳои азотӣ, фосфорӣ ва калий боиси 15 кило зиёд шудани маҳсулот мегардад… Роҳ додан даркор нест, ки хоҷагиҳо андоз аз арзиши замшударо аз як маҳсулот 2-3 бор диҳанд… Албатта, буҷетро мебояд мустаҳкам кунем, вале на бо роҳи вайрон кардани тамоми хоҷагии халқ. Набояд, ки мо имрӯз аз рӯи мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал намуда, фикри фардоро накунем».
Ҳикматулло Насриддинов, ки аз овони хурдӣ бо замин сарукор дошт, ба қадри заҳмати деҳқон мерасид. Дар суханрониҳояш ҳамеша манфиати кишоварзонро ҳимоя карда, ҷонибдори кам кардани андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақапулии хоҷагиҳои кишоварзӣ буд. Ӯ дар яке аз маърӯзаҳояш чунин иброз намуд: «Дар вақти вохӯриҳо бо меҳнаткашон дар вилоятҳо ва ноҳияҳо бисёрии онҳо мегӯянд, ки яке аз сабабҳои вайроншавии вазъи молиявии хоҷагиҳои деҳот хароҷоти зиёд барои бима (суғурта)-и иҷтимоӣ ва нафақапулӣ мебошад… Пеш аз қабули ин ё он қарор хуб мешуд, ки ба назди мардум мебаромадем, дар мисоли хоҷагиҳои гуногун фаҳмонда медодем, ки ин қарори мо ба онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад ва чӣ гуна натиҷаи ниҳоӣ медиҳад… Ин хел нашудааст, ки деҳқон солиёни зиёд миён хам кунаду пули вайро корхонаи савдо ё бонк кашида гирад. Камтар инсоф ҳам бояд бошад. Дастурхони коркунони савдо, бонк ва мову шумо бо меҳнати деҳқонони одӣ оро меёбад».
Ҳикматулло Насриддинов дар хурдсолӣ аз волидайн ятим монд. Солҳои чилуми асри ХХ бо вуҷуди он ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иқтисодию иҷтимоии мардуми шӯравиро мушкил карда буд, ятимхонаҳо амал мекарданд. Ҳикматуллои хурдсол дар ятимхонаҳои ноҳияҳои Муъминобод, баъд Балҷувон ва шаҳри Норак тарбия гирифт. Соли 1958 пас аз хатми Техникуми ирригатсияю механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Сталинобод (Душанбе) дар Пажӯҳишгоҳи масоили оби Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ҳайси лаборант ба фаъолият оғоз намуд. Донишгоҳи мелиоративии шаҳри Москваро хатм карда, солҳои 1961 — 1966 аввал ба ҳайси сармуҳандис, сипас солиёни зиёд дар вазифаи сардори Раёсати системаи обёрии Фархору Чубек ва ПМК — 17 фаъолият кард. Номбурда ҳамчун мутахассиси мумтоз дар ободонию обёрии заминҳои поёноби Панҷ ва минтақаи Уртабузи ноҳияи Фархор ҳиссаи босазо гузошт.
Дониши мукаммал ва таҷрибаи кориашро ба назар гирифта, Ҳикматулло Насриддиновро сардори Сарраёсати сохтмони асосии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъин карданд. Солҳои 1971-1973 дар ин вазифаи пурмасъул фаъолият дошт. Солҳои 1973-1980 ҳамчун сардори Шуъбаи хоҷагии обу сохтмони деҳоти мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар азхудкунии водию даштҳои Ёвону Обикиик, Файзободу Тоҷикобод, Айнию Қизилӣ, Маҳраму Панҷакент ва ғайра саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1980, вақте ки Ҳ. Насриддинов вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ таъин шуд, Тоҷикистон ҳосили рекордӣ — як миллион тонна пахта истеҳсол намуд.
Ӯ солҳои 1980 — 1983, 1986 — 1990 дар ин вазифаи пурмасъулият кор карда, дар обёрии ҳазорон гектар замини ташналабу бекорхобида саҳм гузошт. Мутаассифона, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи азхудкунии дашти Қародум дар ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) ва Ашти Калон дар вилояти Суғд амалӣ нашуд.
Соли 1990, вақте ки Ҳикматулло Насриддиновро аз ҳавзаи интихоботии Ҷамоати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ номзад ба депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон пешбарӣ карданд, зимни мулоқот аз ҷониби мардум пешниҳод шуд, ки барои бехатар убур кардани шоҳроҳи мошингарди Восеъ — Кӯлоб гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шавад. Бо ташаббуси қаҳрамони матлаб баҳори соли 1990 дар деҳаи Тугарак гузаргоҳи зеризаминие бунёд гардид, ки то ҳол дар вилояти Хатлон ягона аст.
Узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқи журналистон Раҳматулло Шералиев дар ин хусус чунин гуфт: — Аз соли 1979 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Восеъ ҳамчун омӯзгор фаъолият мекардам. Дар ёд дорам, ки таҳхонаҳои мактаб ва идораи хоҷагии ба номи Томин доимо пур аз оби гандида буд ва ҳамеша бӯи нохуш ба атроф паҳн мешуд. Азбаски тахтаҳои фарши синфхонаҳову идораи хоҷагӣ аз намии зиёд мепӯсиданд, лозим меомад, ки ҳар ду — се сол онҳоро иваз намоянд. Пас аз он ки роҳи зеризаминӣ ба истифода дода шуд, ба шарофати он бӯи заҳ ва намии таҳхонаҳои мактабу идораи хоҷагӣ ба куллӣ аз байн рафт.Чуқурии дренаж (обпарто)- и ин гузаргоҳ 6-7 метр буда, дарозии обпарто зиёда аз 700 метрро ташкил медиҳад. Маълум шуд, ки бо усули кандани обпарто сатҳи оби зеризаминӣ паст мешудааст. Ҳикматулло Насриддинов ҳамчун гидромелиоратор ин нозукиро ба хубӣ дарк намуда буд.
Дар ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор аз сабаби заҳнок будани аксар замин дарахтон хуб инкишоф намеёбанд ва дар бисёр хонаҳо ҳамеша бӯи нам эҳсос мешавад. Агар ташаббуси Ҳ. Насриддиновро пайравӣ карда, дар мавзеъҳои обҳои зеризаминиашон баланд заҳбурҳои зеризаминӣ меканданд, ҳам дарахтон аз хушкшавии бармаҳал эмин мемонданд ва ҳам ҳосили зироатҳо афзун мешуд.
Собиқ депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аз ҳавзаи интихоботии Чузӣ №54-и ноҳияи Ҳисор, узви зеркомиссияи низомии Комиссияи оштии миллӣ Абдуманнон Абдураззоқов хотираҳояшро дар бораи Ҳикматулло Насриддинов чунин баён кард: «Соли 1986 дар давраи вазири меолиоратсия ва хоҷагии об будани Ҳ. Насриддинов дар ноҳияи Ҳисор сохтмони Корхонаи таъмири насосҳои обкаш ва таҷҳизоти гидромеханикӣ оғоз гардид. Он вақт сардори шуъбаи корҳои ташкилии Кумитаи ҳизбии ноҳия будам. Корхонаи мазкурро Колоннаи механиконишудаи №18 (сарвараш мутахассиси кордон Қодир Алиев), ки тобеи ҳамин вазорат буд, эъмор мекард. Рафти сохтмон аз ҷониби Ҳ. Насриддинов назорат мешуд ва он кас бо Кумитаи ҳизбии ноҳия ҳамкории зич доштанд. Шиносоии мо аз ҳамон давра оғоз ёфт.
Соли 1989 маро бо роҳхати Кумитаи иҷроияи депутатҳои халқи ноҳияи Ҳисор ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ ба кор фиристоданд. Маро муовини роҳбари Дирексияи муттаҳидаи сохтмонҳои мелиоративӣ, ки фармоишгари асосии корхонаи сохташудаистода маҳсуб меёфт, таъин намуданд. Ҳ. Насриддинов дар назди ман вазифа гузошт, ки бо дастгирии вазорат дар заминаи заводи мазкур корхонае таъсис дода, истеҳсоли таҷҳизоти ба он заруриро ба роҳ монем. Ҳамон сол бо фармони вазир Коргоҳи таҷҳизоти фулузот дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфту маро директори он таъин намуданд. Бо ташаббуси Ҳ. Насриддинов ҳамроҳи 12 мутахассиси маҳаллӣ ба шаҳри Сумии Ҷумҳурии Украина барои таҷрибаомӯзӣ дар самти таъмири насосҳои азими обкаш бо сафари хизматӣ рафтем».
Бинобар сабаби канда шудани робитаҳои иқтисодӣ, якчанд маротиба ивазшавии роҳбарони вазорат сохтмони ин корхонаи барои ҷумҳурӣ муҳим тӯл кашид. Соли 1997 ба Корхонаи таҷҳизоти обкашии Ҳисор имкон фароҳам омад, ки аз рӯи таъинот фаъолият карда, соле то 250 насоси чоҳи амудиро таъмир намояд. Ҳоло дар заминаи заводе, ки мебоист насосҳои обкашии хоҷагии оби ҷумҳуриро таъмир мекард, баъди хусусигардонӣ (соли 2012) қубурҳои росткунҷаи андозаҳои гуногуни фулузӣ ва шиферҳои бомпӯши асбестӣ истеҳсол шуда истодааст. Яъне, дастовардҳои имрӯзаи корхонаи мазкур аз талошу заҳмати Ҳикматулло Насриддинов сарчашма мегирад.
Аълочии соҳаи мелиоратсия ва хоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳикматулло Насриддинов дар тӯли 83 соли умри бобаракаташ ба халқу диёр хизмати шоён намуда, бо як қатор ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Зиндагиномаи чунин афрод барои насли имрӯза намунаи ибрат мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»