12 май - Рӯзи Шашмақом

Фурқати Саид: «Шашмақом навпардозӣ мехоҳад!»

№51 (3688) 11.05.2017

ФуркатШашмақом мусиқии суннатии мардуми мост. Таронаҳои он дар бораи ишқу ирфон аст, ки ормонҳо ва умеди миллати моро дар созу сурудаҳо таҷассум кардааст. Дар бораи ҷойгоҳ ва нақши ин мусиқии безавол бо сарвари Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқати Саид суҳбате оростем.

ШАШМАҚОМ - «ШОҲНОМАИ МУСИҚӢ»

- Соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ансамбли «Шашмақом» -и ба номи Фазлиддин Шаҳобов додани мақоми давлатӣ баромад. Аз замони содир шудани он фармон 17 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат чӣ пешравию таҳавуллот дар шашмақомсароӣ ва омӯзиши он ба вуҷуд омад?

- Ин Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буд ва дасту дили аҳли ҳунар – мутрибону муғаниён ва мусиқишиносонро боз ҳам гармтар намуд. Боис гашт, ки китобҳо дар бораи Шашмақом, адвори ин шоҳкорӣ бо таҷдиду назари нав аз чоп барояд. Ҳамчунин дар мамлакат ансамблҳо ва студияҳои мақомсароӣ арзи ҳастӣ карданд. Дар нақшаҳои таълимии мактабҳои мусиқӣ омӯзиши Шашмақом ба роҳ монда шуд. Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов низ фаъолияти самаранокро ба роҳ монд ва ҳамасола бо барномаҳои наву рангин табъи мухлисонро шод мегардонад.

- Шашмақомро мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ низ мегӯянд. Далел ва сарчашмаи ин унвонҳо аз куҷост?

- На ҳар суруд, на ҳар мусиқӣ шӯри анҷуман мегардад. Дар адабиёт ҳам давоми ҳазор сол асарҳои зиёде эҷод шуданд. Аммо «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз шоҳкорҳое ҳастанд, ки назир надоранд. Дар «Шоҳнома» армонҳои дили мардуми мо таҷассум ёфтааст. Далерӣ, ҷасурӣ, ватанпарварӣ, ишқ, муҳаббат, муборизаи некиву бадӣ… мафҳумҳое ҳастанд, ки асоси ин асари безаволро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Шашмақомро «Қуръон»-и мусиқӣ мегӯянд.  Ибораи «Шоҳномаи мусиқӣ» барои ман гиромӣ аст зеро дар мақомҳо он қадар номаҳои ҷонгудози ошиқона, фарёди дилҳо аз тохтутози бодиянишинон, нағмаҳои зиндагии ҷовидона… вуҷуд дорад, ки дили равшанзамиронро ба ларза меорад. Миллати мо ба воситаи созҳои мусиқӣ ҳастии худро инъикос кардааст.

- Айни ҳол ансамбл дар чӣ шароит фаъолият дорад?

- Солҳои аввал аз надоштани сози танбӯр, ки асоси Шашмақом аст, танқисӣ мекашидем ва танбӯрии хуб ҳам кампайдо буд. Барои амалӣ сохтани барномаҳо аз ҷои дигар навозандаву сарояндаҳоро даъват мекардем. Хушбахтона, имрӯз 30 нафар дар ансабли Шашмақом ба сифати сароянда ва мутриб фаъолият доранд. Ҳунаристонҳои олии мусиқӣ низ замзамапардозони созҳои мусиқии суннатӣ ва  сарояндагонро барои мо омода месозанд. Тариқи озмунҳо санъаткоронро ба ансамбл ҷалб месозем.

- Нақши ҷавонони шашмақомсаро дар густариши ин мусиқии безавол чӣ гуна аст?

- Дар ансамбли мо аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Соли ҷавонон тасмим гирифтем, ки бештар ба онҳо такя кунем ва дар барномаҳои консертӣ ҳунари навозандагиву сарояндагияшонро манзури мухлисон гардонем.

 АЗ ДУВОЗДАҲМАҚОМ ТО ШАШМАҚОМ

- Агар ба таърихи Шашмақом назар андозем, симоҳои барҷастаеро мебинем, ки барои инкишофи он хидматҳо кардаанд, барои ба завқи шунаванда созгор намудани он заҳматҳо кашидаанд. Имрӯз дар ин замина чӣ корҳо анҷом дода мешавад?

- Дунё босуръат дигаргун мешавад, ҳатто арзишҳо тағир меёбанд. Шашмақом мусиқии класикӣ аст, на ҳар кас метавонад вориди он гардаду даркаш созад.

Дар замони шӯравӣ Шашмақомро ба нақшаҳои таълимии омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ворид намекарданд. Мегуфтанд, ки агар хоҳед аз худ намоед, ихтиёр дар дасти шумост. Бештар мусиқиҳои аврупоӣ таблиғ мешуд. Бинобар ин, кам-кам завқу меҳри мардум нисбат ба он коста гардид. Аммо дар кишварҳои дигар, масалан,  Озарбойҷон дар замони шӯравӣ мусиқии суннатиашон хеле рушд кард. Онҳо санъати худро соҳибӣ карданд, нотарсона аз он дифоъ намуданд. Дар Тоҷикистон бошад, ҳамон вақт Шашмақомро тавассути расонаҳо мусиқии дарборӣ, зараррасон эълон намуданд. Аммо буданд нафароне, ки барои побарҷо монданаш ҷонбозиҳо карданд.

- Шашмақом аз шаш мақом иборат аст ва ҳар мақоме номе дорад. Ин мақомҳо ба ҳам чӣ иртиботу фарқияте доранд?

- Шашмақом дар асоси сози танбӯр ва пардаҳои он таъсис шуда, асоси он сози танбӯр ва усул (даф) мебошад. Агар  бигӯем, ки «Сарахбори бузрук», сарахбор номи зарб аст, бузрук номи парда. Соқинома номи зарб дугоҳ номи парда, Уфар номи зарб, сегоҳ номи пардаи танбӯр…

Аз рӯи имкониятҳои пардаи танбӯр устодони мо шаш мақом эҷод кардаанд. Агар имкониятҳои танбӯр фарохтар мебуд, шояд мақомҳо ҳам бештар мешуданд.

Мегӯянд, ки дар ибтидо дувоздаҳмақом буду оҳиста-оҳиста ба Шашмақом мубаддал гашт. Ман ба ин андеша розӣ нестам. Дувоздаҳмақом бо сози уд, ки парда надорад, навохта мешуд на танбӯр, ки хоси Шашмақом аст.

ЯҲУДИЁН ВА ШАШМАҚОМ

- Яҳудиҳо барои рушд ва таблиғи Шашмақом хидматҳои арзишманд кардаанд. Онҳо ба ҳар гӯшаи дунё, ки рафтанд Шашмақомро бо худ ба армуғон бурданд ва дар таблиғи санъати миллии мо ҳиссаи бузург гузоштанд. Дар ин хусус чӣ назар доред?

- Шашмақом, умуман мусиқӣ дар тӯли таърих аз таассуб ҳам озор дидааст. Аҳрор Мухторов дар китоби «Мероси ниёгон» менависанд, ки Аврангзеб ҳама ҳунармандонро аз дарбор меронад. Санъаткорон барои доди худро ба гӯши шоҳ расонидан тобуте месозанд ва бо доду фиғон аз назди қаср мегузаранд. Аврангзеб берун мебарояду мепурсад, ки дар даруни тобут кист? Мегӯянд, ки мо ҳунарро ба гӯр мебарем. Шоҳ бо ғазаб дастур медиҳад, ки чуқуртар гӯраш кунед, ки садояш набарояд.

Дар Бухоро дар замони амир Нас­рулло низ ҳамин кор рух дод. Вай қонун баровард, ки дар Бухоро мусалмонон ҳаққи суруд, аз ҷумла Шашмақом хондан надоранд. Ҳар мусалмоне суруд хонаду ба даст афтад, бори аввал ҷарима мешавад, бори дуввум дарра мезананд, бори саввум ба дор мекашанд.

Чун устодони санъат хомӯширо ихтиёр карданд, яҳудиён даст ба кор шуданд ва шашмақомро аз онҳо омӯхтанд. Ҳар куҷое садои Шашмақом баланд мешуд, навкарони шоҳ он ҷо мерафтанд ва медиданд, ки яҳудӣ, ғайримусулмон аст, ҷавоб медоданд. Ҳамин тавр, паҳлу ба паҳлуи устодони мо Шашмақомро рушд доданд. Онҳо  эҷод намекарданд, танҳо иҷро менамуданд.

Чанд рӯз пеш аз Амрико омадам. Яҳудиёни он ҷо фестивали байналмилалии шашмақомсароиро бахшида ба садсолагии Нерё Аминов баргузор карданд. Он ҷо писари Нерё Аминов мактаби мақомсароӣ — студияи кӯдакона кушодааст. Барномаи консертӣ се соат идома ёфт. Онҳо аз созҳои барқӣ истифода мебаранд. Бо вуҷуди дар шеър иштибоҳ кардан Шашмақомро олӣ иҷро мекунанд.

Бо забони мо рӯзномаҳо мебароранд. Он чорабиние, ки мо иштирок кардем, ба забони тоҷикӣ гузашт.

 ШАШМАҚОМ - ШОҲКОРИИ НАҶОТБАХШ

- Дар шоҳкории мусиқӣ будани Шашмақом ҷои шакку тардиде нест, аммо рисолати он дар чӣ зоҳир мешавад?

- Агар дари суруду мусиқиро ба рӯи инсонҳо бипӯшем, дар як сол садҳо ҳазор одам ба бемориҳои вобаста ба асаб гирифтор мешаванд. Роҳгардӣ, дилзанӣ, сухани мо зарби мусиқӣ аст.

Ривоят мекунанд, ки Абӯалӣ Сино баъзе беморони худро бо мусиқӣ табобат мекард.

Аз рӯзгори Содирхони Хуҷандӣ то ба мо қиссае расидааст. Вақте Содирхон ба авҷи ҳунар мерасад ва садои ҷонбахшояш ба дили мухлисони бешумор роҳ меёбад, нотавонбинон барои аз байн бурданаш қотилеро аз маҳбас озод мекунанд. Ба ӯ маблағ медиҳанд, ки Содирхонро аз байн бардорад. Вай шабона ханҷар дар даст ба хонаи ҳофиз меояд ва интизори лаҳзаи барояш мувофиқ меистад.

Содирхон аз кадом базме меояд ва болои суфаи хонааш менишинад, чароғро равшан мекунад ва ба сурудани таронае, ки имрӯз бо номи «Дилхироҷи Содирхон» машҳур аст, оғоз мекунад:

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,

Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.

Бо шунидани ин тарона лаҳза ба лаҳза дили қотил мулоим мешавад, фараҳе тамоми баданашро фаро мегирад, тамоми бадиҳо аз дилаш бадар мегардад. Назди Содирхон меояд, таъзим мекунад ва мегӯяд:

- Ман барои куштани ту омада будам, аммо бо шунидани садои хуш ва таронаи ҷоншикорат аз ниятам даст кашидам. Ҳайф донистам, ки чун ту инсонеро аз байн бардорам…

Таъсири суруду мусиқӣ ба ҳадде муассир аст, ки ҳатто дили қотили бераҳмро низ об месозад ва ӯро ба сӯи хубиҳо ҳидоят менамояд. Яъне мусиқӣ ҳар номуродро ба кӯи мурод мерасонад.

- Дар баробари муваффақиятҳо шояд мушкилӣ низ доред?

- Чизи асосӣ барои ҳунарманд дастгириву озодист. Мо дастгирӣ ҳам дорем, озодӣ ҳам. Шашмақом дар гузашта мавқеи устувор дошт. Бо омадани жанрҳои нав ба мисли эстрада, симфония, опера…Шашмақом ба бархурди ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Танҳо зиёиҳо ба Шашмақом рӯ овардаанд ва Шашмақом ҳам моли нафарест, ки онро дӯст медораду мефаҳмад.

Мо меросхӯр нестем, меросбарем. Дар назди миллат масъулият дорем. Бояд ба ояндагон Шашмақомро поку беолоиш, бо танзим ва  такмили дигар мерос гузорем, ки ба завқи онҳо созгор ояд.

- Барои суҳбат ташаккур!

 Суҳбаторо ВОРИС,

«Садои мардум»