Дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз шадидтарин ва серталафоттарин набардҳо муҳорибаи Сталинград ба шумор меравад. Он 200 шабонарӯз давом карда, соҳили дарёҳои Дону Волга, шаҳри Сталинград ва атрофи онро аз 400 то 850 километр дар бар гирифт. Гитлерчиён нақша доштанд, ки тавассути ғасби Сталинград ба заминҳои ҳосилхези Дон, Кубан, Қафқози Шимолӣ ва Поволжеи Поён даст ёфта, Қафқоз ва манбаи асосии нефти Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шаванд. Он замон қариб 70 фоизи сӯзишвории ИҶШС (СССР) — ро Озарбойҷон таъмин мекард. Дар оғози амалиёт (17 июли соли 1942) шумораи низомиёни шӯравӣ 386 000 нафар ва душман 430 000 нафарро ташкил медод.
Дар қатори Армияи 6-уми Германия, ки ба он генерал — полковник Ф. Паулюс роҳбарӣ мекард, армияи иттифоқчиёни Германия, аз қабили Руминия, Венгрия, Италия, Хорватия ва ихтиёриёни Финландия низ ба ҷабҳаи Сталинград ҳамла карданд. Фашистон умед доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ Сталинградро ишғол намуда, ба самти Қафқоз ҳаракат мекунанд, вале матонату ҷасорат ва муттаҳидии ҷанговарони шӯравӣ душмани аз лиҳози неруи ҷисмонӣ ва техникӣ бартаридоштаро мағлуб кард. Дар қатори намояндагони дигар халқҳои шӯравӣ тоҷикон низ дар муҳориба ҷасорати беҳамто нишон доданд. Яке аз онҳо Рашид Каримов мебошад.
Ӯ соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфта, соли 1934 синфи 7-ро тамом карда, се моҳ дар курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ таҳсил намудааст ва то соли 1942 дар деҳаҳои Дарозӣ ва Чағатайи ноҳияи Ҳисор омӯзгор будааст. Соли 1942, баъди чанд муддат дар шаҳри Самарқанд машқи низомӣ дидан, Рашид Каримову ҳамроҳонашро ба Ҷабҳаи Сталинград фиристоданд. Он вақт фашистон ба шаҳри Сталинград ворид шуда буданд.
- Барои ҳар як ваҷаб замин муборизаи шадид мерафт, — рӯзҳои даҳшатнокро ба ёд оварда мегӯяд Рашид Каримов. — Душман бо ҳавопаймо шаҳрро бомбаборон, сипас бо артиллерия тирборон карда, ба ҳуҷум мегузашт. Барои баргардонидани ҳамла аз заминкану хандақ, роҳравҳои зеризаминӣ истифода бурда, ба душман ҳуҷуми ғофилгир мекардем. Ҳамон сол фармони №227- и Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР Иосиф Сталин баромад, ки дар он таъкид мешуд: «Як қадам ҳам ақибнишинӣ мумкин нест». Танҳо дар атрофи Қӯрғони Мамаев зиёда аз 2 моҳ ҷанг идома ёфт.
Рашид Каримов мегӯяд, ки ҷанговарони шӯравӣ ба ҳамдигар мисли бародар буданд. Сокинони Сталингради 400000 нафара, ки то оғози набард 100000 нафарашро кӯчонда буданд, ба ҷанговарон дар кандани хандақ ва сохтани баррикада ёрӣ мерасониданд. Паҳлу ба паҳлуи низомиён истода, ба фашистон оташ мекушоданд. Шаҳр дар натиҷаи аз даст ба даст гузаштан ва бомбаборонкунии фашистон ба харобазор табдил ёфт.
20 ноябри соли 1942 ҷанговарони далери шӯравӣ ба ҳуҷуми қатъӣ гузашта, душманро ба масофаи 20 — 30 километр ба ақибнишинӣ маҷбур карданд. Дар натиҷаи бомуваффақият гузаштани амалиёти «Ҳалқа» 23 ноябр дар наздикии шаҳраки Распопинский 27000 нафар сарбозу афсари румин ба иҳота афтода, таслим шуданд. Ин амалиёт ҷанговарони шӯравиро рӯҳбаланд кард. Фармондеҳони шӯравӣ тактикаи бо суръати тез душманро ба муҳосира гирифтану нобуд сохтанро ба кор бурданд. Дар натиҷа, 31 январи соли 1943 армияи 6 — уми Германия бо генералу афсарони ситодаш таслим шуд. Баъди ду рӯз боз 40000 нафар сарбозу афсари фашист бо роҳбарии генерал Штреккер таслим шуданд. Дар маҷмӯъ, 91 ҳазор нафар, аз ҷумла 2500 афсар ва 24 генерали фашист дар муҳориба асир афтоданд.
Рашид Каримову ҳамяроқонаш баъди озод шудани Сталинград ба самти шаҳри Ростови лаби Дон ҳаракат карданд. Зимни аз дарёи Дон гузаштан Р. Каримов аз паси гӯшаш захмӣ шуд. Ӯро дар қатори дигар захмиён тавассути киштӣ ба Беморхонаи низомии Камишинои Горкий бурда, косахонаи сарашро кушода, оҳанпораро гирифтанд. Баъди се моҳи муолиҷа Рашид Каримов дар ҳайати полки 204 — уми зиддитанкӣ барои озод кардани шаҳри Иваново ба майдони ҷанг рафт. Ӯ дар озод намудани шаҳрҳои Киеву Воронеж, Лвову Киров, Житомир низ иштирок кардааст. Дар хоки Украина дубора захмӣ шуда, баъди се моҳи муолиҷа боз ба майдони набард рафт ва хабари хуши Ғалабаро дар шаҳри Прага — пойтахти Чехославакия шунид. Баъди панҷуним моҳ дар амалиёти барқароркунӣ иштирок намуда, сипас ба Беларус рафт. Моҳи ноябри соли 1945 ба зодгоҳаш баргашт.
Баъди ҷанг Рашид Каримов қариб 30 сол раисии хоҷагии овозадори «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Ҳисорро ба уҳда дошт.
Хизмати ӯ дар таъсиси осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» хеле зиёд аст. Имрӯз ин пири нуронӣ 105 — сола буда, гули сари сабади маҳфилҳост. Худро бардаму болидарӯҳ эҳсос мекунад. Хонааш ягон рӯз бе меҳмон нест.
- Шукри Худо мегӯем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гул — гул шукуфта истодааст, — мегӯяд Рашид Каримов. – Роҳбари давлат дар қатори ривоҷу равнақ додани иқтисодиёти кишвар ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории зиёд мекунанд. Дасти дуо бардошта орзу мекунем, ки Тоҷикистон тинҷу осуда ва дар ҳама соҳа пешрафта бошаду шуҳрати офоқ гардад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»